Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон аз НАТО метарсанд?


Эркинхон Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар Брюссел бо Ҷенс Столтерберг, дабири кулли НАТО

Бархе аз сокинони Тоҷикистон дар қатори мардуми кишварҳои дигари Шӯравии собиқ, ба мисли Русия, Беларус, Қирғизистону Қазоқистон ва Молдова дар назарпурсии Геллап (Gallup), НАТО – Созмони Паймони Атлантикаи Шимолиро барои амнияти кишвар хатарзо донистаанд. Ин пурсиш дар тӯли соли гузашта анҷом шуда, натиҷааш рӯзи 10 феврал нашр гардид.

Ҳашт дар сад дар Тоҷикистон НАТО-ро муҳофиз донистаанд

Дар миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ сокинони Косово, Албания ва Полша (Лаҳистон) ба НАТО умеду бовари зиёд доштаанд. Мизони ин бовар дар Косово ба 90 дарсад мерасад.

Созмони Геллап мегӯяд, дар ҷараёни ин назарпурсӣ ҳазор шаҳрванди аз 15-сола болои Тоҷикистон иштирок карда ва ба суолҳо ҷавоб гуфтаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 8 дарсади тоҷикистониҳо НАТО-ро барои ҳифзи амният дар кишвар муҳим хонда ва 34 дарсад эҳсоси хатар кардаанд.

Тоҷикистон аз соли 1992 бо НАТО – Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ – ҳамкорӣ дорад. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, натиҷаи пурсиши Геллап шаҳодати "орзуи бозгашт ба Шӯравӣ" ваё "ҳосили таблиғоти Русия алайҳи Ғарб ва созмонҳои низомии ғарбист". Генерали мустаъфӣ Нуралишоҳ Назаров рӯзи 11 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ натиҷаи пажӯҳиши созмони Геллапро, бо таваҷҷуҳ ба инки як бахши аҳолӣ зодаи даврони Шӯравианд ва як миллиони дигар ҳам дар Русия кору зиндагӣ доранд, то ҳадде воқеӣ донист.

Таъсири Шӯравӣ ва таблиғоти Русия?

Нуралишоҳ Назаров. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ
Нуралишоҳ Назаров. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Ӯ гуфт, "ман худ собиқ шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравии пешин ҳастам. Дар он солҳо дар тасаввури мо чунин буд, ки НАТО як созмони низомии душманона аст." Ин генерали тоҷик афзуд, "ҳодисаҳои солҳои охир нишон доданд, ки НАТО танҳо тавсеа меёбад. Ҳарчанд ба гунаи солҳои гузашта дар қиболи НАТО ҳеҷ созмоне ба гунаи созмони Паймони Варшава вуҷуд надорад. Аммо, бо ин вуҷуд, НАТО пайваста қаламрави таҳти назорати худро ба самти шарқ, яъне Русия тавсеа медиҳад. Ва ин шояд нигарониҳои сокинони кишварҳои Шӯравии пешинро бештар кунад."

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик ба натиҷаи пажӯҳиши созмони Геллап изҳори беэтимодӣ кард. Ин коршиноси тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аслан бовар надорад, ки 34 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар бораи худи НАТО иттилои дуруст дошта бошанд, "чӣ расад ба душман хондани он".

"Ҳамкорӣ бо НАТО амри ногузир аст"

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

Вай гуфт, "мутмаинам, ки ин пажӯҳиш бар пояи ҳампаймонӣ, яъне блоксозии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон таҳия шудааст. Агарчи дар солҳои гузашта мо ҳамкориҳои судманди НАТО бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавриди мубориза бо терроризм дар Афғонистон мушоҳида кардаем. Дар қарни 21 дар заминаи афзоиши таҳдидҳои террористӣ ҳамкориҳо бо НАТО ё созмонҳои дигари низомӣ як амри ногузир аст."

Дар ҳамин ҳол, беш аз 67 дарсади пурсидашудаҳо дар Русия НАТО – Созмони Паймони Атлантикаи Шимолиро душман ва хатар барои амнияту истиқлоли худ донистаанд. 31 дарсади назардиҳандаҳо дар Қазоқистон ва 30 дарсад дар Қирғизистон низ бар ин боваранд, ки НАТО барояшон муҳофиз нест. Бар асоси натиҷаҳои ин пажӯҳиш, теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии Украина, ки талош дорад, узви Иттиҳоди Аврупо шавад, низ аз коҳиши эътимоди худ ба ин созмони низомӣ дарак додаанд. Коршиносони Геллап гуфтаанд, барояшон коҳиши эътимоди сокинони Украина ба аҳамияти НАТО бештар ҷолиб будааст.

Майли Украина ба НАТО чаро кам шуд?

Рамзи НАТО - Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ
Рамзи НАТО - Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ

"Дар соли 2016 ҳудуди 35 дарсади пурсидашудаҳо дар Украина изҳор доштанд, ки НАТО барои кишварашон хатарзо аст. Ҳарчанд як соли баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ва роҳандозии таҳримоти зидди Маскав 36 дарсади украиниҳо НАТО-ро муҳофизи худ дониста буданд. Ҳоло дубора 35 дарсади сокинони кишвар НАТО-ро барои худ таҳдид донистаанд. Аҳолии Украина аз ҷангҳои низомиёни худ бо ҷудоиталабони тарафдори Русия ва поин рафтани сатҳи иқтисод хаста шуда, ба нерӯи НАТО дар заминаи ҳалли ин қазия рӯҳафтода шудаанд", - изҳор доштаанд муаллифони пажӯҳиш.

Вале муаллифони пажӯҳиш гуфтанд, ҳатто бо дарназардошти интиқоди ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бештаре аз сокинони кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ НАТО-ро ҳамчунон муҳофизи амният ва манфиатҳои худ медонанд. Миёни кишварҳои Аврупои Шарқӣ сокинони Косово, Албания ва Полша (Лаҳистон) ба НАТО умеди зиёд доштаанд. Ин рақам дар Косово ба 90 дарсад мерасад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG