Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Бадахшон: "Дар Хоруғ амалиёти ҳарбӣ намешавад" САДО


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Барои халъи силоҳ ва хунсо кардани гуруҳҳои, ба қавли мақомот, ҷиноятпеша дар шаҳри Хоруғ амалиёти ҳарбӣ сурат нахоҳад гирифт. Ин хулосаи ҷаласаи чорсоатаи мақомот дар Бадахшон аст, ки рӯзи 16-уми октябр бо ҳузури беш аз 200 намояндаи ҳукумату ниҳодҳои қудратӣ, вакилони маҳаллӣ ва халифаҳову фаъолон баргузор шуд.

Ёдгор Файзов: "Ниёзе ба амалиёт дар Бадахшон вуҷуд надорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим

Масъалаи бекорӣ ва омодагӣ ба зимистон аз масъалаҳои ҷиддие ҳастанд. Сарфи назар аз харҷи маблағҳои зиёди буҷет инҷо мушкилот бисёр аст: бекорӣ, набудани замин, даромади ками иқтисодӣ, нигаронӣ аз нархҳои бозор.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон, баъди ҷаласа дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, барои истифода аз нирӯи низомӣ дар минтақа зарурат нест. Ӯ гуфт, ки силоҳҳои боқимонда ихтиёрӣ супурда мешаванд.

"Дар дасти сокинон яроқ нест, аммо дар дасти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ аст. Корҳо хуб ҷараён дорад ва ҳоҷат ба истифодаи нерӯ нест. Имконият ва ақли солим ҳаст ва ягон ҷойи мушкил нест. Танҳо аз мардум дархост шуд, ки фарзандони худро соҳибӣ кунанд ва нагузоранд, ки онҳо ба ягон гуруҳ шомил шаванд", - шарҳ дод Файзов.

Ёдгор Файзов
Ёдгор Файзов

Ҷаласа баъди як моҳи интиқоди раиси ҷумҳур баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми сентябри имсол дар мулоқот бо мақомот, фаъолон ва сокинони Бадахшон аз вазъи феълии тартибот дар вилоят ва бахусус шаҳри Хоруғ башиддат интиқод карда буд. Танқидҳои президент ба рейдҳову амалиёти интизомии якмоҳа сабаб шуд. Дар ин амалиёт мардум ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба халъи силоҳ водор шуда, мошинҳои сиёҳшишаву берақам боздошт шуданд. Президент ба мақомоти вилоят як моҳ фурсат дода буд, ки тартиботи ҷамъиятӣ пурра барқарор шавад.

Файзов: “Мушкили иҷтимоии мардум бояд ҳал шавад”

Мақомоти вилояти Бадахшон мегӯянд, ислоҳи вазъ дар Хоруғ охирин мушкили онҳо нест ва дар пеш сахтиҳои зиёде доранд. Ёдгор Файзов, раиси нави Бадахшон, мегӯяд, феълан дар назди ӯ ҳалли мушкили иҷтимоии мардуми вилоят меистад, ки бояд ҳарчӣ зуд бартараф шаванд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Файзов, ӯро масъалаҳои омодагӣ ба зимистон, роҳ, таъмини сӯзишворӣ ва таъмини хӯроки чорво ба ташвиш меорад. “Масъалаи бекорӣ ва омодагӣ ба зимистон масъалаҳои ҷиддие ҳастанд, ки бояд бо онҳо кор кунем. Сарфи назар аз харҷи маблағҳои зиёди буҷет инҷо мушкилот бисёр аст: бекорӣ, набудани замин, даромади сусти иқтисодӣ, нигаронӣ аз нархҳои бозор. Албатта, ки ин мушкилиҳоро дар як-ду рӯз ҳал кардан имкон надорад”, - афзуд ӯ.

"Саймумин Ятимов гуфт, Бадахшон захираи интеллектуалии инсон аст"

Дар идомаи сӯҳбат хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ёдгор Файзов гуфт, раисҷумҳур як моҳ қабл дар мулоқот бо мардуми Хоруғ аз раиси собиқи вилоят танқид карда буд, ки "дар 27 сол Бадахшон ба давлат чӣ додааст?" - Шумо имруз чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Ёдгор Файзов дар посух гуфт: “Бадахшон ба Тоҷикистон метавонад бисёр чизҳое диҳад. Дар ҷаласаи имрӯз раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов оид ба ин масъала зикр кард, ки Бадахшон ин яке аз захираҳои интеллектуалии инсонии Тоҷикистон аст. Захираи он иборат аз шоирону олимон нависандагону арбобони сиёсӣ - шуруъ карда аз Шириншо Шотемуров то донишмандону пизишкон, ҳамчун манбаъи неруи инсонӣ аст. Дувум агар ба Тоҷикистон сармоягузории пайваста сурат гирад, Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон аст.

Агар маблағгузорӣ сурат гирад, бубинед, дар Мурғоб даҳҳо конҳо, ки аз ҳоло ба истихроҷи он шуруъ шудааст, вуҷуд дорад. Агар сармоя бошад ва сулҳу субот бошад, Бадахшон метавонад дар буҷет саҳмгузор бошад. Бадахшон маркази туризм аст, ки 10 ҳазор одам ба Бадахшон омадааст. Бадахшон ин 1400 километр сарҳади Тоҷикистон аст ва ин сарҳадро бояд ин мардум муҳофизат кунанд. Амнияти мардуми Тоҷикистонро таъмин кунанд. Бадахшон метавонанд бисёр чиз ба Тоҷикистон ва ҷаҳон диҳад, фақат ба мо лозим аст, ки волоияти қонунро таъмин кунем, сулҳу субот кунем. Бадахшон дорои потенсиали ҳам инсонӣ, ҳам гидроэнергетикӣ, ҳам манбаи туризм аст ва роҳи байналмиллӣ ба Чин аз дохили Бадахшон мегузарад".

“Мардум фаҳмид ки беқонунӣ хуб нест”

Як ширкатдори дигари ҷаласаи ҳукуматии Бадахшон вакили, маҳаллӣ​Аввалмо Хубоншоева буд. Ба қавли хонум Хубоншоева, дар ниҳояти ҷаласа мардум бо руҳияи қаноатмандӣ аз маҷлис берун омад, чун худ фаҳмиданд, ки амалиёти низомие дар Хоруғ баргузор нахоҳад шуд.

Ин вакили маҳаллии вилояти Бадахшон ҳамчунин гуфт, дар ҷаласа таъкид шуд, ки бигзор ҷинояткорон худашон барои амалашон ҷазо диҳанд ва мардумро нороҳат накунанд.

“Аз дили мардум ваҳм баромад ва онҳо хурсанд шуданд. Сардори халифаҳо ҳам баромад карда аз гуфтаҳои роҳбарии руҳонии мо мисол овард, ки мегӯянд ҳукуматро ҳурмат кунем ва шаҳрванди беҳтарин бошем. Мардум фаҳмид ки беқонунӣ хуб нест. Мақомот ҳам гуфтанд, ки то охир кор мекунем ва сарҳадро сахт муҳофизат мекунем. Чунки сарҳад дар ҳақиқат ташвишовар аст,” - афзуд хонум Хубоншоева.

Дар умум сокинони шаҳри Хоруғ ва мақомот мегӯянд, дар як моҳи гузаронидани рейдҳо вазъ дар шаҳр тағйир ёфтааст.

Аввалмо Хубоншоева, вакили маҳаллӣ мегӯяд, нопадид шудани мошинҳои сиёҳшиша ва берақам аз тағйиротҳои аслӣ дар як моҳи ахир мебошад.

XS
SM
MD
LG