Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо мошини сиёҳшишаро дар Хоруғу Шуғнон "ба танзим дароварданд" САДО


Акс аз видеои раёсати умури дохилии Бадахшон
Акс аз видеои раёсати умури дохилии Бадахшон

Телевизиони вилоятии Бадахшон бо нашри як гузорише бо такя ба иттилои раёсати умури дохилии вилоят, амалиёт ба зидди мошинҳои сиёҳшиша дар маркази ноҳияи Шуғнонро намоиш дод.

Дар ин гузориш дида мешавад, ки чӣ гуна гурӯҳе аз ҷавонон рӯкаши сиёҳи ойинаҳои мошинҳои сабукравро мекананд. Дар ин гузориш, хабарнигори телевизион мегуяд, “дар ин амалиёт, ҷавонони довталаб бо мақомоти умури дохилӣ ҳамкорӣ карда ва 50 мошини сиёҳшишаи ғайриқонуниро ба танзим дароварданд.”

Ба гуфтаи хабарнигор, амалиёт барои иҷрои дастурҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон анҷом гирифт, ки ҳафтае пеш ҳангоми суханронӣ дар ҳузури сокинони шаҳри Хоруғ, “аз зиёд будани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва нофармонии онҳо ба мақомоти интизомӣ” танқид кард.

Шишаҳои сиёҳашонро покиза кардем

Дар ин гузориш, яке аз сокинони Шуғнон мегӯяд, “Баъди суханронии раиси ҷумҳур он мошинҳои сиёҳшишаеро, ки дар ноҳия вуҷуд доштанд, оварда дар назди бинои шӯъбаи корҳои дохилӣ, шишаҳои сиёҳ ва хираашонро покиза кардем.”

Даҳҳо мошини сиёҳшишаро дар Хоруғу Шуғнон "ба танзим дароварданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
Линки мустақим

Дар ин видео дида мешавад, ки чандин мошин дар якҷо ҷамъ оварда шудаанд ва садои кандани рӯкашҳои сиёҳи оинаҳо низ ба гуш мерасад. Ба гуфтаи хабарнигор, дар маҷмӯъ дар ноҳияи Шуғнон 70 мошини сиёҳшиша, дар Хоруғ бештар аз 50 мошин, дар шаҳри Роштқалъа 10 мошини сиёшиша аз ҷониби худи ҷавонон покиза карда шуданд.

Ба гуфтаи хабарнигор, ҷавонони шаҳри Хоруғ низ худашон дар амалиёт барои ба танзим даровардани мошинҳои сиёҳшиша ширкат мекунанд ва бо Раёсати умури дохилии вилоят ҳамкории зич доранд.

Амалиёт баъди суханронии тунди Эмомалӣ Раҳмон

Амалиёти мақомоти интизомӣ дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Куҳӣ, ки ба гуфтаи хабарнигори телевизиони вилоят аз чаҳор тараф идома дорад, баъди он шурӯъ шуд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо як лаҳни тунд мақомоти вилоятро танқид кард, ки наметавонанд, монеи ҷинояткорӣ дар минтақа шаванд.

Ӯ рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон гуфт, “Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?”.

Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ асабонӣ ба назар мерасид, гуфт, барои таъмини тартибот ва амният зарур шавад “қувваҳои мусаллаҳро истифода баред”.

Амалиёти интизомӣ масъалаи ҳассос дар Бадахшон

Масъалаи амалиёт дар Бадахшон масъалаи ҳассос аст. Аз ҷумла, соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт.

Моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ дар шаҳр, сокинони Хоруғ эътироз карданд. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус кушта шуда ва чор тани дигар захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG