Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи саводи аҳолиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд. Мардум босавод шудаанд, ё камсавод? ВИДЕО


8-уми cентябр рӯзи байнулмилалии савод аст. Ин сана имсол ба шароите рост омад, ки бархе аз волидон фарзандони худро бо тарсу ҳарос барои донишомӯзӣ ба мактаб мебаранд.

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, пандемияи COVID-19 ба вазъи донишомӯзӣ дар кишвар таъсир гузоштааст, вале дар маҷмуъ низоми таълим ва сатҳи саводи донишҷӯёну хонандагони мактабҳо нисбат ба солҳои пеш беҳтар шудааст. Бархе аз коршиносон, баръакс, мегӯянд, сатҳи саводи аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон дар кишвар дар муқоиса ба солҳои гузашта поин рафтааст.

Ҷалолиддин Амиров, як масъули Вазорати маориф, рӯзи 8-уми сентябр гуфт, пажӯҳиши Академияи таҳсилот нишон додааст, ки сатҳи саводнокии хонандагони мактабҳо боло рафта, беш аз 90 дарсадро ташкил медиҳад.

Ӯ дар посух ба суоли ин ки аз назари онҳо шахси босавод кист, ҷавоб дод: "Нафарест, ки ба ҷуз аз забони модарии худ як забони хориҷиро медонад, бо техникаву технологияи муосир ошно аст, аз шабакаи Интернет истифода мебарад, дар бораи ҷаҳони имрӯз тасаввурот дорад."

Ҷалодиддин Амиров
Ҷалодиддин Амиров

Мусоҳиби мо афзуд, ҳангоми гузаронидани пажӯҳиш чунин меъёрҳо, ки дар таърифи як инсони босавод гуфтанд, ба назар гирифта шудааст.

Бархе аз таҳлилгарону омӯзгорон натиҷаҳои ин пажӯҳишро дур аз воқеият медонанд ва таъкид мекунанд, ки ҳоло вазъи таълиму донишомӯзӣ дар мактабҳои кишвар нигаронкунанда аст.

Як омӯзгори ботаҷрибаи мактаби миёна дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ченаки босаводӣ, агар хондану навиштан бошад, бештари хонандагон аз ин бархурдоранд, вале аксари хонандаҳо аз технологияи муосир, аз ҷумла истифодаи компютер огоҳӣ надоранд ва донандаи забонҳои хориҷӣ низ каманд.

"Синфхонаи компютерии дуруст вуҷуд надорад, чанд компютере аст, ба ном дар як синфхона мондаанд, ки дуруст кор намекунанд. Дарсҳои амалӣ низ сурат намегирад. Баъзе аз бачаҳое, ки забони англисиро каму беш медонанд, дарсҳои иловагӣ гирифтаанд. Бачаҳо ба китобхонӣ чандон завқ надоранд, аз ҳар синф чанд нафар фаъол асту бас. Мо талош мекунем, мактаббачаҳо ояндаи дурахшони худро дар омӯзиши илм бубинанд, вале чунин намешавад. Баъзеяш мегӯяд, фалонӣ хонд, куҷоро гирифт, кор наёфт ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт", -- нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Таҷлили Рӯзи байналмилалии савод дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:54 0:00

Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар маҷмӯъ сатҳи донишу савод дар Тоҷикистон хеле поин рафтааст ва барои рушди он низоми маориф ба ислоҳоти фарогир ниёз дорад.

Иршод Сулаймонӣ
Иршод Сулаймонӣ

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, бояд низоми таҳсилотро аз инҳисор ва ё монополияи давлатӣ берун кард ва ба донишгоҳҳову мактабҳои хусусӣ иҷозат дод, то дар низоми донишомӯзӣ рақобат ба вуҷуд биояд: "Бояд ба мактабҳои хусусӣ сабукиҳои молиётӣ ё андоз дода шавад, то фаъолияташонро беҳтар ба роҳ монанд, барои беҳтар намудани вазъи саводомӯзӣ талошҳое, ки то ин дам шудааст, мутаассифона натиҷаи хуб надодааст ва сол аз сол натиҷаҳо бадтар ҳастанд."

Дар Вазорати маориф гуфтанд, ҳеч гуна монополия ва маҳдудияте дар фаъолияти мактабҳои хусусӣ вуҷуд надорад. Ба қавли масъулони ниҳод, шароити кор ҳамонгунае, ки барои мактабҳои давлатӣ фароҳам шудааст, барои мактабҳои шахсӣ низ чунин аст.

Норасоии мактабу омӯзгор, сатҳи касбияти муаллимону маоши пасти онҳо, рушди фасоду зоҳирпарастӣ дар мактабҳо, мушкили пайдо намудани кори муносиб ва вазъи иқтисодии хонаводаҳо аз омилҳое ҳастанд, ки ба назари бархе аз коршиносон барои донишомӯзии насли ҷавон таъсир гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Вазорати маориф мегӯяд, барои беҳбуди низоми таълим дар кишвар талошҳои зиёде намудаанд, набояд онҳоро нодида гирифт. Тибқи иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар кишвар беш аз 200 мактаби нав сохта шуда, зиёда аз 120 хонанда аз мактабҳои кишвар дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби медали нуқра ва тилло шудаанд.

Хонандагони яке аз мактабҳо дар Душанбе
Хонандагони яке аз мактабҳо дар Душанбе

Ҳарчанд Вазорати маориф бо анҷоми санҷишу пажӯҳишҳо мегӯяд, вазъи донишомӯзӣ дар мактабу донишгоҳҳо беҳтар шудааст, дар мавриди вазъи саводнокии сартосарӣ дар кишвар дар даҳ соли ахир ҳеҷ пажӯҳише аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ сурат нагирифтааст.

Оҷонси омори Тоҷикистон мизони саводнокии мардумро бори охир соли 2010 дар пайи барӯйхатгирии аҳолӣ муайян намуда буд. Бар асоси он пажӯҳиши оҷонсӣ 99,8 дарсади аҳолӣ дар кишвар саводнок ва ҳамагӣ 0,2 дарсад бесавод будаанд. Он замон ченаки муайян намудани саводнокии аҳолӣ хондану навиштан буд, ки аз чунин шева кор гирифтан боис ба баъзе вокунишҳо низ гардид.

Дар Оҷонси омори Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо гузашти даҳ сол, имсол дар назар аст ҳангоми маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ сатҳи саводи сокинон бори дигар муайян карда шавад. Дар ин ниҳод гуфтанд, ин навбат ба мисли гузашта барои муайян намудани саводнокии аҳолӣ аз сокинон пурсида мешавад, ки хондану навишта метавонанд ё не.

Мунира Иноятова, вазири собиқи маорифи Тоҷикистон, дар як суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар воқеъ имрӯз аксарият дар Тоҷикистон хонда ва навишта метавонанд, аммо дар асри 21 дигар набояд ченаки саводнокӣ танҳо доштани хатту савод бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бояд ченаки саводнокӣ тағйир ёфта, меъёрҳои муҳими дигар, ки барои омода кардани як инсон ба ҳаёт муҳим аст, дар он ба назар гирифта шавад.

Ба андешаи коршиносон, хондану навиштан ҳанӯз маънии босаводу донишманд буданро надорад ва мафҳуми босавод будан мазмуни васеъро дорад, ки дар баробари хондану навиштан аз ҷумла сатҳи огоҳиву фикрронӣ, соҳибкасб буданро низ бояд ба инобат гиранд. Ҳарчанд масъулони маорифи кишвар мегӯянд, ҳоло дар умум сатҳи донишу саводнокии сокинон беҳтар шудааст, коршиносони мустақил ба ин назаранд, ки сатҳу сифати дониши аҳолӣ дар муқоиса ба замони Шӯравӣ поин рафтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG