Пайвандҳои дастрасӣ

Сукути дардноки занони таҷовузшуда. ВИДЕО


Сар аз моҳи январи соли 2018 ҳазорон зан аз Косово, ки дар замони ҷанги солҳои 1988-99 аз тарафи сарбозони серб таҷовузи ҷинсӣ шудаанд, ба ҳайси осебдидагони ҷанг эътироф шуданд ва барои ҷабре, ки кашидаанд, ҷубронпулӣ мегиранд. Сарнавишти ин занон тақрибан 20 сол паси парда монд ва худи занон ҳам аз бими бадном шудан ҷабри кашидаашонро ҳам намегуфтанд.

Як зан бо номи мустаъори Дрита дар шарҳи он ҳодисаҳои ваҳшатнок мегӯяд, "онҳо моро ба як хонаи матруки бедару тиреза бурданд. Ману хоҳарамро дар як утоқ монданд. Дар долон як зан ва дар утоқи дигар ду занро дидам. Фарёди шавҳарамро мешунидам, чун ӯро бо сим мезаданд. Намедонистам, чӣ кунам, назди шавҳарам биравам, ё пеши хоҳарам бимонам. Хоҳарам пешам буд ва ба гиря сар кард."

Сукути дардноки занони таҷовузшудаи Косово
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

Худи Дрита вақти сӯҳбат ҳам гиря кард. Ӯ ва хоҳараш аз шумори 20 ҳазор зане ҳастанд, ки сарбозони серб онҳоро замони ҷанги Косово таҷовуз кардаанд. Дрита ба Садои Амрико гуфт, ки баъди таҷовуз, кӯдаки батнаш афтод. Чанд сол баъд шавҳари азобу шиканҷа дидааш даргузашт.

Влора Читаку, сафири Косово дар Амрико барои кӯмак ба ин занон мусоидат кардааст. “Аксар вақт ин занон хомӯшона дард мекашанд ва худро шармсор меҳисобанд“ -мегӯяд, ӯ. Дрита мегӯяд, ҳеҷ касе дар оилаашон таҷовуз шудани ӯро намедонад: “Агар медонистанд, зиндагӣ карда наметавонистам. Бо ин доғу бадномӣ ба рӯи касе нигоҳ карда наметавонӣ."

Дрита ба ҳайси як таҷовузшуда сар аз моҳи январ 230 евро ҷубронпулӣ мегирад. Хушҳол аст, чун дигар мӯҳтоҷ нахоҳад буд. Аммо мӯҳтоҷи дигар чиз аст, мӯҳтоҷи ҳамдардӣ ва кӯмаки равонӣ. “Агар миллионҳо ҳам бигирем, ончӣ ки бо мо карданд, тамоми умр мемонад. Рӯҳи моро доғдор карданд, доғе, ки аз мағзи мо пок намешавад. Таърих таърих мемонад” – мегӯяд, Дрита.

Афви байналмилал мегӯяд, на маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид на намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Косово ягон таҷовузгарро ба ҷавобгарӣ накашидаанд. Бо гузашти 18 сол далелҳо низ кам мондаанд. “Барои ҳамин мо мехоҳем қонун ислоҳ шавад ва шоҳидонро дар сурати додани шаҳодат дар муҳокимаи парванда муҳофизат ва кӯмак кунанд” -мегӯяд, Сайан Ҷонс, намояндаи созмони Афви Байналмилал.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG