Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилоф: Боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон бо нирӯи барқ шиканҷа мешаванд. САДО


Акси як қурбонии шиканҷа дар намоишгоҳи аксҳои ҷабрдидаҳои бадрафториҳои полис дар боздоштгоҳу маҳбасҳои Тоҷикистон пахш шуд. 25 июни соли 2013, маъракаи "Мубориза бо шиканҷа"

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар марҳилаи боздошту бозпурсиҳо ҳадди аққал 13 нафар мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифтаанд. Ин афрод барои дарёфти кӯмаки ҳуқуқиву офиятрасонӣ ба созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Ин фактҳо дар гузориши нави эътилоф нашр шудааст, ки кори нимсолаи созмонро натиҷагирӣ мекунад. Дар Тоҷикистон қонун истифода аз шиканҷаро ҷиноят арзёбӣ мекунад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, аксар мавридҳои шиканҷа дар марҳилаи аввали боздошти гумонбарон ва бо

Дар як маврид зане гуфтааст, ки “дар қисматҳои гуногуни бадан латукўб шуда”, “аз мўи сараш рўи фарш кашола кардаанд” ва дар натиҷа майнаи сараш зарб хўрдааст

ҳадафи эътирофи гуноҳ рӯй медиҳад, аммо исбот кардани ин фактҳо кори осон нест.

Аксари ҷабрдидаҳо дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва дастрасии онҳо ба сохторҳои тафтишотӣ ва судиву тиббӣ, ки тавонанд вуҷуди шиканҷаро исбот кунанд, осон нест. Дар мавридҳои хеле кам дар додгоҳҳои Тоҷикистон иттиҳомоти марбут ба шиканҷа баррасӣ шудааст. Гузориши нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон (натиҷаи фаъолият дар моҳҳои январ – июни соли 2017), ки дар вебсайти он рӯзи 17 август ба забонҳои русиву тоҷикӣ нашр шуд, дар маҷмӯъ фаъолияти шашмоҳаи ин ташкилотро натиҷагирӣ мекунад.

"Гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳо..." ва дигар навъҳои шиканҷа

Дар бахши марбут ба “Кўмаку дастгирӣ дар офиятбахшӣ”-и ин гузориш аз ҷумла, дар бораи муроҷиати афроди ҷабрдида ва хешовандонашон аз поймол шудани ҳуқуқи онҳо дар ҷараёни баъди боздошт маълумот додааст. Муаллифони гузориш, аз ҷумла менависанд, ки дар ним соли аввали соли 2017 ба созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон 24 нафар, аз ҷумла 10 зан муроҷиат кардаанд.

Аз миёни онҳо 9 нафарашон хешовандони ҷинояткори гумонбар мебошанд, ки аз шиканҷа шудани наздиконашон хабар додаанд. Аз миёни 15 нафаре, ки ба ҳайси ҷабрдидаи шиканҷа аз дасти кормандони сохторҳои интизомӣ сабт шудаанд, 13 нафар мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ ва ду нафар – ҳадафи шиканҷаи равонӣ ва лафзӣ қарор гирифтаанд. Муаллифони гузориш, аз ҷумла, дар мавриди навъи шиканҷаҳое, ки нисбати ҷабрдидаҳо раво дида шудааст, чунин менависанд:

Харитаи макон ва муассисаҳое, ки ҳодисаҳои шиканҷа сабт шудааст, аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа таҳия шудааст
Харитаи макон ва муассисаҳое, ки ҳодисаҳои шиканҷа сабт шудааст, аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа таҳия шудааст

«Латукўб бо бастани дасту пой, гузоштани қувваи барқ ба зери нохунҳои ангуштони дастон ва қисмати байни пойҳо, зарбаҳо ба қисмати сар, рехтани об, задани зарба ба гурда ва шикам, задани зарба тариқи гузоштани китоб ба қисмати шикам ва фарқи сар, задани зарба ба қисмати рўй, ки дар натиҷаи чунин амалҳо бинни шикаста шуд”. Ин гузориш мегӯяд, ки дар миёни ҷабрдидаҳои шиканҷа занҳо ҳам мебошанд.

Дар як маврид зане гуфтааст, ки “дар қисматҳои гуногуни бадан латукўб шуда”, “аз мўи сараш рўи фарш кашола кардаанд” ва дар натиҷа майнаи сараш зарб хўрдааст. Ду марди мавриди шиканҷаи равонӣ қароргирифта гуфтаанд, ки мавриди таҳдид ва таҳқиру дашном қарор гирифтаанд. Дар мавриди азияти хешовандон гуфта мешавад, ки 8 нафар ҷабрдида бо мушкилоти тиббӣ рӯбарӯ шудаанд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ки ба ҳамаи ҷабрдидаҳо кӯмаки тиббию равонӣ расонида шуд. Дар ин ҷараён ба онҳо кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат мекунанд.

"Дар боздоштгоҳ шиканҷаро ошкор намекунанд"

Дилрабо Самадова, раҳбари созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки шомили Эътилофи зидди шиканҷа мебошад, мегӯяд, дар ҷараёни таҳияи мониторинг дар мавриди шиканҷа гурӯҳи муҳаққиқони онҳо барои омода кардани монторинг ё худ бозрасии вазъи шиканҷа онҳо вориди биноҳои СИЗО мешаванд ва бо афроди боздоштшудаҳо суҳбат мекунанд.

Ба гуфтаи Самадова, ҷабрдидаҳое, ки дар шароити боздошт ҳастанду шиканҷа мешаванд, аксаран аз ошкор кардани ин ҳодиса дар шароити боздоштгоҳ меҳаросанд. Танҳо баъди ҳукми додгоҳу интиқолашон ба маҳбас омода мешаванд дар бораи он чи ки аз сарашон гузаштааст, нақл кунанд. Самадова гуфт, дар деворҳои ҳама муассисаи ислоҳӣ телефонҳои созмонҳои онҳо навишта шудааст ва зиндониҳо метавонанд дар сурати таҳдиду шиканҷа ба онҳо занг зада хабар диҳанд. Вай гуфт, дар муқоиса бо солҳои гузашта «сол ба сол вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст, хусусан дар қисмҳои ҳарбӣ тартибу низом дида мешавад».

"Дар боздоштгоҳи мо шиканҷа нест"

Шарафҷон Раҷабов, сардори шӯъбаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият дар муасиссаҳои пушида ру ба беҳбуд меорад ва дар сурати ба дасти онҳо омадани шикояте аз шиканҷа, ин мавод "зуд санҷида мешавад". Вай гуфт, дар бархе ҳолатҳо ин шикоятҳо тасдиқ намешаванд: "Ҳатто созмони зидди шиканҷа ҳам ба мо ариза пешинҳод карданд, ки як нафар дар натиҷаи шиканҷа дасташ шикастааст, вале вақте ки мо санҷиш гузаронидем, исбот нашуд. Воқеан нисбати солҳои пешин вазъият хуб аст", гуфт ӯ.

Дар як тамоси телефонӣ сардори Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ингуна гузоришҳо дуруст нестанд”. Садриддин Шарифзода дар посухи мухтасараш гуфт, ки дар сурати вуҷуди оссори лату кӯб дар бадани боздоштшуда мутахассисони тиббии боздоштгоҳҳо ин фактҳоро мавриди санҷиш ва ҳам гумонбаронро аз муоинаи тиббӣ мегузаронанд. Вай гуфт, прокурорҳои назоратӣ ҳам дар ин сурат санад дуруст мекунанд.

Вай гуфт: "Дар боздоштгоҳи мо бадрафторӣ карда намешавад ва дар девори СИЗО матни кодексҳои ҳуқуқӣ овехта шудааст”. Шарифзода гуфт, ки дар муддати 6 моҳи охир ҳеҷ аризае бо шикоят аз шаҳрвандони боздоштшудаҳо ва аз тарафи хешовандони онҳо нарасидааст.

Эътилофи зидди шиканҷа соли 2011 ташкил шуда, ба ҳайати он 11 созмони ҷамъиятӣ ва 8 ҳуқуқшиносу рӯзноманигор шомил ҳастанд. Ҳадафи ин эътилоф мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон буда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳукуматии ин кишвар талош мекунад ба мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон расидагӣ кунад.

Дар давоми шаш соли охир ин эътилоф инчунин барои баррасии қазияҳои пурсарусадои шиканҷаи сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ мусоидат карда, дар пардохти ҷуброни маънавии ҷабрдидаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани омилони бадрафториҳо нақши иштирок кардааст.

"Маро зада мехостанд гуноҳи дуздиро ба гардан гирам"

Ҳабибулло Ризоев, як сокини 26-солаи ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барои латукӯб шуданаш дар идораи полиси маҳаллӣ ба додситонии наҳияи Ҳисор шикоят кардааст, вале то ҳанӯз намедонад, ки даъвои ӯро пайгирӣ мекунанд ё на. Ризоев гуфт, дар яке аз рӯзҳои моҳи майи соли равон кормандони милиса ӯро дар назди як мағоза бо ҷурмӣ дуздии пул боздошт намуда ба шӯъба бурданд. Ризоев иддао мекунад, ки аз соати тақрибан 8:30-и субҳ то 12-и рӯз ӯро шадидан латту кӯб ва шиканҷа карданд, то ки дуздиро ба гардан гирад:

“Ду корманди милиса маро шинонида дар сарам ба мушту лагад мезаданд ва ҳар лаҳза ба номи модараму хоҳарам дашномҳои қабеҳ дода мегуфтанд, ки “чаро пули мағозаро дуздидӣ?” Ин пули музди кори худам буд ва онҳо маро туҳмат мекарданд. Вақте мегуфтам, ки “ман пул надуздидаам”, онҳо сахттар мезаданд ва бо боқлашкаи дарунаш қумдор дар тахтапуштам мезаданд.

Баъд милисаҳо гуфтанд, ки ҳоло ду шоҳид меорем ва ду фурӯшандаи мағозаеро, ки ман аз дохилаш берун шуда будам, даъват карданд. Аз онҳо пурсиданд, ки “ҳамин бача пул дуздид?”. Онҳо гуфтанд, ки мо ӯро намешиносем, он бача дигар буд. Баъди ин ҳолат падарам омад ва гуфт, ки ба вазорат шикоят мебарам ва дар соати 12 рӯз маро ҷавоб доданд. Ман ба прокуратураи ноҳия аз болои милисаҳо шикоят кардам”.

Падари Ризоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 17 август гуфт, ки баъди ин ҳодиса онҳоро намояндагони прокуратура даъват карда баёнот гирифтанд ва гуфтанд, ки нисбати се корманди шӯъбаи умури дохила аз рӯи моддаҳои "баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ" ва "шиканҷа" парванда боз шудааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, дигар ҳеҷ хабаре нашуд ва ӯ намедонад, ки баррасии ин қазия ба куҷо расид.

Даъвати Раҳмон барои адами истифодаи "усулҳои нораво"

Анвар Салимов, як ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз зӯру шиканҷа пушти дарҳои бастаи боздоштгоҳҳо, иродаи қавии мақомот зарур аст, то ки кори амалӣ анҷом шавад. Вагарна, гуфт ӯ, ин ҳодисаҳо решакан намешаванд:

“Агар афроде, ки дар боздоштгоҳҳо, ки аксар кормандони зудамал (оперативник) мебошанд ва бо дастгиршудаҳо муносибат мекунанд, дар вақти даст задан ба шиканҷа боздошт ва ба ҷазо кашида шаванд, шояд мизони шиканҷа кам шавад, вале мушкили аслии идома ёфтани ин мушкил ба хомуш будани боздоштшудаҳое марбут аст, ки шикоят намекунанд ва ё дар вақташ муроҷиат намекунанд”.

Салимов гуфт, аксар ҷабрдидаҳо метарсанд, ки дар бораи шиканҷа шуданашон шикоят кунанд, то ки бештар мавриди зуроварӣ қарор нагиранд. Аз сӯи дигар, гуфт ӯ, кормандони ҳифзи қонун бояд дар заминаи ҷилавгирӣ аз бадрафториҳову хушунат давраҳои омӯзишӣ гузаранд ва муомилаи қонунӣ бо боздоштшудаҳоро бидонанду риоя кунанд.​

Моҳи апрели соли 2012 раисҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки “ба усулҳои нораво ҳангоми таҳқиқ ва тафтиши парвандҳои ҷиноятӣ роҳ надиҳанд.” Моҳи апрели ҳамон сол ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои бори аввал банди алоҳидаи “шиканҷа” ворид ва ба омилони навъҳои мухталифи шиканҷа ҷазо таъйин гардид, ки мизони ҳадди аксари он то 20 соли зиндондро дар бар мегирад. Моҳи июни соли 2012 Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарореро “Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза зидди шиканҷа” ба тасвиб расонд.

Вале Тоҷикистон то ҳол тавсияи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба масъалаи шиканҷаро напазируфта ва аз имзои протоли иловагии Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо шиканҷа ва дигар навъҳои бадрафторӣ худдорӣ кардааст. Дар сурати тасвиби ин санад, Тоҷикистон вазифадор мешавад, ки ба нозирони байналмилалӣ иҷоза бидиҳад, ки худашон ба кишвар омада ва вазъи зиндонҳову боздоштгоҳҳои кишварро таҳқиқ кунанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG