Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Дамдор: Интихоби Ёдгор Файзов кори дуруст аст. ВИДЕО


Шодихон Ҷамшед ва Ёдгор Файзов. Акси Файзов аз саҳифаи "ХАБАРНОМА-Алмазный Юбилей" гирифта шудааст
Шодихон Ҷамшед ва Ёдгор Файзов. Акси Файзов аз саҳифаи "ХАБАРНОМА-Алмазный Юбилей" гирифта шудааст

Шодихон Ҷамшед аз мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барканор ва ба ҷойи ӯ раҳбари Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов таъйин шуд. Файзов дар ҳодисаҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ миёнрави байни ҳукумат ва фармондеҳони минтақа буд.

Одами сахтгир аст. Дар гапаш ҳам устувор. Гапи бисёр намезанад, вале шахси қотеъ аст

Фармони расмӣ дар бораи барканорӣ ва таъйини раиси нави Бадахшон рӯзи 1-уми октябр содир шуд. Бино ба ин фармон, ки хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон нашр кард, сабаби барканории Шодихон Ҷамшед "ба кори дигар гузаштан" гуфта шудааст.

Шодихон Ҷамшед, ки аз рӯи ихтисос пизишки ҷарроҳи асаб мебошад, аз соли 2013 раиси вилояти Бадахшон буд. Ӯ дар гузашта дар мақоми раиси ноҳияи Шуғнон низ кор кардааст.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони бадахшон, 56 сол дошта, зодаи деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон аст. Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм кардааст. Корро дар солҳои Шӯравӣ аз озмоишгоҳи байтории вилояти Бадахшон шурӯъ карда, баъдан ба соҳаи комсомол гузаштааст.

Ёдгор Файзов. Соли 2012, шаҳри Хоруғ
Ёдгор Файзов. Соли 2012, шаҳри Хоруғ

Дар вазифаҳои мудири шӯъба ва баъдан котиби аввали кумитаи шаҳрии комсомоли Хоруғ ва раиси кумитаи вилоятии комсомол дар Бадахшон кор кардааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор дар Бунёди Оғохон пазируфта шуд ва дар барномаҳои мухталифи ин созмон, аз ҷумла дар соҳаи беҳдошт, маориф, қарзҳои хурд ва барномаҳои рушд кор кард. Солҳои охир дар вазифаи раиси барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ сӯҳбат мекунад.

Навори видеоӣ инҷост:

Шодихон Ҷамшед барканор шуд, Ёдгор Файзов – раиси Бадахшон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00

"Ёдгор Файзов шахси қотеъ аст"

Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, аз таъйини Ёдгор Файзов ба мақоми раиси вилояти Бадахшон ситоиш кард ва гуфт, аз назари ӯ “интихоби ин шахс тасмими дуруст буд”. Амрихудои Дамдор, ки дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Ишкошим ва Ванҷ кор кардааст, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “Ёдгор Файзов бисёр шахси баобрӯ аст, мардум эҳтиром мекунад”.

Амрихудои Дамдор
Амрихудои Дамдор

Бо ёдоварӣ аз амалиёти низомӣ дар Бадахшон баъди қазияи кушта шудани раиси идораи амнияти вилоят Абдулло Назаров дар соли 2012, Амрихудои Дамдор гуфт, Ёдгор Файзов дар ҷараёни музокирот бо силоҳбадастон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши фаъол дошт ва барои ором кардани вазъ дар вилоят саҳми худро гузоштааст. “Ӯ одами сахтгир аст. Дар гапаш ҳам устувор аст. Гапи бисёр намезанад, вале шахси қотеъ аст”, - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, бовар дорад Ёдгор Файзов аз иҷрои масъулиятҳои сангине, ки бахусус баъди интиқоди президент аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар Хоруғ ба дӯшаш гузошта шудааст, мебарояд: “Ҳоло ҳайат нав шуд. Раисони шаҳру ноҳияҳо, ниҳодҳои қудратӣ иваз шуданд, дар дастгоҳ муовинон иваз шуданд. Дар рӯзҳои аввал камтар вазнинӣ ҳам кунад, лекин бо қувваи нав, бовар дорам, зуд ба ҷараёни кор ворид шуда, мушкилҳоро паси сар мекунад.”

Ӯ гуфт, мушкилтарин бахши кор марбут ба таъмини волоияти қонун мешавад.

Барканорӣ, баъди ду ҳафтаи танқиди президент

Барканории Шодихон Ҷамшед ду ҳафта баъди он сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақомотро барои роҳ додан ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар ин минтақа сахт танқид кард.

Раиси ҷумҳур ба онҳо як моҳ муҳлат дод, то лаҷоми онҳоеро бикашанд, ки қонуну қоида дар вилоятро нодида мегиранд.

Шодихон Ҷамшед
Шодихон Ҷамшед

"Дар хона расмат ҳаст? Ҳамон соле, ки раиси ноҳияи Шуғнон таъйин кардем? Ҳозир як расм бигир ва бо он муқоиса кун. Намояндаи президент дар ноҳияи Шуғнон таъйин кардам. Гирифта, тарбия карда то раиси вилоят овардам. Узви Маҷлиси Миллӣ кардам. Ба мақоми муовини раиси Маҷлиси Миллӣ расидӣ. Фақат аз худат вобастагӣ дорад", - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Шодихон Ҷамшед.

​Пас аз се рӯзи сафари раиси ҷумҳур, дар ҳукумат, додгоҳ ва Раёсати корҳои дохилии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва ҳукумати шаҳри Хоруғ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба тағйироти нав, Алишер Мирзонаботов муовини аввал, Назира Амирбекзода, Анвар Имматшозода ва Умедҷон Носиров муовинони раиси вилоят, Шоғуфрон Усмонзода раиси Додгоҳ ва Абдураҳмон Аламшозода сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Бадахшон таъйин гардиданд. Ҳамчунин, сардорони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб, сардори шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар вилояти Бадахшон ва раиси шаҳри Хоруғ иваз шуданд.

Ба дунбол амалиёти мақомот ба зидди мошинҳои сиёҳшиша дар маркази ноҳияи Шуғнон ва Хоруғ шуруъ шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG