Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шодихон Ҷамшед: "Дар як моҳ Хоруғро ба тартиб медарорем"


акс аз вебсайти vkd.tj

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон рӯзи 21 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, боварии комил дорад, ки дар як моҳ «шаҳри Хоруғ тағйир ёфта, риояи қонун пурра барқарор мешавад».

Бояд ҳама ғуломи қонун бошанд. Касе, ки гуноҳ кардаст, агар исботи судӣ бошад, бояд дар ҷое бошад, ки муайян шудааст

Мавзӯи набуди тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ масъалаи аслии мавриди интиқоди шадиди президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мақомот ва фаъолони шаҳр буд, ки рӯзи 15 сентябр дар боғи марказии шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Дар давоми чанд рӯзи гузашта дар вилоят ҳадди аққал 12 мақом дар ҳукумати маҳаллӣ ва сохторҳои интизомии вилоят нав шуданд. Баробар бо ин, мақомоти қудратӣ рейди махсуси ошкор кардани мошинҳои сиёҳшиша, берақам ва ҳам ҳолатҳои нигаҳдории ғайриқонунии силоҳро ба роҳ монданд.

“Силоҳро насупорад, маҷбурӣ гирифта мешавад”

Раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, барои беҳтар шудани вазъ нақши ҳама аъзои ҷомеа муҳим аст ва дар баробари дигарон, зиёиён низ метавонанд дар ислоҳи вазъ дар шаҳр саҳмгузор шаванд. Шодихон Ҷамшед, ки нахустин бор баъди интиқоди президент бо матбуот сӯҳбат мекард, гуфт, мақомоти талош доранд «зиёиёнро аз ҳолати карахтӣ берун оранд» ва нақшашонро дар ҷомеа бориз кунанд.

Ба қавли Шодихон Ҷамшед, дар шаҳри Хоруғ ситоди муштараки ниҳодҳои қудратӣ таъсис ёфтааст ва корҳои поккунии шаҳр аз силоҳ идома дорад.

“Дар масъалаҳои таъмини волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ, муборизаи беамон бар зидди қочоқи маводи мухаддир ва барои пешгирии майзадагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Дар ҳама самтҳо кор ба пуррагӣ рафта истодааст,” - афзуд Шодихон Ҷамшед.

Раиси вилояти Бадахшон мегӯяд, нафароне, ки силоҳ доранд, бояд онро оварда ба мақомот супоранд, дар акси ҳол он ба тариқи маҷбурӣ гирифта мешавад.

“Силоҳ бояд дар шаҳри Хоруғ набошад. Тамоми силоҳ супурда мешавад ва он силоҳе, ки супурда намешавад, дар ҳолати зарурӣ маҷбурӣ гирифта мешавад. Дар кутоҳтарин муҳлат дар байни як моҳ бояд волоияти қонун дар ҳудуди вилоят ва пеш аз ҳама дар шаҳри Хоруғ пурра таъмин гардад. Бояд ҳама ғуломи қонун бошанд. Касе, ки гуноҳ кардаст, агар исботи судӣ бошад, бояд дар ҷое бошад, ки муайян шудааст,” - таъкид кард раиси вилояти Бадахшон.

Вале феълан мақомоти Бадахшон аз зикри ин ки дар давоми чанд рӯзи рейду санҷишҳо чӣ миқдор силоҳи ғайриқонунӣ ошкор ва мусодира шудааст, худдорӣ мекунанд.

Шодихон Ҷамшед
Шодихон Ҷамшед

Соли 2012, баъди куштори раиси идораи амнияти Бадахшон дар минтақа амалиёти низомӣ ва дар чаҳорчӯби он амалиёти халъи силоҳ баргузор шуд. Вале изҳороти ахири президент дар бораи он ки дар дасти сокинон ва "ҷинояткорони маҳаллӣ" силоҳ мемонад, суолҳои зиёде эҷод кард. Аз ҷумла ин ки ин силоҳ чӣ гуна ба дасти сокинон афтода бо кадом ҳадаф нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳамсоягии Бадахшон бо Афғонистон ва таҳдиди гурӯҳҳои мусаллаҳи шӯришӣ мояи аслии нигаронии мақомоти тоҷик мебошад, ки мегӯянд, хатари убури марз кардани ин гурӯҳҳо вуҷуд дорад.

Рейди санҷиши мошинҳо дар Хоруғ. Акс аз vkd.tj
Рейди санҷиши мошинҳо дар Хоруғ. Акс аз vkd.tj

Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон як ҳафтаи ахир дар сархати хабарҳо қарор дорад. Бахусус пас аз сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилоят мақомҳои зиёди Бадахшон барканор шуданд.

Рӯзи 15-уми сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ аз вазъи тартибот дар шаҳри Хоруғ интиқод кард.

Дар ҳамин мулоқот, ки дар боғи марказии Хоруғ бо иштироки садҳо нафар ҷараён гирифт, президент ба раиси Бадахшон ва дигар мақомоти вилоят як моҳ муҳлат дод, ки тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро дар шаҳри Хоруғ барқарор кунад, дар акси ҳол курсиашонро холӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди сохторҳои вилояти Бадахшон шарт гузошт, ки агар як ҷиноят беҷазо монад, ягон нафари онҳо дар вазифааш кор намекунанд. Раиси ҷумҳур зимни интиқод аз вазъи тартибот дар Хоруғ гуфт, “фармон додам, ман ба уҳда мегирам, лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед. Бас будагист.”

“Тангемҳои сиёҳшиша аз кӯчаҳо ғайб заданд”

Сокинони шаҳри Хоруғ мегӯянд, дар як ҳафтаи ахир тағйироти зиёдеро мушоҳида мекунанд.

Масрур Наврӯзшоев, як сокини шаҳри Хоруғ гуфт, тағйиротҳои асосӣ ин нопадид шудани мошинҳои берақам аз кӯчаҳо, коҳиши худравҳои сиёҳшиша ва аз байн рафтани тамбашавӣ дар роҳ мебошад.

Наврӯзшоев афзуд, худи ҷавонон низ аксия ташкил карда, шишаҳои сиёҳи беш аз 50 нақлиётро тоза карданд. Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, мақомот дар ҳамаи маҳалла ва мактабҳо мардумро ҷамъ карда, маҷлис мегузаронанд ва тақозо мекунанд, ки аз бетартибӣ даст кашанд.

“Бештари мошинҳо акнун тарсида ба кӯча намебароянд, чун ҳуҷҷат надоранд. Ба ин восита дар кӯчаҳо дигар тамбашавӣ нест. Пештар дар Хоруғ тангемҳои сиёҳшиша зиёд буданд, аммо ҳамаашонро тоза карданд. Акнун медонӣ, ки дар мошин кӣ нишастааст. Дар кулл мошинҳои сиёҳшиша акнун дар шаҳр хеле кам дида мешавад,” - гуфт Масрур Наврӯзшоев.

Бо ин ҳама ин сокини Хоруғ мегӯяд, ҳарчанд дар кӯча ашхоси низомӣ дида намешавад, аммо кормандони БДА зиёданд ва нақлиётҳоро тафтиш мекунанд.

Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам мегӯянд, рейдҳои онҳо чанд рӯз аст, ки идома дорад. Як масъули ҳукумати шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, аллакай давоми рӯзҳои ахир наздики 100 нақлиёт ба ҷаримагоҳи БДА оварда шудаанд.

Зимнан мақомот ирсоли ҳамагуна нерӯи иловагӣ ба Бадахшонро қотеона рад мекунанд. Ҳафтаи равон Эмомалӣ Раҳмон аксари мақомҳои қудратии Бадахшонро барканор кард ва ба ҷойи онҳо ашхоси навро фиристод. Бо фармони президент ҳамакнун Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ ҳамзамон сардори РКД дар Бадахшон аст. Дар пайи тағйироти кадрӣ дар Бадахшон ҳамчунин шаҳрдори Хоруғ, раисони навоҳии Рӯшону Роштқалъа ва ҳамаи муовинони раиси Бадахшон низ мақомҳои худро аз даст доданд.

Шаҳри Хоруғ бо беш аз 29 ҳазор аҳолӣ маркази вилояти мухтори Бадахшонӣ кӯҳӣ аст. Ба хотири кӯҳҳои осмонбӯси минтақа, Хоруғ макони марказии ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шумор меравад. Роҳҳои мошингарду кӯҳӣ Хоруғро бо Ӯши Қирғизистон, Бадахшони Афғонистон, Ҷумҳурии Чин ва шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар шаҳр се донишгоҳ амал карда, чанд корхонаи дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, осоишгоҳҳову нирӯгоҳи барқи обӣ амал мекунад. Вале боз ҳам сокинон аз камбуди кор азият мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG