Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддимонополӣ: Нархи таҳсил дар аксар донишгоҳҳо "баланд" аст. ВИДЕО


Баъди ду соли таҳсил дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Файзалӣ умеди пизишк шуданро аз даст дод. Имсол ба далели напардохтани пули шартнома аз донишгоҳ хориҷ шуд ва ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунад.

  • Файзалӣ бо орзуи табиб шудан аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба Душанбе омада буд ва маблағи солонаи таҳсилаш 9 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 1000 долларро ташкил медод.
Бояд таҳқиқ шавад, ки ин қадар пулро чӣ гуна харҷ мекунанд? Сатҳи саводи донишҷӯ чӣ гуна аст? Оё бо таҷҳизот ва васоили зарурӣ таъминанд?

"Аз донишгоҳ хориҷ карданд"

"Бародарам, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия аст, ҳар сол пули таҳсилро мефиристод. Имсол зӯраш нарасид. То сессияи зимистона мӯҳлат доштам. Пул наёфтам ва фармони хориҷ шуданам содир шуд", - нақл кард ӯ рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Файзалӣ барои заҳматҳои дусолаи таҳсилаш афсӯс мехӯрад ва мегӯяд, бисёр мехоҳад имкони беҳтари молӣ дошта бошад, то дубора дар донишгоҳ барқарор шавад.

Ҳамроҳ бо ин ҷавон як ҳамсабақи дигараш ҳам ба ин далел аз таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ маҳрум шудааст. Донишгоҳи тиббӣ яке аз мактабҳои олии бонуфуз ва "сермуштарӣ"-и Тоҷикистон аст. Нархи шартномаи таҳсил дар ин донишгоҳ дар муқоиса бо бисёре аз муассисаҳои дигари олӣ гаронтар дониста мешавад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон: Арзон ё гарон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Донишгоҳҳои гароннарх кадоманд?

Як санҷиши Хадамоти зидиинҳисорӣ ё зиддимонополии Тоҷикистон, ки моҳи феврали имсол анҷом шудааст, харҷи таҳсил дар аксар донишгоҳҳои олии кишварро "баланд" арзёбӣ кардааст.

Ҳар муассисае, ки ба феҳристи "донишгоҳҳои гароннарх" ворид шудааст, бояд собит кунад, ки чаро чунин нарх дорад ва оё шароит ва сифати таълим ба талабот ҷавобгӯ аст ё не. Дар акси ҳол, ба гуфтаи масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, нархномаҳо бозбинӣ хоҳанд шуд.

Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 2 ҳазор сомонӣ то 18 ҳазор сомонӣ ё муодили аз 200 то 2000 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Нархномаи нави баъзе донишгоҳҳои кишвар, ки барои соли 2019-2020 ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод шудааст, то 15-20 дар сад аз шартномаи қаблӣ баланд будааст.

Масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз баланд будани нархи хадамот дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи молия ва иқтисод, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи техникӣ дар Хуҷанд, Донишгоҳи кишоварзӣ ва чанд мактаби олии дигар хабар додаанд.

"Бояд вазъи иҷтимоии мардумро ба назар гиранд"

Мақомоти Хадамоти зиддимонополӣ мегӯянд, зимни таҳияи нархномаи таҳсил бояд сатҳи зиндагии мардум ба инобат гирифта шавад ва он набояд ғайривоқеӣ боло бурда шавад.

Наргис Ёдгорӣ
Наргис Ёдгорӣ

Наргис Ёдгорӣ, як масъули Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "хидматрасонии пулакӣ барои донишҷӯён ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсир мерасонад. Вақте нархи таҳсил беасос боло бурда мешавад, барои донишҷӯён мушкил пеш меорад."

Раҷабалӣ Маҳсиддинов, корманди раёсати ҳимоя ва рақобати хадамоти зиддиинҳисорӣ, мегӯяд, дар аксар ҳолат муассисаҳои таълимӣ бо пеш овардани хароҷоти худ, пешниҳод мекунанд, ки арзиши таҳсили пулакӣ то 20 дар сад боло бурда шавад. Аммо ин дархост на ҳамеша аз сӯйи хадамот қонеъ карда мешавад.

Таҳсили пулакӣ - барои 54 ҳазор нафар

Бар асоси муқаррарот, нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон вобаста ба талабот ба он ва хароҷоти муассиса муайян мешавад. Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҳар сол зимни пешниҳоди боло бурдани нарх, боло рафтани нархи нерӯи барқ ва хидматрасониҳои алоқаву коммуналӣ ва маоши омӯзгоронро далел пеш меоранд.

Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон беш аз 70 дар сади донишҷӯён тариқи шартнома таҳсил мекунанд. Беш аз 70 ҳазор ҷое, ки барои қабули довталабон дар соли нави таҳсил ҷудо шудааст, 54 ҳазор ҷой барои таҳсили пулакӣ ва ҳудуди 20 ҳазор ҷой ройгон ваё дар риштаҳои будҷавӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳолатҳои таъхир дар пардохти қимати таҳсил аз ҷониби донишҷӯён барои ҳама донишгоҳҳо хос аст. Бисёре аз муҳассилон харҷи таҳсилро аз ҳисоби наздикони муҳоҷирашон ваё аз ҳисоби қарзи бонкӣ мепардозанд.

"Дар даҳон дандон намондааст, аммо..."

Саломатиам хуб нест. Дар даҳон ягон дандон намондааст. Аммо бояд бачаҳоро хононам. Маҷбур ҳастам, ки ба хотири ояндаи онҳо кор кунам

Сайвалӣ Назаров, сокини шаҳри Душанбе, ду фарзанди донишҷӯ дорад. Ӯ гуфт, дар баробари таъмини хонаводаи бузургаш, бояд ҳар сол ҳудуди 2500 доллар пули шартномаи таҳсили донишгоҳҳоро низ пардохт кунад.

Назаров бо ҳамин ҳадаф дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дорад ва мегӯяд, ба хотири сарфаи пул беш аз ду сол боз ҳатто наметавонад ба хона баргардад. "Саломатиам хуб нест. Дар даҳон ягон дандон намондааст. Аммо бояд бачаҳоро хононам. Маҷбур ҳастам, ки ба хотири ояндаи онҳо кор кунам", - гуфт ӯ.

Сайвалӣ Назаров мегӯяд, сахтиҳои кор дар ғурбатро ба он хотир таҳаммул мекунад, ки мехоҳад фардо фарзандонаш донишманду соҳибихтисос шаванд, барои худ ҷойи коре бо даромади шоиста пайдо кунанд ва мисли падар барои таъмини зиндагӣ азият накашанд.

Дар 40 мактаби олӣ ва касбии Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор донишҷӯ таҳсил доранд. Нархи шартномаи таҳсили донишгоҳҳо ҳам қариб ҳар сол ва ба андозаи беш аз 10 дарсад боло бурда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ноқаноатмандии мутобиқати арзиши таҳсил бо сифати он ҳамеша вуҷуд дорад. Интиқод аз савияи дониши муҳассисони мактабҳои олӣ ҳеҷ гоҳ кам намешавад.

Вакил: Таҳқиқ кунанд, ки сатҳи савод чӣ гуна аст ва пул ба чӣ сарф мешавад

Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон, мегӯяд, нархи таҳсили шартномавӣ дар донишгоҳҳои кишвар дар муқоиса бо маоши сокинон хеле баланд аст ва бояд то 40 дар сад кам карда шавад. Ӯ мегӯяд, шахсан худаш чанд дафъа ин масъаларо дар ҷаласаҳои порлумон матраҳ карда буд.

“Ҳамаи донишгоҳҳоро дидам, ба ҷуз аз чанд донишгоҳ, синфхона ва биноҳо аксаран дар шароити кӯҳна аст. Вале чаро нарх баланд мешавад? Имрӯз сатҳи зиндагии мардум ба он дараҷае нест, ки нарх баланд шавад. Инро бояд Палатаи ҳисоб баррасӣ ва ба ҳукумат пешниҳод кунад”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вакили тоҷик, бояд як сохтори махсусе аз кори донишгоҳҳо, тарзи харҷи маблағи шартнома дар муассисаҳои олӣ ва ҳам сиёсати нархгузорӣ назорат барад, ки то куҷо шаффофияти харҷи маблағҳо назорат шавад. Ӯ ба вижа ба нархномаи баланди Донишгоҳи тиббӣ таваҷҷӯҳ ва таъкид кард.

"Бояд таҳқиқ шавад, ки ин қадар пулро чӣ гуна харҷ мекунанд? Саводи донишҷӯ дар чӣ сатҳ аст? Оё бо таҷҳизот ва васоили зарурӣ таъминанд?" - суол гузошт вакил.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG