Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаннатӣ: "Фазои маҷозӣ балои ҷони мо шудааст"


Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси Маҷлиси хибрагони Эрон
Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси Маҷлиси хибрагони Эрон

Раиси Маҷлиси хибрагони Эрон аз нишасти чандсоатаи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ бо шуморе аз "мутахассисони фазои маҷозӣ" хабар дод ва гуфт, дар пайи ин нишаст қарор аст "як ҳаракате анҷом диҳанд." Аҳмад Ҷаннатӣ афзудааст, "балое аст, ки ба ҷони мо афтодааст ва агар пеши фазои маҷозиро мегирифтанд, кор ба инҷо намерасид. Ман гуфтам, ки намешавад тамоман пеши фазои маҷозиро гирифт, вале метавонем онро кунд кунем".

Дар пайи густариши эътирозҳои ахир дар беш аз 100 шаҳри Эрон беш аз 20 нафар кушта ва ҳазорон тан боздошт шуданд.

Хабаргузории нимарасмии "Тасним" рӯзи 25-уми январ хабар дод, ки Аҳмад Ҷаннатӣ ин масъаларо дар нишасти муштараки ҳайати раҳбарии Маҷлиси хибрагони раҳбарӣ бо комиссияҳои дохилии худ баён кард. Он тавр, ки Ҷаннатӣ гуфтааст, Оятуллоҳ Хоманаӣ "рӯзи сешанбе бо шуморе аз мутахассисони фазои маҷозӣ нишасти чандсоата баргузор кард ва дар мавриди ин масоил сӯҳбатҳои муҳиме анҷом шуд."

Ӯ ба мӯҳтавои ин мулоқот ишорае накард, аммо афзуд, дар пайи он қарор аст "як ҳаракате анҷом диҳанд. Муҳим ин аст, ки бояд бидонем чӣ бояд кард ва чӣ касе бояд ин корро анҷом диҳад".

Раиси Маҷлиси хибрагон бидуни ишора ба ҷузъиёт изофа кард, "бояд афродеро, ки нотавон ҳастанд, тағйир дод ва афроди тавоноро мавриди истифода қарор диҳем. Пас, бояд таҳаввулоте дар ин ташкилот ба вуҷуд биояд."

Оятуллоҳ Хоманаӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ

Ҷараёнҳои муҳофизакор дар Эрон ҳамеша бо шак ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет нигоҳ карда, аз он ба унвони маҳалле, ки аз тарафи "душман" мавриди истифода қарор мегирад, ном мебаранд. Аҳмад Ҷаннатӣ дар суханронии худ изофа кард, "метавонистанд онро аз қабл назорат кунанд ва нагузоранд ин қадар бо суръати баланд биравад... мо куллан наметавонем пеши онро бигирем, ин нашуданӣ аст, вале метавонем онро кам бикунем."

Аҳмад Ҷаннатӣ дар идома ба Чин ва Ҷопон ишора кард ва гуфт, ин ду кишвар низ фазои маҷозиро контрол мекунанд ва агар чунин намекарданд, ин ҳодисае, ки дар Эрон ба вуҷуд омад, сад баробар бадтар дар онҷо ба вуҷуд меомад". Вай амнияти мавҷуд дар ин ду кишварро бинобар "контрол"-и интернет донист ва афзуд, ки бар асоси ҳамин намуна, "метавон дар Эрон низ ин корро кард."

Раиси Маҷлиси хибрагон аз қавли афроде, ки номе аз онҳо набурд, низ гуфт, "албатта гуфта мешавад, ки як миқдор дер шуд ва дар ҳодисаҳои ахир пеши онро нагирифтем ва нооромиҳо ба вуҷуд омад."

Дар пайи густариши эътирозҳои ахир дар беш аз 100 шаҳри Эрон, ки беш аз 20 нафар кушта ва ҳазорон боздошт шуданд, шабакаҳои иҷтимоӣ монанди Инстаграм ва Телеграм масдуд гардид.

Масдуд кардани Телеграм дар Эрон эътирози бисёре аз ниҳодҳои ҳуқуқи башарро дар пай дошт. Пас аз эътирозҳои ахир бархе аз мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон хостори ҷойгузинии паёмрасонҳои хориҷӣ бо паёмрасонҳои дохилӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG