Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷуман пароканда шуд. Атовуллоев ба Душанбе баргаштанист. САДО


Додоҷон Атовуллоев

Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ки худро ташаккули иборат аз эътилофи созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат муаррифӣ мекард, бо пахши изҳороте гуфт, ки фаъолияти худро қатъ намуд. Ин созмон қарори қатъи фаъолияташро рӯзи 21-уми август қабул кардааст. Анҷумани нирӯҳои созанда, ки моҳи апрели соли 2015 дар заминаи созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ ва ғайриқонунии “Гурӯҳи 24”, “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва чанд гурӯҳи хурди дигар таъсис ёфт, мегӯяд, 60-70 узв дорад, ки аксарият дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Орзуи ман, мисли орзуи ҳар шаҳрванде, ки ватанашро дӯст медорад, бозгашт ба Тоҷикистон аст. Аммо на таслим шудан ба ҳукумат.
Додоҷон Атовуллоев

Гадоев: "Мутаассифона, ба ҳеҷ пирӯзии сиёсӣ ноил нашудем"

Изҳорот аз раҳбари раёсати Анҷуман рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев ном набурда, вале ӯро ба гирифтани тасмимҳои “худсарона ва бидуни машварат бо аъзои раёсат” муттаҳам кард. Инчунин гуфта шуд, ки “ӯ бо ҳукумати Тоҷикистон музокироти пинҳонӣ дорад.” Изҳорот дар баробари кори сохтор ҳамчунин ба барномаҳои анҷуман дар радиои интернетии Zello хотима гузошт.

Ин барнома бо пахши сӯҳбату изҳороти шадидуллаҳни аъзои мухолифин алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам гоҳе баҳсу ҷанҷолҳои муҷриҳо бо шунавандаҳо, ки аз ҳукумат пуштибонӣ мекарданд, маъруф буд.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, яке аз муассисони Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, рӯзи 22-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эътироф мекунад, ки дар давоми ду соли охир Анҷуман натавонист барномаву ҳадафҳои худро пиёда созад. “Мутаассифона, мо дар давоми ду сол ба ҳеҷ пирӯзии сиёсӣ ноил нашудем. Дастовардҳо бисёр хурданд. Вале мо тавонистем, муддати ду сол то андозае фазои сиёсии Тоҷикистонро гарм нигоҳ дорем. Нокомии зиёдро мо дар сохтори нодуруст ва тарзи корбарии худи анҷуман медонем. Зеро дар дохили сохтор шахсиятҳое буданд, ки эҳсосотӣ ҳастанд ва худсарона амал мекарданд", - гуфт ӯ.

Атовуллоев: Проекти исломӣ ҳамаро ба чоҳ мекашад

Аммо Додоҷон Атовуллоев, раҳбари акнун собиқи Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон мегӯяд, изҳороти аъзои раёсати анҷуман барояш ногаҳонӣ буд ва ӯ аз баргузории ҷаласаи аъзои раёсат хабар надошт. Атовуллоев шоми 22-юми август дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори қатъи фаъолияти анҷуманро ҳамкорони собиқаш ду рӯз баъд аз аз он пахш карданд, ки ӯ дар охирин сӯҳбаташ дар шабакаи Зелло дар бораи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тунд сӯҳбат кард. Додоҷон Атовуллоев дар навбати худ Шарофиддин Гадоевро дар “пуштибонӣ аз ҲНИТ” айбдор мекунад.

Собир Валиев, яке аз муовинони раиси Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон шаби якшанбеи гузашта эълон кард, ки ин созмон хориҷ шуд
Собир Валиев, яке аз муовинони раиси Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон шаби якшанбеи гузашта эълон кард, ки ин созмон хориҷ шуд

Ӯ афзуд, ​“ман бар он ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро ба чоҳ мекашад. Зеро на минтақа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне мо дидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро қабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, ки ҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод.”

Дар посух ба ин иттиҳом, шоми 22 август Шарофиддин Гадоев ин гуфтаҳоро рад кард ва гуфт, "мушкили мо ҳеҷ рабте ба ҲНИТ надорад. Ва мо бо ҲНИТ муттаҳид шуданӣ ҳам нестем. Мо ба як эътилоф ниёз дорем ва барои ин омодагӣ мебинем".

"Сукут ба маънои беамалӣ нест"

Тамоми кӯшишҳои мо барои ислоҳот аст, барои ислоҳи иштибоҳҳое, ки аз ҷониби идораи давлат сурат мегирад. Ҳадафи мо расидан ба қудрат нест.
Шарофиддин Гадоев

Анҷумани нирӯҳои созанда, ки мегӯяд, аз ҷониби соҳибкорону рӯзноманигорон ва ҳам ҷавонони таҳсилкарда таъсис ёфта, аксар тарафдоронаш дар хориҷ аз Тоҷикистон муқимӣ шудаанд, аввалин ташаккуле буд, ки иддао кард чанд гурӯҳи сиёсии мухолифи ҳукуматро дар хориҷа ба ҳам овардааст ва ба як нирӯи сиёсӣ табдил шудааст. Вале бархе мунаққидон мегӯянд, ин ташаккул натавонист аз худ ба унвони як созмони муттаҳиду дорои барнома ва стратегияи мушаххас дарак диҳад. Муборизаҳои сиёсии онҳо гӯё бо баҳсҳо дар шабакаи интернет ва ё барномаҳои радиоӣ дар шабакаи Интернет маҳдуд мешуд.

Додоҷон Атовуллоев гуфт, воқеан ҳам ин созмон наметавонист тамоми корҳои худро расонаӣ кунад ва бештари кораш, аз ҷумла мулоқот бо дипломатҳову сиёсатмадарону намояндагони ҳукуматҳои мухталиф пиҳонӣ ҷараён гирифтааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, “сукут ба маънои беамалӣ нест ва базудӣ натиҷааш маълум мешавад”. Ин рӯзноманигор мегӯяд, дар миёни афроде, ки худро “мухолиф” меноманд ва дар хориҷа ба сар мебаранд, нафарони зиёде ҳастанд, ки ҳадафи мушаххас надоранд. Вай мегӯяд, аз назари ӯ Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон бояд “як алтернативаи демократӣ ва ташаккули озодандешон” бошад.

“Музокирот бо наздикони президент”

Додоҷон Атовуллоев солҳои охир дар Олмон ба сар мебарад. Акс аз бойгонӣ
Додоҷон Атовуллоев солҳои охир дар Олмон ба сар мебарад. Акс аз бойгонӣ

Додоҷон Атовуллоев дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки ӯро дар пешбурди музокироти пинҳонӣ бо наздикони президент айбдор мекунанд ва ӯ қасд надорад, ки ин таҳаввулотро пинҳон кунад.

Атовуллоев гуфт, шахсан бо наздикони президент сӯҳбат доштааст ва дар ин музокирот масъалаи бозгашташ ба Тоҷикистон матраҳ аст: “Орзуи ман, мисли орзуи ҳар шаҳрванде, ки ватанашро дӯст медорад, бозгашт ба Тоҷикистон аст. Аммо на таслим шудан ба ҳукумат. Агар ман равам ва музокироти мо натиҷае диҳад, ҳатман мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон ва аъзову тарафдорони мо огоҳ хоҳанд буд”. Ӯ гуфт, “як муколама, як гуфтугӯ бо намояндаи ҳукумат ҳанӯз ҳам давом дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ман аллакай таслим шудам”.

Додоҷон Атовуллоев, муассиси нашрияи “Чароғи рӯз” ва аз рӯзноманигорони мунтақиди ҳукумат аст, ки солҳои ахир дар Олмон ба сар мебарад. Соли 2008 додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Атовуллоев аз рӯи моддаи “таҳқири шахсияти президент” парванда боз кард ва ӯро дар пайгард қарор дод.

Анҷуман: Ба мо қудрат лозим нест, мо тарафдори ислоҳотем

Аъзои раёсати Анҷумани нирӯҳои созанда мегӯянд, баъди қатъи кори созмон акнун дар фикри тағйири стратегия шудаанд ва ният доранд, созмонеро ташкил кунанд, ки тавонад ҳукумати Тоҷикистонро ба роҳандозии ислоҳот водор кунад. Шарофиддин Гадоев мегӯяд, дар ин ҷода мавқеи ӯ ва аъзои дигари раёсат – Собир Валиев, Сулаймон Давлатов, Алишер Раҳимов ва дигарҳо як аст.

Сулаймон Давлатов
Сулаймон Давлатов

“Тамоми кӯшишҳои мо барои ислоҳот аст, барои ислоҳи иштибоҳҳое, ки аз ҷониби идораи давлат сурат мегирад. Ҳадафи мо расидан ба қудрат нест. Ҳадафи мо эҷоди як ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ аст. На инки як кас муайян кунад, одам чӣ гуна роҳ равад. Вале ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ислоҳотро намехоҳад”, - афзуд ӯ.

Шарофиддин Гадоев мегӯяд, то имрӯз фаъолияти Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон бидуни пуштибонӣ аз берун ё кишвару созмонҳои хориҷӣ, балки бо сармояи аъзои он пеш рафтааст. Дар бархе ҳолатҳо, гуфт ӯ, барои онҳо сармоядороне дар дохили Тоҷикистон кумак кардаанд, ки тарафдори ислоҳот ва пешрафт дар ҷомеаи ин кишвар мебошанд.

Созмонҳое мисли “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” асосан дар Русия арзи ҳастӣ карда, маълум нест, теъдоди тарафдоронашон дар Тоҷкистон чӣ қадар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG