Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хона ба хона – Ҷамъоварии пули либоси хонандагон


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз раҳбарият ва омӯзгорони мактабҳо хостааст, ки пули либоси ягонаи хонандагонро ду моҳи пеш аз шурӯи таҳсил ҷамъоварӣ кунанд. Омӯзгорон дар навоҳии дурдаст мегӯянд, ки ин шабу рӯз хона ба хонаи талабагон барои ҷамъоварии маблағи либоси ягонаи мактабӣ мегарданд.

Бовар кунед, дирӯз ба як хона рафтам, модари талаба мегӯяд: "гадо ҳастед, ки ин қадар аз мо пул талаб мекунед?" Мо назди волидон ганда мешавем.

Вале масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ин дастур неву тавсия аст ва бар асоси он, корхонаҳои либосдӯзии маҳаллӣ бояд аз ҳоло аз пайи таҳияи "форма"-и мактаббачагон шаванд. Либоси ягонаи мактабӣ вобаста ба сифати дӯхт барои ҳар як хонанда аз 70 то 200 сомонӣ арзиш дорад.

Гулрухсор Нурова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ду фарзанди мактабхон дорад, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯзи пеш омӯзгори мактаб ба хонааш омада хоҳиш кард, то пули либоси ягонаи мактабиро супорад. Ӯ гуфт, "пештар ҳам дар мактаб маҷлис карда гуфтанд, ки бояд ҳатман аз корхонаи маҳаллӣ либос харед. Мо гуфтем, либосе, ки онҳо медӯзанд, бесифат аст. Худамон метавонем айни ҳамон либосро арзонтар бидӯзем. Аз маориф қабул накарданд ва гуфтанд, бояд аз корхонаи маҳаллӣ харидорӣ кунед."

Сокинони дигари вилояти Хатлон низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳоло барои дӯхтани либоси мактабӣ ба фарзандонашон пул ҷамъ мекунанд.

Омӯзгор: “Мисли гадо шудаем”

Омӯзгорон мегӯянд, ҷамъоварии пул барои либоси мактабӣ барояшон хеле мушкил аст ва ба обрӯи касбии онҳо латма мезанад. Онҳо мегӯянд, ба хотири ингуна супоришҳои мақомот, ки баҳсбарангез ҳастанд, мақому мартабаи омӯзгор дар чашми хонанда ва ҳам оилаи он кӯдак паст мешавад. Як омӯзгор, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, мақомоти Тоҷикистон бо ингуна тасмиму ба истилоҳ тавсияҳояшон намефаҳманд, ки обрӯи намояндаи давлат – омӯзгорро мебаранд ва дар натиҷа хонандагон ба омӯзгор на барои донишу малака, балки ба як нафари талбанда баҳо медиҳад.

Наргис Шукурова, омӯзгори дигаре аз як мактаби шаҳри Кӯлоб, гуфт, замони рухсатии тобистона расидааст, вале барояшон супориш шудааст, то маблағи либоси мактабиро ҷамъ накунанд, ба рухсатӣ нараванд. Ӯ гуфт, "ба ҳар роҳбари синф гуфтанд, ки аз хонандаҳо пул ҷамъ кунед. Бовар кунед, дирӯз ба як хона рафтам, модари талаба мегӯяд: "гадо ҳастед, ки ин қадар аз мо пул талаб мекунед?" Мо назди волидон ганда мешавем. Дар тӯли як ҳафта аз як синфи 20-нафарӣ фақат 9 нафар пул додааст”.

Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби омӯзгорон ба чунин маърака онҳоро аз вазифаи асосиашон, яъне таълими насли наврас дур кардааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз аввали соли таҳсил кори омӯзгор танҳо ҷамъ кардани пул аст.

"Пули либос, пули обуна, пули таъмири мактаб, пули узвия ба Ҳизби халқӣ-демокартӣ ва даҳ намуди дигарро омӯзгор ҷамъ мекунад. Мо як пулҷамъкунак ё мисли чекчинаки бозор шудаем”, - афзуд ӯ.

Вазорат: “Ин як тавсия аст”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки омӯзгоронро барои ҷамъоварии маблағ касе маҷбур накардааст, вале тариқи омӯзгорон ба волидон гуфтаанд, ки аз корхонаҳои маҳаллӣ либос бихаранд.

Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Икромиддин Донахонов, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ кас ба рухсатӣ рафтани омӯзгоронро маҳдуд накардааст. Танҳо ба гуфтаи ӯ, дар маҷлисҳои хос дар мактабҳо аз волидон хоста шудааст, ки аз корхонаҳои маҳаллӣ либоси мактабӣ бихаранд. Ӯ гуфт, "асосан, ин ба хотири ҳимоят аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар роҳандозӣ шудааст. Ин тавсиявӣ ҳаст. Фақат либос бояд стандартӣ, дилписанд, шинам бошад."

Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июн дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазорат дар хусуси ҷамъоварии маблағ барои харидани либоси мактабӣ аз тарафи омӯзгорон ё инки мудирони мактаб дастур надодааст. "Ин амал бояд аз тарафи волидони хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёи хониш ва мактабии дар шаҳру ноҳияҳобуда сурат гирад", - гуфт ӯ.

Солҳои гузашта танҳо дар моҳи август харидории либоси мактабӣ шурӯъ мешуд, вале имсол се моҳ қабл аз падару модар хоста шуд, то барои таҳияи либос қаблан маблағ супоранд.

Фаррух Ҷабборов, масъули як ширкати таҳияи либоси мактабӣ дар Хатлон, рӯзи 24-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло ба он хотир аз ба таҳияи либос оғоз кардаанд, ки як моҳ қабл аз таҳсил фурсат пайдо намекунанд. “Пешниҳоди мо ин буд, ки дархост барвақттар шавад. Дар як моҳ мондан кор мушкил мешавад. Хонанда зиёд аст. Баъзан, андозаи либос рост намегирад. Аз пеш омода шавад, ҳам барои мо хуб аст ва ҳам барои хонанда”, - гуфт ӯ.

Пули либос, пули обуна, пули таъмири мактаб, пули узвия ба Ҳизби халқӣ-демокартӣ ва даҳ намуди дигарро омӯзгор ҷамъ мекунад. Мо як пулҷамъкунак ё мисли чекчинаки бозор шудаем

Ҳоло омӯзгорон пулеро ҷамъ мекунанд, ки барои дархост додан дар таҳияи либос ба корхонаҳои маҳаллӣ равона мешавад. Дар беш аз 3800 мактаби Тоҷикистон зиёда аз як миллион хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд ва дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон корхонаҳои таҳияи либосҳои мактабӣ фаъол ҳастанд.

Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандаҳои мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар соли 2007 аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон тасвиб шуд ва чанд соли пеш тақозо шуд, ки масъулини мактабҳо риояи ҳатмии онро назорат кунанд. Ин нахустин бор аст, ки мақомот ду моҳ пеш аз шурӯи таҳсил ба ҷамъоварии маблағи либоси мактабӣ шурӯъ мекунанд.

XS
SM
MD
LG