Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон мудирони тасодуфӣ барканор мешаванд


Садҳо мудири мактаб дар ҷануби Тоҷикистон мунтазири натиҷаҳои имтиҳони мутобиқат ба вазифаи раҳбарӣ ё аттестатсия Вазорати маориф ва илм ҳастанд ва натиҷаҳои ин санҷиш нишон медиҳанд, ки кадоме аз онҳо метавонад дар мақомаш бимонаду кадоме не. Ба қавли масъулин, санҷиши мудирон дар минтақаи Қӯрғонтеппа анҷом ёфта, дар шаҳру навоҳии Кӯлоб ҷараён дорад. Ҳадафи аз ин иқдом, ба мақоми мудирони мактаб таъин кардани раҳбарони шоиста будааст.

Ба назари таҳлилгарон, соҳаи маорифи Тоҷикистон на танҳо ба мудирияти беҳтар ваё таҳрирҳои идеологӣ, балки ба сифатан беҳтар шудани низоми таълим ва азхудкунии донишҳо, ниёз дорад.

Сангалӣ Баротов, як мудири мактаб дар водии Вахш, ки дар аввали моҳи сентябр ба кор оғоз кардааст, мегӯяд, аз натиҷаҳои ин санҷиш як андоза нигарон аст, чунки як сол ҳам нашудааст, ки дар ин вазифа кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки агарчи маълумоти олӣ дорад, вале ба ҳамаи суолҳои аъзои комиссияи аттестатсионӣ ҷавоб дода натавонист: "Дар ин аттестатсия дар бораи қонунҳои танзим ва ҳам қонуни масъулияти падару модар суолҳо доданд. Мунтазирем, ки чӣ мешавад. Шояд гузарем, шояд не."

Ба гуфтаи ин мудири мактаб, маоши моҳи сентябрро ҳамчун мудири мактаб ба даст гирифтааст ва ин маблағ бештар аз маоши омӯзгори қаторӣ аст. Ба ин далел, вай зиёд мехоҳад, ки дар вазифааш бимонад ва зиндагии хубе дошта бошад.

Сафармуҳаммад Алимардонов, як масъули идораи маориф ва илми вилояти Хатлон ва ҳамзамон узви комиссияи аттестатсионӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ҳадафи ин санҷиш, барканор кардани мудироне будааст, ки дониши хуб надоранд ва тасодуфӣ ба раҳбарии мактаб таъин шудаанд.

"Тибқи дастури ҳукумати кишвар, бояд тамоми мудирони мактабҳо аз аттестатсия гузаранд. Мақсад муайян кардан аст, ки то куҷо ба вазифаашон сазовор ҳастанд ё не. Ҳамин хел хабарҳо буд, ки шахсони тасодуфӣ мудирони мактаб ҳастанд",-афзуд Алимардонов.

Сафармуҳаммад Алимардонов гуфт, зимни сӯҳбат бо мудирони мактабҳо маълум мешавад, ки баъзе аз мудирон дониши кофӣ надоранд ё аз таҷрибаи ками ками раҳбарӣ бархӯрдоранд: "Ҳастанд баъзе ҳолатҳое, ки мудирони мактабҳоро тасодуфӣ ба кор мегиранд. Вале теъдоди хеле камашон сазовори вазифа нестанд".

Идораи маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки тибқи низомномаи аттестатсия, бояд мудирони мактабҳо собиқаи кории ҳафтсолаи омӯзгорӣ дошта ва ҳамчунин, аз донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ огаҳ бошанд. Як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, мактабҳое, ки шумори бештари хонандагонашон тавонистанд ба мактабҳои олӣ дохил шуда дар мусобиқаҳо нишонҳои ифтихорӣ ба даст оранд, ба инобат гирифта шудаанд.

Нурулло Муроталиев, мудири мактаби рақами яки ноҳияи Шаҳритус, ки 50 сол дорад, мегӯяд, бовар дорад, ки собиқаи кории 30-солаашро ба инобат мегиранд ва ҳатман вай корашро идома медиҳад: "Cобиқаи кориамро пурсиданд, дар бораи оинномаи мактаб, ихтисосам - забони русӣ суол доданд, суолу ҷавобҳояш дар бораи низомнома буд, ба суолҳояшон ҷавоб додам, бояд гузарам, мунтазир ҳастам."

Мақомоти маориф мегӯянд, ки санҷиши мудирони мактаб бо ҳадафи дар ин мақомҳои муҳим нишондани афроди ботаҷрибаву огоҳ роҳандозӣ шудааст, то тавонанд кори тарбияву таълим ва ҳам пиёда кардани муқаррароти маорифро дуруст ба роҳ монанд.

Солҳои охир ҳукумат бо қабули бархе қонунҳои нав, мисли қонуни танзими расму оин ва қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, дар ҷараёни таълиму тарбия тағйирот ва маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Дар ҳоле, ки бархе аз муқаррароту талаботи нав баҳсбарангез арзёбӣ мешаванд, барои иҷро накардани бандҳои онҳо ҳам масъулони мактабҳо ва ҳам волидон муҷозот мешаванд.

Вале аз назари таҳлилгарони бетараф, соҳаи маорифи Тоҷикистон на танҳо ба мудирияти беҳтар ваё таҳрирҳои идеологӣ, балки ба сифатан беҳтар шудани низоми таълим ва азхудкунии донишҳо, пешкаши хадамоти босифати тадрис эҳтиёҷманд аст.

XS
SM
MD
LG