Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири як мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири онки ягон хонандааш ба донишгоҳ дохил нашудааст, аз вазифа истеъфо дод. Эргаш Абдулаҳайитов 5 соли ахир мудири мактаби рақами 59 дар ин ноҳия буд.

Масъалаи мактабу тадрису таълим яке аз мавзӯъҳои дарднок барои аксар хонаводаҳои Тоҷикистон аст

"11 нафар ба Русия рафтанд"

Ӯ рӯзи 14-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте аз мактаби таҳти идораи ӯ ягон нафар ба Донишгоҳи олӣ дохил нашуд, аз шарм истеъфо дод. Абдулҳайитов мегӯяд, хатмкунандаҳои мактаб бачаҳои бесавод набуданд, аммо интизори имтиҳони дохилшавӣ наистода ба Русия рафтанд. Эргаш Абдулҳайитов собиқаи 30-солаи омӯзгорӣ дорад. Соли таҳсили гузашта мактаберо, ки ӯ раҳбарӣ мекард, 11 нафар хатм карда, тақрибан ҳамаи онҳо ба муҳоҷират рафтаанд.

Истеъфо ё барканорӣ?

Дар ҳоле ки Абдулҳайитов мегӯяд, бо ихтиёри худ аз мақоми раҳбарӣ истеъфо дод, ба қавли мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Туйчӣ Маҳмадёров, ӯ дар қатори панҷ мудири дигар барои ноӯҳдабароӣ ва камсаводии хонандаҳои мактабаш аз мақом барканор шуд. Абдуҷабор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ рӯзи 13-уми ферал дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо нигаронӣ аз ин вазъ гуфт, "вақте аз мактаб касе ба донишгоҳ дохил намешавад, раҳбари он ҳуқуқи маънавии кор карданро надорад".

Дар ноҳияи Қубодиён, ба фарқ аз Абдураҳмони Ҷомӣ, ба мудирони мактаб гузашт кардаву бо додани огоҳӣ иктифо кардаанд. Мирзо Эшов, мудири маорифи ноҳияи Қубодиён дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 8 мудири мактабҳои ин ноҳия дар пайи дохил нашудани хатмкардаҳо ба донишгоҳ ҳушдор гирифтаанд.

Санҷиши мактабҳои Тоҷикистон

Барканор шудани раҳбарони бархе аз мактабҳо ва ҳушдор гирифтани афроди дигар дар ҳолест, ки Вазорати маорифи ва илми кишвар кори раҳбарони ҳамаи мактабҳои миёнаро мавриди санҷиш қарор додааст. Ҳоло ин тафтиш ба пуррагӣ натиҷагирӣ нашудааст.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм.

Аммо Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми кишвар ду ҳафта қабл дар ин бора аз мактабе мисол овард, ки 23 сол боз таҳти раҳбарии як нафар қарор дорад, аммо натиҷаи чашмрасе надорад. "Вақте 5 сол мудирӣ карду нишондиҳандааш хуб буд, ба ягон мактаби қафомонда мебарем, то дар онҷо низ пешравӣ кунад. Аммо агар нишондиҳанда дар олимпиада надораду суръати рушдро таъмин намекунад, чаро ӯро қапида шинем?", - суол гузошт вазир.

Чаро Ислом донишҷӯ нашуд?

Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 3000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад ва соли гузашта 119 ҳазор нафар мактаби миёнаро хатм карда, беш аз 60 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои олӣ шомил шудаанд. Гурӯҳи дигар ҳам бо далоиле натавонист таҳсилро дар донишгоҳҳо идома диҳанд.

Ислом аз ҷумлаи донишҷӯёне аст, ки бо хатми мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ натавонист шомили донишгоҳ шавад. Ӯ гуфт, "баъзе хатмкардаҳо дар деҳаи мо шароити дохил шуданро надоранд ва баъд дониши хуб ҳам надоранд. Сифати таълим дар деҳот фарқ мекунад."

Дар чанд пажӯҳиши марбут ба соҳаи маориф дар солҳои ахир аз поин рафтани сатҳу сифати пасти дониш ва огоҳии аҳолӣ нигаронӣ шуда буд. Барои мисол, як пажӯҳише, ки аз ҷониби Созмони таҳқиқотии “Соцсервис” гузаронда шуд, муайян кард, на ҳама хонандаҳое, ки ба мактаб ва ҳатто донишгоҳ фаро гирифта мешаванд, соҳиби хатту савод ва дониши босифатанд. Омӯзгорони мактабҳои олӣ ҳам аксаран аз сатҳи дониши хатмкардаҳои макотиби миёна шикоят мекунанд.

Масъалаи мактабу тадрису таълим яке аз мавзӯъҳои дарднок барои аксар хонаводаҳои Тоҷикистон аст, бахусус барои волидоне, ки шароити молии хуб надоранд ва наметавонанд бачаҳои худро ба мактабҳои хубу хусусӣ диҳанд. Солҳои ахир мавридҳои пулситонӣ аз падару модар бо баҳонаи таъмири мактаб, харидории пардаву бӯр ва либоси ягонаи мактабӣ, мояи асабонияти волидон шудааст.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аксар волидон дар шаҳри Душанбе ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда, хостанд онҳоро аз пулситонии мактабҳо наҷот диҳанд. Дуртар аз пойтахт ҳам ҷамъоварии пул аз ҳисоби падару модар идома дорад. Бисёре аз волидон мегӯянд, агар ба ивази ин ҳама харҷ дар мактаби бепули давлатӣ, ҳадди ақал бачаҳояшон саводи кофӣ мегирифтанд, онҳо гила намекарданд. Аммо вақте мебинанд, ки бо вуҷуди 10-11 соли хониш, талаба саводи хуб надорад ва шанси дохил шуданаш ба донишгоҳ ҳам зиёд нест, нороҳат мешаванд.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати маориф, ки донишу малакаи раҳбарони мактабҳоро мавриди санҷиш қарор додааст, раҳбари мактаб дар баробари олиму собиқадор будан, ҳатман бояд кордону ташкилотчӣ ҳам бошад, то тавонад шароитҳои зарурии таълим барои омӯзгору хонандаҳоро фароҳам созад.

Санҷиши кору дониши раҳбарони мактабҳои миёнаи кишвар дар пайи як қарори ҳукумати кишвар сурат мегирад ва қарор аст баъд аз раҳбарон, аз омӯзгорони мактабҳои миёна ҳам имтиҳон гирифта шавад. Вазири маориф ахиран гуфт, ҳоло ин соҳа дигар камбуди омӯзгор надорад ва акнун онҳо бештар ба сифати кори онҳо таваҷҷӯҳ хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG