Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои Толиб Айёмбеков бо раиси Бадахшон бар сари чӣ буд? САДО


Толиб Айёмбеков

Яке аз намояндагони гурӯҳҳои бонуфузи вилояти Бадахшон мегӯяд, нигаронӣ аз сарнавишти ду ҷавоне, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе буданд ва гӯё мавриди бадрафторӣ қарор гирифтаанд, боис шуд, то ба раиси вилояти Бадахшон шикоят кунанд.

Толиб Айёмбеков нагуфт, ки ҳамроҳ бо ӯ дар мулоқот бо раиси вилоят киҳо ширкат карданд. Аз онҳо фақат "ҷавонҳои маҳаллӣ" ва "хешовандони зиндониҳо" ном бурд.

Толиб Айёмбеков рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сарнавишти ду маҳбусро дар чанд мулоқот бо раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед матраҳ кард ва аз ӯ хоста буд, ки барои ҳимоя аз ин сокинони Хоруғ дар зиндон мусоидат кунанд. Ин шарҳи Айёмбеков ба суоле буд, ки моҷарои ӯ ва чанд сокини дигари Хоруғ бо раиси вилоят то куҷо ҳақиқат дорад.

Раис: Фурсати суҳбат нест

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон, рӯзи 19-уми сентябр ба суоли мо дар ин робита посух надод ва гуфт, “ҳоло дар вилоят тағйироти кадрӣ ҷараён дорад ва фурсати суҳбат нест”.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00
Линки мустақим

Шодихони Ҷамшед
Шодихони Ҷамшед

​Толиб Айёмбеков, ки номаш шаш сол пеш дар қазияи куштори раиси Идораи амнияти вилояти Бадахшон генерал Абдулло Назаров вирди забонҳо шуд, ба Радиои Озодӣ гуфт, то сафари президент ба минтақа се дафъа бо раиси вилоят мулоқот кард. Айёмбеков зӯроварӣ ба Шодихон Ҷамшедро, ки баъзе манбаъҳои ҳукумати вилоят тасдиқ кардаанд, рад намуд.

“Шапалоқ набуд. Бо масъалаи зиндониҳо рафта будем. Як-ду нафарро дар зиндон бисёр сахт задаанд. Хешу табор хестанд. Гуфтем, ки чораҷӯӣ кунед, комиссия ташкил кунед. Маҳбасҳоро нигоҳ кунанд, ки чӣ шароит доранд. Лекин то ҳол ҷавоб нест”, - гуфт Толиб Айёмбеков ба Радиои Озодӣ.

Ду зиндонии мавриди баҳс кӣ ҳастанд?

Толиб Айёмбеков нагуфт, ки ҳамроҳ бо ӯ дар мулоқот бо раиси вилоят киҳо ширкат карданд. Аз онҳо фақат “ҷавонҳои маҳаллӣ” ва “хешовандони зиндониҳо” ном бурд.

Ба иттилои ӯ, ин ду зиндонӣ – сокинони шаҳри Хоруғ Умед Шосулаймонов ва Бобиш Одилов мебошанд, ки дар боздоштгоҳи мувақатии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешаванд. “Ҳеҷ кадоме аз инҳо бародари ман нестанд. Инҳо аз Хоруғ ҳастанд. Онҳоро дар утоқи 75 дар СИЗО-и Раёсати корҳои дохилӣ нигоҳ медоранд ва вакили мудофеъ наметавонад ба назди онҳо ворид шавад. Барои мулоқот ҳам иҷоза намедиҳанд”, - гуфт ӯ.

Ба қавли Айёмбеков, Умед Шосулаймонови 38-сола ҳамон нафаре аст, ки соли 2012, дар пайи амалиёти боздошти гумонбарони куштори Абдулло Назаров, собиқ раиси Идораи амнияти вилоят, барои итоат накардан ба мақомоти интизомӣ боздошт шуд.

Ба иттилои бархе наздикон, Шосулаймонов барои авбошӣ боздошт ва ба се соли зиндон маҳкум шуда буд. Пас аз анҷоми муҳлати зиндон Шосулаймонов озод шуд ва ахиран бо 8 гумонбари дигар дар ҳудуди вилояти Суғд бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Додгоҳ Бобиш Одиловро барои қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум кард, аммо дар бораи Шоҳсулаймонов маълумоти дигар дар даст нест.

Президент аз бозии "дугона" гуфт

Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон
Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон

Раиси ҷумҳури Тоҷикисмтон дар сафари ахираш ба Бадахшон, ки як идда тағйироти кадриро ба дунбол дошт, раиси вилоятро барои бозии дугона танқид кард. Ӯ гуфт, “раиси вилоят бозии дугона бурда, аз он тараф бо ҷинояткорон гуфтугӯ мекунад ва аз тарафи дигар ҳукумати марказиро мутақоид месозад, ки ҳама ором аст. Дилу гурда надоред, виҷдони пок надоред, ба сиёсати раҳбари давлату ҳукумат, вазифаи давлатиро холӣ кунед.»

Ҳоло маълум нест, ки дар пасманзари ин дигаргуниҳо Шодихон Ҷамшед мақомашро ҳифз мекунад ё хайр.

"Агар гӯянд, ки ин силоҳҳо дар куҷост..."

Бадахшон аз минтақаҳои стратегии Тоҷикистон аст, ки бо Афғонистони ноором марзи муштарак дорад. Ба гуфтаи баъзе тоҷирони маҳаллӣ, ин ҳамсоягӣ гардиши маводи мухаддир ва силоҳро дар минтақа ба тиҷорати сердаромад табдил додааст.

Шаш соли пеш дар пайи куштори генерал Назаров мақомот ҷавонони маҳаллиро халъи силоҳ ва дахолати онҳоро ба умури тиҷорати маводи мухаддир коҳиш доданд.

Толиб Айёмбеков ба суоли мо, ки хабари дубора ба ин минтақа ворид шудани силҳо то куҷо ҳақиқат дорад, гуфт, “дирӯз дар ҷамоати мо, дар Хоруғ, бо иштироки мақомоти қудратӣ масъалаи мошинҳои сиёҳшишаву бе рақам ва силоҳи ғайриқонунӣ дар дасти мардум баррасӣ шуд. Масъалаи мошинҳо ҳал шуд. Агар гӯянд, ки ин силоҳҳо дар куҷо аст, мо кумак мекунем.”

Шарҳҳоро бинед (27)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG