Пайвандҳои дастрасӣ

“Ё як кило чормағз, ё 10 сомонӣ” Маҳсулот – ба ҷои пули китоб. АКС


Мақомоти идораи маорифи ноҳияи Рашт дар як тасмими ғайриодӣ аз хонандагони мактабҳои миёнаи минтақа хостаанд, ки дар ивази пули иҷораи китоб чормағзу хуч ва коғазпораву оҳанпора биоранд. Мақомот гуфтанд, ки мактабҳои Рашт аз соли 2000 то 2009 аз пули иҷораи китоб 482 ҳазор сомонӣ (тақрибан 50 ҳазор доллар) қарздор шуда, бояд ба ҳар шакле ин маблағро пардохт кунанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду фарзанди Худойдод Нусратов, сокини ноҳияи Рашт, дар мактаб мехонанд. Онҳо субҳи 20-уми октябр аз волидон талаб кардаанд, ки ба ҳар кадомашон яккилоӣ чормағз бидиҳанд, вагарна ба мактаб нахоҳанд рафт. Худойдод мегӯяд, аз ин талаби ногаҳонии фарзандонаш ба ҳайрат афтод ва барои рӯшан кардани асли қазия бо мудири мактаб тамос гирифт.

“Ба фарзандонам гуфтаанд, ки агар дар хона чормағз надоред, пас 10 сомонӣ биоред. Ҳама чормағз надорад. Имсол ҳосил хеле кам буд. Ин талаби онҳо магар қонунӣ аст?” - суол гузошт ӯ. Ин сокини ноҳияи Рашт иддаои мақомоти ноҳия дар бораи фаровон ва “дар қади роҳ” хоб рафтани чормағзҳоро рад кард ва гуфт, “магар чизе, ки дар қади роҳ партофтаанд, дар бозор 10-12 сомонӣ нарх дорад?”

“Чӣ коре мекунед, пули китобро супоред”

Талаби овардани чормағз барои баргардондани маблағи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ, ба гуфтаи волидон, ду рӯз қабл аз ҷониби мудирони мактаби ноҳияи Рашт садо додааст. Ин талаб дар ҳоле садо дод, ки ҳафтае қабл дар як ҷаласа дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон масъалаи қарзи иҷораи китобҳои дарсӣ аз солҳои пешин баррасӣ шуда, чанд мудири маориф барои барнаргардондани қарзҳо танбеҳ ҳам гирифтаанд.

Як манбаъ дар идораи маорифи ноҳияи Рашт рӯзи 20-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим бо машварати масъулони Вазорати маориф ва илм роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, масъулини вазорат гуфтаанд, ки "бачаҳоро ба картошкачинӣ баред. Мо гуфтем, ки деҳқонон барои картошка меҳнат кардаанд ва ба мо намедиҳанд. Гуфтанд, ки пас хучу чормағз ҳаст, яккилоӣ ҷамъоварӣ кунед."

Ин манбаъ гуфт, раҳбарони мактабҳои миёна чормағзу хуч ва коғазпораву оҳанпораи ҷамъкардаи хонандагонро ба савдо гузошта, маблағи онро ба "Амонатбонк" месупоранд. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки ба мудирони маориф танҳо супориш шудааст ягон роҳи дастрасро пайдо карда, қарзи иҷораи китобҳои дарсиро баргардонанд.

"Агар пули қарзро насупоранд, китоби нав чоп намешавад"

Шаҳло Абдуализода, як масъули Раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маориф, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "саркашии падару модарон аст, ки аз маблағи иҷораи китоб қарздор шудаанд. Агар маблағи пешинаи қарз ҷамъ карда шавад, вазорат метавонад, китобҳоро аз нав чоп кунад. Агар ҳаҷми қарз афзудан гирад, барои нашри китобҳои нав пул намемонад. Метавонанд оҳанпора ё коғазпора ҷамъ карда супоранд.”

Ин масъули Вазорати маориф гуфт, агар мудирони маориф ё мудирони мактабҳо пули иҷораи китобро ғайриҳадафмандона истифода бурда бошанд, "онҳо аз ҳисоби даромади хоҷагӣ ё фурӯши чорвоашон маблағро бармегардонанд. Ин хел ҳолатҳо ҳам буд."

“Набуди шаффофият қарзро зиёд кардааст”

Қарзи иҷораи китоб аз мушкилоти умда дар мактабҳои кишвар буда, тибқи омор қарзи онҳо миллионҳо сомониро ташкил медиҳад. Ҳарчанд қаблан дар баъзе аз минтақаҳо барои пардохти қарзи китоб маблағи иловагӣ талаб мекарданд, аммо ин таҷрибаи нодир аст, ки аз хонандагон маҳсулот талаб мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, то замоне ки Вазорати маориф дар самти иҷораи китобҳои дарсӣ аз шаффофият кор нагирад, қарзҳо зиёд мешаванду кам не.

Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик, ки дар бораи чопи китобҳои дарсӣ ва масъалаҳои вобаста ба он таҳқиқоти журналистӣ анҷом додааст, гуфт, вақте хонанда барои маблағи пардохтааш барои китоб расид (чек) дарёфт намекунад, хатари обу лой шудани маблағҳо хеле зиёд аст.

Ба қавли Ёқуби Саид, дар ҳоле ки давлат аз бахши хусусӣ талаб мекунад, ки барои ҳар фурӯшашон расид бидиҳанд, чаро дар ниҳодҳои зертобеи Вазорати маориф чунин амал ҷорӣ намешавад? “Тарзи фурӯш ва ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсӣ шаффоф нест. Риоя накардани қоидаҳои фурӯш аз ҷониби худи давлат, яъне надодани чек, ҳисобу китоби дақиқ надоштан боис мешавад, ки пули супурдаи хонандагон ба мактаб гум шавад”, - гуфт ӯ.

Аз рӯи муқаррароти солҳои охир, Вазорати маориф мактабҳои миёнаро бо китобҳои зарурии дарсӣ таъмин мекунад. Мактаб дар давоми се сол ин китобҳоро ба иҷора дода, харҷи нашри китобҳоро аз ин ҳисоб бояд ба вазорат баргардонад. Баъд аз се сол ин китоб бояд ройгон дар ихтиёри мактаб гузошта шавад. Вале бо сабаби мушкили ҷамъварии маблағи иҷораи китоб, қарзи умумии мактабҳои Тоҷикистон аз марзи 20 миллион сомонӣ гузаштааст.

Қимати иҷораи як китоби дарсӣ барои як шогирди мактаб аз 3 то 15 сомониро ташкил медиҳад ва дар сурати хароб шудани саҳифаҳои китоб боз ҷарима муқаррар шудааст. Дар маҷмӯъ барои як шогирди мактаб қимати иҷораи китобҳои дарсӣ дар як сол то 100 сомонӣ баровард мешавад.

Бисёр волидон, ки масъули пардохти маблағи иҷораи китоби фарзандон дар оғози соли таҳсил ҳастанд, мегӯянд, ин талабот дар мактабҳо ҷиддӣ ва сахтгирона риоя мешавад ва дар сурати пардохт нашудани пули китоб волидон зери фишор мемонанд. Аз ин хотир, ба вуҷуд омадани қарз дар ин замина барои бисёриҳо тааҷҷубовар мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG