Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи порлумонии Эрон бо эътирозгарони зиндонӣ мулоқот мекунад


Даромадгоҳи зиндони Евин - яке аз зиндонҳои шадидтарин дар Эрон

Матбуоти Эрон менависад, аъзои порлумон бо зиндониҳое мулоқот мекунад, ки дар ҷараёни эътирозҳои саросарии охири моҳи декабр боздошт шуданд. Хабаргузории ISNA рӯзи 21 январ ба нақл аз қавли Ҳасан Наврӯзӣ, сухангӯи Кумитаи адлияи порлумони Эрон гуфт, ки "дархости мо имрӯз тасдиқ шуд".

Гузориш мегӯяд, ки мулоқот рӯзи 28 январ сурат мегирад ва танҳо теъдоди хурди аъзои кумита бо маҳбусон дар зиндони Евини Теҳрон дидор хоҳанд кард.

Оллоҳиёр Маликшоҳӣ раиси кумитаи адлияи порлумон ба хабаргузории дигари наздик ба ҳукумати Эрон - ILNA гуфт, ки интизор меравад ҳудуди 10 қонунгузор ҳамчун бахши ин гурӯҳ ба маҳбас роҳ ёбанд.

Аз замони тазоҳуроти охири моҳи декабр, ки Эронро такон дод, бори аввал аст, ки бо зиндониҳо мулоқот анҷом мешавад. Маҳмуд Содиқӣ, намояндаи порлумони Эрон теъдоди боздоштшудаҳо дар саросари кишварро, ки бо норзигӣ аз вазъи иқтисодӣ ва шароити зиндагии худ ба кӯча баромаданд, ҳудуди 3,700 нафар арзёбӣ кард. Тазоҳурот рӯзи 28 декабр, бо талабҳои иқтисодӣ оғоз шуд ва даҳҳо шаҳру навоҳии Эронро фаро гирифт, хеле зуд ба талабҳои сиёсӣ гузашт ва баъзе ҷамъомадагон барои сарнагун кардани ҳукумати рӯҳониҳо шиор доданд.

Видеоҳои охирин

Ваъдаи падари Ҳувайдо дар сари қабри ӯ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:22 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG