Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 шаҳрванди Тоҷикистон дар интизори ҳукми додгоҳи Ироқ


Додгоҳи ҷиноии марказии Бағдод

Додгоҳе дар Ироқ рӯзҳои наздик ҳукми 13 шаҳрванди Тоҷикистон - содир хоҳад кард, ки дар узвият ва ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам ҳастанд.

Азбаски қонуни зидди терроризми Ироқ хеле сангин аст, ҳукми зиндон ҳам аз 15 соли ҳабс ба болост.

“Духтарони ҷавонанд”

Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, рӯзи 24-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Бағдод гуфт, ҳукми чаҳор нафари онҳо, қарор аст, рӯзи 27-уми май дар маҳкамаи марказии парвандаҳои ҷиноии шаҳри Бағдод содир шавад. Ин хабарнигори ироқӣ, ки додгоҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Бағдодро пайгирӣ мекунад, бо такя ба манобеи додгоҳӣ гуфт, занҳои муҳокимашаванда аз 19 то 25 сол доранд ва ба гуфтааш, “духтарони ҷавонанд”. Дар байни онҳо як мард ва бақия зан ҳастанд.

Акси Нодирабегим ва бародаронаш
Акси Нодирабегим ва бародаронаш

Муҳокимаи навбатӣ дар ҳолест, ки моҳи апрел ҳамин додгоҳ чаҳор зани тоҷикро ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард. Ба гуфтаи Умар Каримӣ, яке аз маҳкумшудаҳо ба ҳукми зиндони абад зани тоҷик бо исми Нодирабегим Ҳамза мебошад. Тасдиқи исмҳои се нафари дигар феълан имкон надорад.

Исми Нодирабегим Ҳамза қаблан низ ба Радиои Озодӣ маълум буд. Нодирабегим Ҳамза, сокини 25-солаи ноҳияи Зафаробод буда, метавонад, ки соли 2015 ҳамроҳ бо се бародару модараш ба Ироқ рафта буд.

Баъзе огоҳона ва баъзеи дигар ночор ба Ироқ рафтаанд

Ҳамза Тӯрабеков, падари Нодирабегим рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари кушта шудани ду писараш ба ӯ расида буд, вале аз ҳамсару ду фарзанди дигараш ҳеҷ хабар надорад. Ӯ гуфт, пайвандонаш аз соли 2016 ба ин тараф бо ӯ тамос надоранд. "Нодирабегим ду фарзанд дошт ва ҳеҷ гоҳ бо мо сӯҳбат накарда буд"- гуфт, ӯ.

Умар Каримӣ, хабарнигори ироқӣ, ки давоми соли ҷорӣ аз мурофиаҳои зиёди хориҷиҳо мушоҳида кардааст, дар бораи занони тоҷик гуфт, аксари онҳо ҷавон буда, соҳиби фарзанд ҳастанд.

Ҳамза Тӯрабеков
Ҳамза Тӯрабеков

Ба гуфтаи ӯ, чаҳор нафаре, ки ба зиндони абад маҳкум шуданд, танҳо нафароне буданд, ки эътироф карданд, огоҳона ба қаламравҳои зери назари гурӯҳи “Давлати исломӣ” омаданд. Дигарон, ба қавли ӯ, гуфтаанд, ки шавҳаронашонро ҳамроҳӣ кардаанд ваё зери фишори шавҳару мардони дигари хонавода ба инҷо омадаанд ваё дар паи таҳдиди шавҳар, ки фарзандашро бо худ майдони ҷанг мебарад, ба ин қаламрав омадаанд”.

Ӯ гуфт, маъмулан қозии додгоҳ ба ҳамаи айбдоршавандаҳо як савол медиҳад, ки саргузашти худ ва чӣ гуна ба Ироқ омаданашонро қисса кунанд. “Азбаски қонуни зидди терроризми Ироқ хеле сангин аст, ҳукми зиндон ҳам аз 15 соли ҳабс ба боло буда, то ба ҳукми зиндони абад ва ҳукми қатлро дар назар мегирад”, - афзуд ӯ.

“Як вакил ва як тарҷумони рус кумак мекунанд”

Ба иттилои ин хабарнигор, дар муддати се моҳи гузашта 25 шаҳрванди Тоҷикистон, аксар занон дар додгоҳи марказии парвандаҳои ҷиноии Бағдод ҳукм гирифтаанд. Баррасии парвандаҳои хориҷиҳоро дар Ироқ боз як додгоҳи дигар ҳам ба ӯҳда дорад, вале дар бораи ҳукмҳои ин додгоҳ иттилое дар даст нест.

17-уми апрели 2018. Мурофиаи шаҳрвандони Русия дар Бағдод
17-уми апрели 2018. Мурофиаи шаҳрвандони Русия дар Бағдод

Умар Каримӣ гуфт, аксари занони тоҷик дар додгоҳ бечораву содда ҳастанд. Ба онҳо як вакил ва як тарҷумони русзабон кумак мекунад, вале ҷараёни муколамаи айбдоршавандву қозӣ “мисли додгоҳи шаҳрвандони Русия нест. Русҳо адвокат ва тарҷумон додаанд ва ҳар як шаҳрванди онҳо мӯшикофона ва ҳамаҷониба муҳокима мешавад.”

Мақомоти Тоҷикистон муҳокима ва ҳукми зиндони шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ироқро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, то ҳанӯз Бағдод дар бораи шахсияти онҳо маълумот надодааст. Як мақом аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, барои дастрас кардани исми шаҳрвандони кишвар расман дархост фиристодаанд, вале то кунун посух нагирифтаанд.

Ҷазоҳои сангин ба ҳамсарони ДИИШ-иҳо

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Ироқ ва Сурия аз соли 2013 пас аз ташкили гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” рафтанд. Шумораи онҳоро мақомот беш аз ҳазор нафар ҳисоб кардаанд, ки дар миёнашон 400 зану кӯдак ҳаст.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” соли 2014 пас аз ишғоли ҳудудҳое дар Сурия ва Ироқ аз таъсиси хилофати худхонда хабар дод. Аз ҷумла, ду шаҳри калидӣ - Раққа дар Сурия ва Мавсил дар Ироқ дар дасти ин гурӯҳ қарор дошт. Давоми солҳои 2016 ва 2017 бо ташдиди амалиёти гуногун ин гурӯҳ ҳудудҳои худро дар Сурия ва Ироқ аз даст дод. Садҳо нафар ҷангҷӯи ДИИШ ва ҳазорҳо зану кӯдакони онҳо ба дасти нерӯҳое афтоданд, ки муқобили ин гурӯҳ меҷангиданд.

То кунун ҳузури даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маълум шудааст. Қонунгузории Ироқ барои ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ ҷазои сангин пешбинӣ мекунад, вале дар Сурия вазъ фарқ мекунад.

Тақрибан 50 зану кӯдаки тоҷик дар Сурия

Намояндагони нерӯҳои “Дастаи худдифои курдҳо”-и Сурия мегӯянд, наздики 50 зану кӯдаки тоҷик дар чанд паноҳгоҳи таҳти назорати онҳо интизори бозгашт ба ватан ҳастанд. “Дастаи худдифои курдҳо”, ки зидди гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мубориза мебурд, қисмате аз хоки Сурияро дар марз бо Ироқ таҳти назорат дорад.

Рӯйхат ва ному насаби зану кӯдаконро ба Тоҷикистон супоридаем, то шаҳрвандони худро бибаранд.

Салоҳ Кемин, як намояндаи “Дастаи худдифои курдҳо” рӯзи 18-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, пас аз озодсозии минтақаҳои аз дасти ДИИШ ҳазорон зану кӯдаки ҷангҷӯёни ин созмони тундрав ба дасти онҳо афтод. Ҳоло онҳо дар чаҳор паноҳгоҳе, ки зери сарпарастии Кумисюни кор бо фирориёни Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Салоҳ Кемин: “Зану кӯдакон гуноҳ надоранд”

Салоҳ Кемин мегӯяд, тақрибан 50 зану кӯдаки тоҷик низ дар миёни онҳост. “Мо бо кишварҳое, ки шаҳрвандонаш дар лагерҳои таҳти назорати мо қарор доранд, тамос гирифтем. Аз ҷумла, руйхат ва ному насаби ин зану кӯдаконро ба Тоҷикистон супоридаем, то шаҳрвандони худро бибаранд. Ҳанӯз ҳеҷ талоше барои бурдани онҳо аз ҷониби Тоҷикистон нашудааст. Бисёр мехоҳем, ки онҳоро зудтар ба ватани худ бубаранд. Чун зану кӯдакон ҳеҷ гуноҳе надоранд”, - гуфт Салоҳ Кемин.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, занҳои зери назари онҳо таъқиби ҷиноӣ намешаванд ва дар ҳеҷ додгоҳе муҳокима нахоҳанд шуд. Ӯ гуфт, “мо фақат ному насаб ва шахсияти онҳоро дақиқ карда, сабт намудем, вале дар ҳеҷ додгоҳе онҳоро муҳокима намекунем. Мо ба ин назар ҳастем, ки занону кӯдакон фиребхӯрда ҳастанд ва гуноҳе надоранд. Шавҳарони онҳо ҳалок шудаанд. Худи онҳо одамоне ҳастанд, ки ба кумак ниёз доранд.”

“Дастаи худдифои курдҳо” як бахши нерӯҳои мусаллаҳи курдҳои Сурия ҳаст, ки дар мубориза бо ДИИШ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ёрӣ мегирифт. Ҳоло “Дастаи худдифои курдҳо” бо ҳукумати Башор Асад низ мушкил дорад ва гоҳо миёнашон задухӯрдҳое низ сурат мегирад, ҳарчанд, дар гузашта барои озодсозии минтақаҳое аз нерӯҳои ДИИШ бо ҳукумати Димишқ ҳамкорӣ кардааст.

Тоҷикистон чаҳор кӯдакро аз Ироқ овард

То соли 2016 бархе аз ҷангҷӯёни ДИИШ ва хонаводаҳои онҳо бо пайвандонашон дар Тоҷикистон тамос доштанд, вале баъдан тамосҳо канда шуд. Ҳоло шумораи дақиқи занону кӯдакони тоҷик дар зиндон, боздоштгоҳҳо ва паноҳгоҳ дар ҳудуди Сурия ва Ироқу маълум нест.

Танҳо моҳе пеш Тоҷикистон чаҳор кӯдаки тоҷикро аз Бағдод ба ватан баргардонд, вале сарнавишти дигар занону кӯдакон, ки мақомот ҳузурашонро дар Ироқу Сурия тасдиқ мекунанд, вале теъдоди дақиашонро намегӯянд, маълум нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG