Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: Террорист "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ "худӣ" ва "бегона" ва ё "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад". Ин матлабро оқои Раҳмон рӯзи 4-уми май дар ҳамоиши байналмилалии "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки дар Душанбе идома дорад, баён дошт.

Дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 3-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, 400 нафар намоянда аз кишварҳои мухталиф ва 30 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд. Томас Гремингер, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Владимир Воронков, муовини дабири кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ, Генри Эншер, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз ҷумлаи иштирокчиёни ин ҳамоиш мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон: Террорист "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:12 0:00

Интиқод аз "меъёрҳоди дугона" дар мубориза бо терроризм

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи ҷумъаи худ аз он нигаронӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм назари ягона надоранд. Ӯ аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм интиқод кард ва гуфт, ки "чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад."

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, ки Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбати худ ба вазъи Афғонистон дахл кард ва гуфт, ки таъмини амният дар Осиёи Миёна ба вазъ дар ин кишвар робитаи ногусастанӣ дорад. Вай афзуд, ки кишвараш бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва Душанбе нисбат ба вазъи кунунӣ дар дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад.

"Ҳушдор додем, беэътиноӣ карданд"

Ҷаноби Раҳмон сипас ишора кард, ки дар солҳои навадум бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилалӣ зарурати ҳалли қазияи Афғонистонро таъкид карда буданд, аммо "мутаассифона, дар сӯҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст."

Ин аст, ки ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин ҳушдорҳо беэътиноӣ нишон дод, то он, ки соли 2001 дар Амрико ҳодисаҳои террористӣ рух дод, "аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд."

Ҷангиёни ДИИШ куҷо шуданд?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сипас ба шаклгирии гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ва ҳамин тариқ гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироҷ ва Сурия ишора намуд ва гуфт, ки агар дар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар сафҳои Толибон намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар меҷангиданд, ҳоло дар сафҳои ДИИШ ҳузури намояндагони беш аз 100 кишвар таъйид шудааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо такя ба маълумоти дастрасшуда шумораи ҷангиёни созмонҳои тундрав дар Сурия ва Ироқро 100 ҳазор гуфт ва ишора ба аз байн бурдани шуморе аз онҳо кард. Вале айни замон бо шубҳа пурсид, "боқимондаи онҳо ҳоло дар куҷо қарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонҳо робита доранд?

Владимир Воронков.
Владимир Воронков.

Аммо Владимир Воронков, муовини дабири кулли СММ, раҳбари Дафтари зиддитерористии ин созмон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳдиди терроризм воқеан дар Афғонистон ҷиддӣ ва вазъ ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Ҷаноби Воронков афзуд, ки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва бо вуҷуди ноамнӣ дар минтақаҳои марзӣ, то ба ҳол вуруди ҷангиён ба марзи Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст ва нерӯҳои тоҷик ин тавоноиро доранд, ки дар баробари ин ҳама таҳдидҳо истодагарӣ кунанд.

"Ҳоло вазъи феълӣ дар Афғонистон, панҷ кишвари Осиёи Марказиро аз чанд нигоҳ ба ҳам наздик кардааст. Мубориза дар баробари таҳдиди терроризм, созмон додани зербиноҳои нақлиётӣ, истифаода аз захорири обии минтақа, ба ҳамгиронии кишварҳо мусоидат кардааст, ки ин хеле хуб аст”.

Рӯзе пештар аз нишасти байналмилалӣ дар Душанбе мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз таҷаммуи гурӯҳҳои ифротиву тундрав дар марзи Афғонистон нигаронанд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфт, Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.

Волии Бадахшони Афғонистон: "Таҳдид воқеан ҷиддист"

Аҳмад Файсал Бекзод, раис ё волии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳузур дошт, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин вилоят ҳудуди 2000 ҷангӣ ҷамъ омадаанд, ки 350 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Чеченистон ва уйғурҳои Чин мебошанд.

Аҳмад Файсал Бекзод, волии Бадахшони Афғонистон.
Аҳмад Файсал Бекзод, волии Бадахшони Афғонистон.

Волии вилояти Бадахшон дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки то кадом андоза таҳдиди ин гурӯҳҳо воқеӣ аст, гуфт, "ҳузури гурӯҳҳои ҷангӣ дар марзи шимолии Афғонистон ҷои нигаронӣ ба Тоҷикистонро дорад. Ин хатар воқеан ҷиддӣ буда ва агар фаъолиятҳои онҳо ҳамчунон қувват бигаранд, дар ояндаи наздик барои ҳамсокишварҳо хатари ҷиддӣ хоҳад дошт."

Ба гуфтаи раиси вилояти Бадахшон, агар ҷилави онҳо гирифта нашавад, дар баъзе мазеъҳои марзӣ имкон дорад неруҳои сарҳадии Афғонистон ва Тоҷикистон натавонанд ҷилави онҳоро бигиранд.

7 ҳазор ҷангии Толибон дар марз бо Тоҷикистон

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Рӯзе пештар аз нишасти байналмилалӣ дар Душанбе мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки аз таҷаммуи гурӯҳҳои ифротиву тундрав дар марзи Афғонистон нигаронанд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар нишасти минтақавие дар бораи таъмини амнияти марзҳо гуфт, Толибон дар марз бо Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор ҷангӣ ва 29 пойгоҳи омӯзишии худро ҷойгузин кардаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ афзуд, ки ин вазъ ҳамкории густурдаи сохторҳои интизомии кишварҳои минтақаро ба хотири таъмини амният тақозо мекунад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, конфронси байналмилалӣ дар Душанбе “барои фароҳам овардани замина барои муколама ва ҳамкориҳои тарафҳо бо мақсади мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир хизмат хоҳад кард.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG