Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров: Фазои сиёсӣ на танҳо барои Шерзамонов, барои ман ҳам маҳдуд аст. ВИДЕО, САДО


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсила-демократи Тоҷикистон даъвати раиси бахши бадахшонии ин ҳизб Алим Шерзамонов дар мавриди муваққатан қатъ кардани фаъолияти ҲСДТ дар Тоҷикистонро ғайри қобили қабул хонд ва гуфт, ҳизби сиёсӣ бояд дар ҳар шароит нуфузи худро ҳизф кунад.

Ин посухи Зоиров ба як изҳороти Алим Шерзамонов буд, ки дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ рӯзи 20 август гуфт, дар шароити номусоиди сиёсӣ ва баъди аз саҳна рафтани ҲНИТ, ҳизби онҳо ҳам дигар наметавонад фаъолияти фарогиру ҳамаҷонибаи сиёсӣ дошта бошад.

Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узваш яке

Фаъолият дар Тоҷикистон на танҳо барои Алим Шерзамонов маҳдуд аст, барои раиси ҳизб боз бештар аз он маҳдудтар аст. Чунки барои ман ҳамчун ҳуқуқшинос кору фаъолият дар Тоҷикистон ягон зарра вуҷуд надорад

аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст. Дар гузашта ҳама талошҳои ҳизб барои касби курсӣ дар парлумон бенатиҷа анҷомида, худи ҳизб дурустии натиҷаҳои интихоботро ҳамеша зери суол бурдааст.

Рӯзи 24 август Раҳматулло Зоиров дар як мусоҳибаи ихтисосиаш бо Радиои Озодӣ дар Душанбе мавқеи худро чунин шарҳ дод:

Раҳматулло Зоиров: Ин пешниҳоди бемантиқ аст. Назари ман ҳамин аст, ки ҳизб барои мубориза ва расидан ба ҳадафҳои худ ташкил дода мешавад. Яъне ҳизб барои қатъ кардани фаъолияти худ таъсис дода намешавад. Ва ҳизб бояд дар ҳамин шароите, ки маҳдудият аст, фишор аст фаъолияти худро пеш барад. Вале дар доираи қонун. Дигар масъала ин аст, ки агар ҳукумат қонунмандиро вайрон кунад, ҳизб муваззаф аст, ки эроди худро ироа кунад ва аз ин рӯ пешниҳоди қатъ намудани фаъолияти ҳизб мантиқӣ нест ва аз нигоҳи қонун қонунӣ нест, яъне ин ғайриқонунӣ аст, зеро ҳизбро муваққатан қатъ карда намешавад. Танҳо дар он сурат имконпазир аст, ки агар дар маъракаҳои сиёсӣ мо метавонем изҳорот пахш кунем ва ширкати ҳизбро дар интихобот боздорем, дигар роҳе вуҷуд надорад ё анҷуман баргузор карда мешавад ва дар он тасими баста шудани ҳизб гирифта мешавад.

Радиои Озодӣ: Бале, вале ба таври мушаххас ба пешинҳоди Алим Шерзамонов розӣ ҳастед, ки муваққатан фаъолияти ҳизбро қатъ кунед?

Ҳизб бояд то охир фаъолияти худро пеш барад

Раҳматулло Зоиров: Не, розӣ нестам. То замоне, ки дар озодӣ метавонад фаъолият кунад, оинномаву барномаҳои худро пешниҳод мекунад, фаъолият хоҳад кард.

Радиои Озодӣ: Бубинед, Шерзамонов мегӯяд, ки ҳизб аз дохил ҳам камранг шуда нуфузашро аз даст додааст ва пешниҳоди қатъи фаъолияти онро кардааст.

Раҳматулло Зоиров: На, ман фикр намекунам, ки фаъолияти ҳизб камранг шуда бошад. Агар як давлати худкома ва тоталитарӣ бошад, бояд бо сухан не, балки дар амал фаъолият кунад. Ҳоло мо ба шакли инфиродӣ амал мекунем ва ин ба маъное нест, ки ҳизб фаъолият надорад. Вақте ки вазъият намебардорад, мо баъзе масъалаҳоро оромона бидуни изҳороту ҳаёҳу пеш мебарем ва худи Шерзамонов дар суҳбаташ гуфтааст, ки бо назардошти кадом заруриятҳо Тоҷикистонро тарк кардааст ва ҳамин тавр даҳҳо намояндаҳои ҳизби мо маҷбур ба муҳоҷират шудаанд. Ҳоло 70 дар сади аъзои ҲСДТ дар Қазоқистону Русия ва дар дигар кишвар ба муҳоҷирати корӣ машғул ҳастанд.

Рӯзи анҷуман то 9 сентябр маълум мешавад

Радиои Озодӣ: Бубинед, шумо ҳам тақрибан зуд-зуд дар сафар ҳастед ва як сол мешавад, ки дар Тоҷикистон кам пайдо мешавед ва дигар ин ки борҳо изҳор дошта будед, ки дар моҳи марти соли равон баъдан дар моҳҳои дигар анҷумани ҳизб баргузор карда мешавад, вале то ҳануз ҳамоише сурат нагирифтааст. Ин чӣ маъно дорад?

Раҳматулло Зоиров: На ин ҳеҷ маъно надорад. Мо анҷумани ҳизбро баргузор мекунем, вале дар ибтидо бояд нишастҳои шаҳриву вилоятиро созмон диҳем ва на дертар аз 5 сентябр конференсия бахши вилояти Хатлонро барпо мекунем. То рузи 9 сентябр, яъне иди Истиқлолияти

кишвар, рӯзи баргузории анҷумани ҳизбро эълон мекунем. Ва бояд бигӯям, ки таи ду сол мешавад ман тақрибан дар Тоҷикситон нестам ва бар асоси контракт якунимсол дар Қазоқистон кор кардам ва таи чанд моҳи ахир дар Русия будам. Яъне мерафтаму боз бармегаштам. Вале ин нуктаро бояд таъкид кунам, ки фаъолият дар Тоҷикистон на танҳо барои Алим Шерзамонов маҳдуд аст, барои раиси ҳизб боз бештар аз он маҳдудтар аст. Чунки барои ман ҳамчун ҳуқуқшинос кору фаъолият дар Тоҷикистон ягон зарра вуҷуд надорад.

Радиои Озодӣ: Манзуратон чӣ аст?

Раҳматулло Зоиров: Манзурам ҳамин ки барои ман ягон зарра муҳит вуҷуд надорад ва ҳатто ҳамчун адвокат наметавонам фаъолият кунам. Муҳит беҳад танг аст ва дигар ин ки ман ҳамчун раиси ҳизб на танҳо фикри молии шахси худам, бояд аз ҳизбро ҳам таъмин кунам. Дар интихоботи порлумонии соли 2015 мо беҳад маблағи зиёд харҷ кардем ва имрӯз мебояд онро барқарор кунем. Барои ин ман дар Қазоқистон ва дар Русия ин фазоро бо муҳоҷирати корӣ барқарор кардам ва дигар ин ки дар берун бо ҳизбҳои Сотсиал-демократии кишварҳои дигар ин ҳамкориро барқарор намудем.

Дар Тоҷикистон амалан низоми яккаҳизбӣ амал мекунад

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар кишвари дорои низоми бисёрҳизбӣ ба таври амалӣ танҳо як ҳизби ҳокими халқии демократӣ фаъол аст, дигар ҳизбҳои расмӣ аслан ба назар намерасанд.

Раҳматулло Зоиров: Агар аз руи қонунгузорӣ нигоҳ кунем, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад ва низоми ҳизбӣ ҷой надорад. Дар кишваре, ки дар порлумонаш ду ҳизби рақобаткунанда вуҷуд надошта бошад ва як ҳизби ҳукмрон аксари курсиҳои порлумонро соҳиб бошад ва аъзои аслии он аз як ҳизб бошад, ин системаи яккаҳизбӣ аст. Ва дар Тоҷикистон шаклан як ҳизб вуҷуд дорад, ин ҳизби ҳукмрон аст ва панҷ ҳизби дигаре вуҷуд дорад, ки ҳизби вобастаи ҳизби ҳукмрон аст ва як ҳизби дигар бо номи ҲСДТ аст, ки ба он ҳамчун ҳизби “ӯгай” муносибат мекунанд.

Анҷумани нирӯҳои созанда дар Тоҷикистон реша надорад

Радиои Озодӣ: Оид ба таҳавулоти сиёсии ахир мехоҳам ёдовар шавам, ки ба тозагӣ “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”, ки ҳамчун созмни мухолиф ба ҳукумати Тоҷикистон амал мекард, бо пахши як баёния аз қатъ шуданаш фаъолияташ хабар дод. Назари шумо чӣ аст?

Раҳматулло Зоиров: Ман аз ибтидои таъсиси ин созмон ё иттиҳодия умед надоштам ва дар он шахсиятҳое ҷамъ шуда буданд, ки идеологияи ягона надоштанд ва шахсиятҳое, ки анҷуманро таъсис доданд, ҳамақида набуданд. Дигар ин ки аксарияте ки ба он шомил шуданд, ба ном зоҳир мешуданд. Ва дигар ин ки онҳо дар дохили кишвар намоянда надоштанд. Ва вақте ки онҳо дар дохили кишвар ҳузур надоштанд ва аз манофеи мардум ҳимоят карда наметавонистанд, бо ин шакл ва бо ин роҳ муваффақ шуда наметавонистанд. Ва созмоне, ки дар дохил реша надошта бошанд, амалан ҳухзур надошта бошад, фаъолияти он танҳо бо шиорпартоиву лозунг маҳдуд мешаваду тамом.

XS
SM
MD
LG