Пайвандҳои дастрасӣ

Калестинӣ: Кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ҷабрдида ҳастанд. ВИДЕО


Лучиано Калестинӣ, раҳбари Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон

ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид хостори бархӯрди муносиб бо кӯдаконе шуд, ки аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Тайи як моҳи охир 8 кӯдаки тоҷик аз Ироқу Сурия ба ватан баргаштанд. ЮНИСЕФ мегӯяд, "ин кӯдакон гуноҳ надоранд ва танҳо ҷабрдида ҳастанд"

Баъзе аз кӯдакон, дар бораи Тоҷикистон тасаввуроту маълумот надоранд. Онҳо дар он давлатҳо таваллуд шудаанд ва ягон ҳуҷҷат ҳам надоранд.

Ин созмон барои барқарор кардани ҳолати рӯҳӣ ва мутобиқ шудани чунин атфол иқдомҳое рӯи даст гирифтааст. Созмон дар навбати аввал мехоҳад, ба хонаводаҳое, ки ин кӯдакони аз падару модар маҳрумшударо қабул мекунанд, ёрии молӣ расонад.

Кӯдакон маъмулан аз Ироқу Сурия ба хонаводаҳои хешу табори худ оварда мешаванд. Ба таъкиди Лучиано Калестинӣ, раҳбари Бунёди атфоли СММ дар Тоҷикистон, барои мушкил нашудани вазъи ин хонаводаҳо ва дар шароити хуб тарбия ёфтани кӯдакон, бояд чунин оилаҳо дастгирӣ шаванд.

Радиои Озодӣ: ЮНИСЕФ бо кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳ ва урдугоҳҳои Ироқу Сурия кор мебарад. Аслан ба кӯдакон дар минтақаҳои ҷангзада чӣ кумакҳое мерасонед?

Лучиано Калестинӣ: Яке аз самтҳои аслии фаъолияти ЮНИСЕФ ин кумак ба кӯдакони гуреза равона шудааст. Аз ҷониби созмони мо бештар кумакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ, мисли хӯроку либосҳои зарурӣ расонида мешавад. Махсусан ба кӯдаконе, ки яке аз волидони онҳо дар ҷангҳо бевосита ширкат мекунанд ва осеб гирифтаанду чӣ кор карданро намедонанд. Яке аз ҳадафҳои аслии барномаҳои ЮНИСЕФ, дар ин минтақаҳои ҷангзада ба вуҷуд овардани як ҳолати мӯътадил барои кӯдакон аст. Дар баробари кумакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ, ЮНИСЕФ барои ҷалби кӯдакон ба таҳсил талош мекунад. Вақте кӯдак дар мактаб аст, худро дар ҷойи амну бехатар эҳсос мекунад. Дар чунин нуқтаҳо агар ҳам мактаб набошад, мо ба тарзи муваққат ҷойҳое ташкил мекунем, ки кӯдакон ба таҳсил фаро гирифта шаванд ва дар иҳотаи ҳамсолони худ бошанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Кӯдакони тоҷик дар Ироқу Сурия ҷабрдида ҳастанд"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:19 0:00

Радиои Озодӣ: Аммо мушаххасан дар робита ба ин кӯдакон чӣ маълумоте рӯйи даст доред?

Лучиано Калестинӣ: Дар робита ба кӯдакони тоҷик шумораи дақиқ надорем. Вале дар маҷмӯъ ин атфол бо шумули кӯдакони баргардонидашуда ҳудудан садҳо нафаранд. Кӯдаконе, ки ба Тоҷикистон оварда шуданд, онҳо аслан бе падару модар баргаштанд. Ман дар ин маврид мехоҳам ба се чиз таъкид кунам: Аввал инки кӯдакон ба хонаҳои хешу табор оварда шуданд. Дар муҳиту ҷомеае, ки онҳо ворид мешаванд, шояд ба кӯдакон бархӯрд дигар шавад ва онҳо чун як гунаҳкор қабул шаванд. Дар ҳоле ки ин кӯдакон ҳеч гуноҳ надоранд ва фақат ҷабрдида ҳастанд. Бинобар ин, на танҳо бо чунин кӯдакон, балки зарур аст бо муҳиту атрофи ӯ кор бурд. Масъалаи дигар ва бениҳоят нигаронкунанда ин аст, ки тавре мушоҳида мекунем, баъзе аз расонаҳо вақте дар бораи чунин кӯдакон мақолаҳо менависанд, синну сол, ному насаб ва макони зисти онҳоро зикр мекунанд, ки ин барои кӯдак хатари калон дорад. Ному насаби кӯдак дар гузоришҳо бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.​

Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯшоҳ бо Лучиано Калестинӣ
Лаҳзае аз суҳбати Зарангези Наврӯшоҳ бо Лучиано Калестинӣ

Радиои Озодӣ: Барои баргардонидани кӯдакон ва баъдан мутобиқ шудани онҳо дар Тоҷикистон созмони ЮНИСЕФ чӣ фаъолиятҳо мекунад?

Лучиано Калестинӣ: Дафтари ЮНИСЕФ дар Ироқ ҷиҳати муайян кардан ва баргардондани кӯдакон ба Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Салиби Сурх дар ин маврид ҳамкорӣ дорад. Мо дар инҷо кӯдакони баргардонидашударо ба кумаки равонӣ ва иҷтимоӣ фаро мегирем. Қадами оянда ин аст, ки мехоҳем кӯдакон ба таҳсил дастрасӣ дошта бошанд. Чун баъзе аз кӯдакон новобаста ба онки дар синну соли мактабхонӣ қарор доранд, ҷое таҳсил накардаанд. Мо аз нигоҳи равонӣ онҳоро барои ворид шудан ба мактаб ҳам омода мекунем. Дар навбати аввал ба оилаҳое, ки кӯдакон ба он баргардонида шудаанд, кумаки молиявӣ мерасонем. Зеро оилаҳое, ки онҳоро қабул мекунанд, эҳтимол ба дастгирии иловагӣ зарурат доранд. Аммо бояд ҳукумат ҳам дар ин маврид чораи зарурӣ биандешад.

Онҳо намедонистанд, ки чӣ интизорашон аст ва дар атрофашон чӣ мегузарад. Онҳо баргаштан намехостанд.

Радиои Озодӣ: Оё намояндаҳои ЮНИСЕФ дар Ироқ ва Сурия бо кӯдакони тоҷик сӯҳбат кардаанд? Онҳо чӣ мегӯянд ва дар чӣ ҳолат қарор доранд?

Лучиано Калестинӣ: Бале намояндагони ЮНИСЕФ дар Ироқ барои вохӯрӣ ва мулоқот бо ин кӯдакон иҷоза доранд. Аз ҷумла, онҳо бо кӯдаконе, ки ба Тоҷикистон оварда шуданд, вохӯрӣ карданд. Ҳамкорони мо гуфтанд, ин кӯдакон дар аввал бо онҳо аслан сӯҳбат намекарданд, пӯшида буданд. Онҳо намедонистанд, ки чӣ интизорашон аст ва дар атрофашон чӣ мегузарад. Онҳо баргаштан намехостанд. Баъзе аз ин кӯдакон, махсусан атфоли хурдсол дар бораи Тоҷикистон тасаввуроту маълумот надоранд. Онҳо дар он давлатҳо таваллуд шудаанд ва ягон ҳуҷҷат ҳам надоранд. Вале дар ҳама ҳолат бояд мо манфиати кӯдакро ба назар бигирем. Ҳатто зимни овардани ин атфол ҳам бояд фикру андешаи онҳо шунида шавад. Дар маҷмӯъ, мисли давлати Тоҷикистон хеле мехоҳем ин кӯдакон ҳарчӣ зудтар ба муҳити ором баргардонида шаванд. Вале баъзан бояд бо дарназардошти манфиати кӯдакон, набояд саросема шуд. Муҳим ин аст, ки кӯдак мавриди фишори бештар қарор нагирад.

Радиои Озодӣ: Яъне имкони якбораи баргардонидани ҳамаи кӯдакон вуҷуд надорад?​

Лучиано Калестинӣ
Лучиано Калестинӣ

Лучиано Калестинӣ: Албатта хеле хуб мебуд, ки ҳамаи шароит барои баргардондани кӯдакон муҳайё мебуд. Вале мо бояд аввал бубинем, ки кӯдак ба кадом оила баргардонида мешавад. Беҳтар аст, ки оҳиста вале ба муҳит ва шароити хуб баргардонида шавад. Масалан, кӯдакони як падару модарро бояд ҷудо накунем ва якҷо баргардонем. Аввал бояд омӯзгорон, мутахассиони соҳаи тандурустӣ ва афродеро, ки бо ин кӯдакон кор мебаранд, омода кунем ва шеваи муносибат бо ин гурӯҳи атфолро ба онҳо омӯзем. Дар акси ҳол кӯдак метавонад зимни ворид шудан ба мактаб, аз ҷониби омӯзгорон ва ҳамдарсон табъиз шавад.

Чор тифли тоҷик охири моҳи апрел ба Тоҷикистон оварда шуданд
Чор тифли тоҷик охири моҳи апрел ба Тоҷикистон оварда шуданд

Радиои Озодӣ: Бо кадом шева ваҳшату даҳшати ҷангро аз зеҳни онҳо мешавад дур кард?

Лучиано Калестинӣ: Аслан ин кор аз се марҳила иборат аст. Қадами аввал ин пешниҳоди иттилоъ ба кӯдакон дар мавриди инки онҳо ба кадом кишвар баргардонида мешаванд. Бояд онҳоро бовар кунонд, ки ин муҳити нав барои онҳо бехатар ва ором аст. Таҷриба нишон додааст, ки аксари кӯдакон баъди пешниҳоди маълумоти ибтидоии равонӣ, ором ва дар сӯҳбат боз мешаванд. Дувум, вақте кӯдак ба таҳсил фаро гирифта мешавад, ӯ ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанро эҳсос мекунад. Дар маҷмӯъ, агар ин ҳама гуфтаҳои боло риоя шавад ва ин атфол ба хизматрасонии иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо кунанд, 80 дарсад барқарор мешаванд ва 10-20 дарсади дигар ба нигоҳубини махсус ниёз доранд. Аз ҷумла, ба равонпизишкон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG