Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархостҳо аз мардуми Бадахшон як рӯз пеш аз хатми зарбулаҷал ба "гуруҳҳои ҷиноӣ"


Тафтиши мошинҳои сиёҳшиша дар Хоруғ
Тафтиши мошинҳои сиёҳшиша дар Хоруғ

Дар остонаи хотимаи зарбулаҷали мақомоти интизомии Тоҷикистон ба гуруҳҳои “муташаккили ҷиноӣ“ дар Бадахшон, муассиса ва созмонҳои давлатӣ аз мардуми вилоят хостаанд, фирефтаи чунин гуруҳҳо нашаванд ва агар силоҳе дошта бошанд, онро ба мақомот таслим кунанд.

Мақомоти интизомӣ рӯзи 13-уми октябр бо нашри як изҳороти расмӣ гуфтанд, агар «гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ» ва афроди алоҳида дар Бадахшон силоҳҳои худро то 15-уми октябр насупоранд, ба зидди онҳо аз "чораҳои бетаъхир" кор мегиранд.

Чанд муассисаву гуруҳҳои алоҳида аз вилояти Суғд ва Хатлон бо нашри муроҷиатномаҳо ба мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфтаанд, “дар ин фурсати ҳассос зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир кардан ва ба ихтиёри давлат супоридани гурӯҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед.”

Чорабинӣ ба зидди мошинҳои сиёҳшиша дар Шуғнон
Чорабинӣ ба зидди мошинҳои сиёҳшиша дар Шуғнон

Муроҷиатномаҳоро дар вебсайтҳои расмии ҳукуматҳои вилояти Суғд ва Хатлон имрӯз нашр кардаанд ва аксарияти онҳо як мазмун ва ҷумлаҳои яксон доранд.

Муроҷиатномаҳо аз номи устодон ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, гуруҳи ҷавонони ноҳияҳои Мастчоҳ ва Ҷайҳун, табибон, кормандони муассисаҳои давлатии “Тоҷикстандарт”, кормандони соҳаи алоқа нашр шудааст.

Даъват барои мусоидат ба ҷамъоварии силоҳ

Дар тамоми ин байнияҳо омадааст, ки мақомоти қудратӣ саъй доранд, ки қаламрави вилояти Бадахшонро аз унсурҳои ҷиноӣ пок кунанд ва барои ҳамин аз сокинони вилоят ва шаҳри Хоруғ “хоҳиш мекунем, ки барои пойдор намудани сулҳу осоиш дар ватани азизамон, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саъю кӯшиш намоед.”

Дар ин муроҷиатномаҳо ҳамчунин аз сокинони вилоят даъват ба амал овардаанд, ки “силоҳҳоеро, ки ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд, ба кормандони мақомотҳои қудратӣ супоранд” ва барои ихтиёран ҳозир шудани “ҷинояткороне, ки аз таъсири ҳар гуна қувваҳои ифротгаро гумроҳ шудаанд, мусоидат намоянд.” Дар муроҷиатномаҳо номи ҳеҷ гуруҳи ҷиноӣ ва ё афродеро набурдаанд.

Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатномаҳо дар Бадахшон ҳеҷ як нафар аз миёни мардуми оддӣ ба силоҳи ғайриқонунӣ ниёз надошт ва надорад, чун силоҳҳо гандум намекоранд, танҳо оташ мефишонанд ва ба сари мардум мусибат ва ғаму андуҳ меоранд.”

Наздик шудани хатми зарбулаҷал

Нашри муроҷиатномаҳо дар ҳолест, ки фардо 15-уми октябр зарбулаҷали Ситоди байниидоравии ниҳодҳои қудратӣ дар Бадахшон барои таслими ихтиёрии аcлиҳаи ғайриқонунӣба поён мерасад. Ситоди мазкур рӯзи 12-уми октябр аз гуруҳҳои ҷиноӣ ва афроди алоҳида хост, “дар муҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳаро супоранд.”

Айни замон мақомоти қудратӣ ба сокинони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, имтинон додаанд, ки “аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбат ба сокинон амалиёт гузаронида намешавад".

Дар баёнияи ситод ҳамчунин гуфта мешуд, ки аз моҳи гузашта то кунун мақомоти интизомӣ миқдори зиёди силоҳу муҳимоти ҷангиро дар Бадахшон мусодира кардаанд ва дар ин муддат аз миёни 21 нафар муттаҳам ба ҷиноят, 11 нафарашон ихтиёрӣ ба мақомот таслим шудаанд.

Айни замон садҳо нафар дар як муроҷиатномаи муштарак ба Маҷлиси Олӣ, ҳукумати Бадахшон хостаанд, зимни амалиёти халъи силоҳ ва мусодираи маводи мухаддир, эътимоди мардумро ба даст оварда ва ба хато роҳ надиҳанд.

Муроҷиати дигар: Мардумро ба ин раванд ҷалб кунед

Дар муроҷиатномае, ки дар садҳо нафар зери он имзо гузоштаанд ва дар Фейсбук нашр шудааст, омадааст: “Мо ташаббус мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳҳои ғайриқонуниро комилан дастгирӣ мекунем, чун таъсири мустақим ба амнияти минтақа ва тамоми Тоҷикистон, ба сиҳатии фарзандони мо дорад, аммо мехоҳем, ки ҷомеа ҳам ба ин раванд ҷалб шавад ва он бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ сурат бигирад.” Дар ин баёния омадааст, ки дар амалиётҳои соли 2012 ба зидди гуруҳҳои ҷиноӣ мақомот ба хато роҳ доданд, ки сабаби ҳалокати 24 нафар шуд.

Муаллифони муроҷиатнома тавсия додаанд, ки барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани авзоъ дар Бадахшон ва пешгирӣ аз ҳаргуна замина барои муноқиша, як гуруҳи нозире таъсис ёбад, ки “авзоъро мушоҳида ва контрол кунад”. Ба ин гуруҳ бояд намояндагони сохторҳои қудратӣ, ҷомеаи маданӣ, аҳзоби сиёсӣ, хабарнигорону коршиносон шомил бошанд, то ба ин васила боварии мардум ва кӯмаки онҳо дар мубориза ба зидди қочоқи маводи мухаддир ва силоҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шавад.

Яке аз онҳо ва сокини Бадахшон, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштааст, рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, авзоъ дар Хоруғ дар остонаи хотимаи зарбулаҷал мисли рӯзҳои пешина маъмулист. “Мардум мисли ҳар рӯза ба кораш идома медиҳад, ҳеҷ гапе нест, вазъ ором аст, вале ташвиш дар байни мардум ҳаст, ки чӣ мешавад.”

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, муҳимтар аз ҳама дар масъалаи халъи силоҳ ба даст овардани эътимоди мардум ва ҷалб кардани онҳо дар мубориза ба зидди қонуншиканиҳо аст.

Мусоҳиби мо ҳамчунин гуфт, ки дар Хоруғ мисли пешина маъмурони милиса аз худи Бадахшон хидмат мекунанд ва аз Душанбе ҳам омадаанд ва ҳузури мақомоти интизомӣ назар ба гузашта зиёдтар аст.

Сахтгирӣ баъди танқиди раиси ҷумҳур

Ситоди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ва аслиҳаи ғайриқонунӣ дар Бадахшон дар Вилояти Худмухтори Бадахшони Куҳӣ баъди он ташкил шуд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо як лаҳни тунд мақомоти вилоятро танқид кард, ки наметавонанд, монеи ҷинояткорӣ дар минтақа шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст мақомотро сахт танқид кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст мақомотро сахт танқид кард.

Ӯ рӯзи 15 сентябр дар мулоқот бо фаъолони Бадахшон гуфт, “Чаро чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед? Чаро волоияти қонунро таъмин намекунед? Ин чӣ хел корманди милитсия будааст, ки ман ҳисоб кардам, фақат дар шаҳри Хоруғ қариб 1000 нафар. Чӣ, чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонед?”.

Масъалаи амалиёт дар Бадахшон масъалаи ҳассос аст. Соли 2012 баъди кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Идораи амнияти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ барои боздошти гумонбарон амалиёти низомӣ анҷом ёфт.

Моҳи майи соли 2014, дар пайи як тирандозӣ дар шаҳр, сокинони Хоруғ эътироз карданд. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифт, се нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус кушта шуда ва чаҳор тани дигар захм бардоштанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG