Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 3,5 ҳазор волидон барои "кӯтоҳӣ" дар тарбияи фарзандон. САДО


Ахиран додгоҳе дар вилояти Хатлон, Гулистони 40-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои нағзи банди қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарияи фарзанд” ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима кард. Танҳо дар вилояти Хатлон сеюним ҳазор волидонро барои саҳлангорӣ дар тарбияи фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Ахиран додгоҳе дар вилояти Хатлон, Гулистони 40-сола, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро барои нағзи банди қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарияи фарзанд” ба маблағи 120 сомонӣ ҷарима кард. Танҳо дар вилояти Хатлон сеюним ҳазор волидонро барои саҳлангорӣ дар тарбияи фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Муҷозоти 3,5 ҳазор волидон барои "кӯтоҳӣ" дар тарбияи фарзандон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:23 0:00
Линки мустақим

"Шавҳарам гуфт, агар духтарат мактаб равад, талоқат медиҳам"

Хонум Гулистон мегӯяд, дар як хонаводаи суннатӣ зиндагӣ мекунад, ки хондани духтаронро ҷоиз намедонанд ва аз мактаб дар канор мондани

Дар нимсолаи аввали соли 2016 дар Хатлон бар пояи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 3 ҳазору 577 нафар дар додгоҳҳо муҷозот шудаанд."

духтараш ҳам ба хотири хости шавҳараш аст. Вай гуфт, шахсан ӯ зид нест, ки духтари ноболиғаш таҳсил кунад, вале шавҳараш таҳдид кардааст, ки ин масъала метавонад боиси хонавайронии онҳо шавад.

“Шавҳарам гуфт, ки агар духтарат ба мактаб равад, талоқатро медиҳам. Нагузоштем, ки ба мактаб равад. Аммо ҳамакнун, ки ҷарима шудем, ҳоло духтарамро на ба он мактабе, ки дар гузашта мехонд, балки ба дигар мактаб равон кардем, ки таҳсил кунад. Зеро дигар дуруст набуд, ки дар мактаби пешинааш хонад, чун шавҳарам қасам хӯрда буд”,-гуфт Гулистон.

Малоҳат Икромова, зани дигаре аз ноҳияи Вахш мегӯяд, ба иллати он, ки духтараш ба балоғат расида ва мушкилоти иқтисодӣ домангири ин хонавода шудааст, чанд муддат монеи таҳсили фарзандаш шуд. Аммо чун ин зан огоҳ шуд, ки барои ин аъмолаш муҷозот хоҳад шуд, духтарашро дигарбора ба мактаб фиристод.

Муҷозоти волидон барои шабгардии фарзандон...

Аммо беназоратии ноболиғон ва ҳам бемаъсулиятии падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон дар вилояти Хатлон омилҳои мухталиф дорад. Ба гуфтаи Акрам Сангаков, роҳбари бахши кор бо ноболиғон дар ҳукумати ноҳияи Дӯстӣ, танҳо дар ноҳияи онҳо дар як сол волидайни 447 ноболиғ аз рӯи қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муҷозот шудаанд.

Вай гуфт: “Баъзе ноболиғон вақти шабона тӯй рафтан, яъне ба хотири шабгардиашон боздошт шуда, нисбаташон мавод таҳия шудааст. Риоя накардани сару либоси мактабӣ низ аз дигар сабаби муҷозоти онҳост. Пас аз омода кардани маводҳо аз ҷониби кормандони интизомӣ, волидайни онҳо муҷозот шудаанд.”

Даҳҳо ноболиғи "оворагард"

Нуралӣ Раҷабзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 13 декабр дар як ҳамоише аз беаҳамиятии волидайн дар таълиму тарбияи фарзандонашон изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки даҳҳо ноболиғ дар соатҳои дарсӣ дар кӯчаю бозорҳо “оворагардӣ” мекунад.

Нуралӣ Раҷабзода.
Нуралӣ Раҷабзода.

Сардори шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа афзуд, “кормандони мо 420 ҳолати ноболиғонро, ки оворагардӣ кардаанд, ошкор карда ва нисбати онҳо маводҳо тартиб дода ба судҳо равон кардаанд. Падару модарон барои бемасъулияти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ҳоло баъзе маводҳои дигар дар дасти баррасии судҳо қарор дорад.”

Аммо таҳлилу омори пулис нишон медиҳад, ки аз шаҳру навоҳии мухталиф кӯдакон барои кор ба маркази Хатлон меоянд ва аксарияти онҳо аз оилаҳои муҳоҷирон ва камбизоат ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар шаҳри Қурғонтеппа муддати як соли ахир беш аз 400 волидайн дар додгоҳҳо барои беаҳамиятӣ дар таълиму тарбияи фарзандон муҷозот шудаанд, вале ин арқом дар ҳудуди вилоят бештар ва ҳамзамон нигаронкунада гуфта мешавад.

Омори нигаронкунанда

Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар ним солаи аввали соли 2016 дар Хатлон тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмури Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 3 ҳазору 577 нафар сокини вилоят дар додгоҳҳо муҷозот шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015, 1882 ҳолат бештар будааст. Беш аз 2,5 ҳазор нафар ба маблағи беш аз 246 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Мақомот мегӯяд, ки беш аз 90 дарсади кӯдаконе, ки аз кӯчаю хиёбонҳо боздошт мешаванд, писарҳо ҳастанд, ки бо вуҷуди ноболиғ будан, мехоҳанд ноновари хона бошанду ба хонаводаҳояшон кӯмак кунад. Ба гуфтаи мақомот, вале шумораи духтароне, ки аз мактаб дур мемонад, хело кам аст.

Таҳвилгоҳ барои ноболиғон

Мушкили ба хиёбонҳо сарозер шудани ноболиғон, хусусан дар вақти соати дарсӣ, ки дар бозорҳои вилояти Хатлон ошкор мешавад, мақомотро ба ин фикр водор кардааст, ки бояд як таҳвилгоҳ ё бинои махсуси нигоҳдорӣ ва таълиму тарбияи ин кӯдакон бунёд карда шавад.
Ҳарчанд мақомот аз чанд соли пеш талош кардаанд, аммо бо гузашти солҳо ҳанӯз ин кор иҷро нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ҳар моҳ идораи маориф, пулис ва ниҳодҳои дахлдори дигар ба хотири ҷилавгирӣ аз кори кӯдакон ва ноболиғон, ки аз таҳсил дур мемонанд, рейдҳо баргузор мекунанд ва кӯдакони боздоштшударо бо номаҳои огоҳӣ барои муҷозот шудан, ба волидайнашон бозпас мегардонад. Аммо ин кор натиҷа намедиҳад ва боз ҳам кӯдакони оворагарди зиёдеро дар кӯчаву бозорҳои Хатлон дидан мумкин аст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG