Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ соли ҷудоии Косово аз Сербистон. ВИДЕО


Рӯзи 17-уми феврали соли 2008 Косово худро якҷониба аз Сербистон ҷудо эълон кард. Аз он замон то кунун саъй дорад, рукнҳои мустаҳками як кишвари мустақилро бисозад. Азбаски вазъи иқтисодаш бад аст, даҳҳо ҳазор сокинаш дар хориҷ кор меҷӯянд.

Мо кишвари хурд бо имконоти азиме дорем. Мо ҷавонони зираку олӣ дорем. Мо бояд барои онҳо шароит фароҳам орем ва кишварамонро бисозем

Ошӯби албаниҳо

Косово ҷавонтарин кишвари Аврупо аст. Охири солҳои 90-ум дар онҷо ошӯби албаниҳо шурӯъ шуд. Дар посух нерӯҳои Югославия амалиёти сахтеро ба зидди онҳо оғоз карданд. Баъди дахолати нерӯҳои ҳавоии НАТО ҷанг қатъ шуд ва Косово зери назорати Созмони Милал гузашт.

Аз соли 2008 истиқлоли Косоворо 115 кишвар эътироф кардаанд. Сербистону шарикаш Русия ин корро накардаанд. Дар худи Косово ниҳодҳои давлатӣ ва иқтисод батадриҷ қомат рост мекунанд. Аммо ришвахории густурда ва набуди сармояи хориҷӣ монеи рушд шудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Фақиртарин кишвари Аврупо 10-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Валон Кучитсаи 25-сола чун бисёре аз ҳамсолонаш зиндагии сахте дорад. Донишгоҳи иқтисодро хатм кардааст, вале бо фурӯши меваву сабзавот рӯз мегузаронад. Ӯ гуфт, "ҳамкорони мо ва ҳамсабақонам зиндагиашонро инҷо сохта наметавонанд. Ҳукумат кумак намекунад, вале мо таслим намешавем, кӯшиш мекунем."

Богуйевтси: Сохтани Косово осон нест

Синни миёнаи аҳолии Косово 26 сол аст. Аз назари аҳолӣ ҷавонтарин кишвари Аврупо ва фақиртарини он аст. Барои ҳамин даҳҳо ҳазор нафарашон ба хориҷ барои кор мераванд. Аммо мисли Саранда Богуйевтси ҳам ҳастанд, ки мондаанд, то дар ислоҳот дар дохил ёрӣ кунанд. Сиву се сол дорад. Ноболиғ буд, ки 14 хешовандашро сарбозони серб куштанд ва худашро маҷрӯҳ карданд. Соли 2017 дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард ва пирӯз шуд.

Саранда Богуйевтси
Саранда Богуйевтси

Саранда Богуйевтси мегӯяд, "сохтани кишвар на фақат вазифаи сиёсатмадорон, балки шаҳрвандони оддӣ низ ҳаст. Мо кишвари хурд бо имконоти азиме дорем. Мо ҷавонони зираку олӣ дорем. Мо бояд барои онҳо шароит фароҳам орем ва кишварамонро бисозем."

Сохтани Косово осон нест, чун мушкилоти ҷиддии иқтисодиву сиёсӣ дар пеш дорад. Дар остонаи 10-умин солгарди истиқлол баъзе ба ид омода мешаванд ва бисёриҳо умедворанд, ки ҳосили истиқлол оянда ва зиндагии беҳтар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG