Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Косово аз истрдоди муаллими турк даст кашид


Угур Токсой -гумонбари ҳамкори бо Фатҳуло Гюлен
Угур Токсой -гумонбари ҳамкори бо Фатҳуло Гюлен

Додситони Косова дархости истирдоди шаҳрванди Туркияро, ки ба додгоҳи Приштина фиристода буд, бозпас гирифт. Анқара Угур Токсойро дар доштани робита бо рӯҳонии турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен муттаҳам кардааст ки мақомоти Туркия ӯро ташкилкунандаи кушиши табаддулоти соли 2016 алайҳи президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кардаанд.

Дар ҷараёни мурофиаи рӯзи 14 декабр, додситон Алӣ Рекша ба додгустар гуфт, ки мақомоти Туркия барои тавҷеҳи истирдоди Угур Токсой далели кофӣ пешниҳод накарданд. Додситон ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, ки борҳо аз сафорати Туркия дархости далел кард, аммо санаде нагрифт.

Ӯ гуфт, дар сурати пайдо шудани далелҳои нав додситонӣ дархости истирдодро дертар матраҳ мекунад.

Токсой из қарори додситонӣ истиқбол кард ва гуфт "шодам, ки имрӯз дар инҷо адолатро пайдо кардам".

Адем Вокши - вакили Оксой гуфт, ки агар Анкара барои исботи иттиҳоми зерҳимоияи ӯ далел медошт, кайҳо онро дар ихтиёри додситон қарор медод.

Вокуниши сафорати Туркия ба қарори додситонӣ маълум нест.

Угур Токсой муаллим аст ва моҳи октябр бо дархости додситонии Туркия, ки ӯро ба ҳамдастӣ бо Фатҳулло Гюлен муттаҳам кардааст, боздошт шуд. Токсой иттиҳомро рад кард ва Гюлен ҳам борҳо гуфтааст, ки дар табаддулоти номуваффақи моҳи июли соли 2016 даст надорад.

XS
SM
MD
LG