Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии Марям пас аз бозгашт аз Ироқ. "Мехоҳам табиб шавам" ВИДЕО


Марям Шоева.

Пас аз як моҳи бозгашт аз як ятимхонаи атфоли бесарпаноҳ дар шаҳри Бағдоди Ироқ, маҷрои зиндагии Марями 10-сола дар манзили бобояш дар Ҳисори Тоҷикистон ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Ӯ ба ин зиндагии осуда пас аз даҳшати ҷанг дар Ироқ расидааст, вале ҳанӯз ҳам ёд дорад, ки чӣ гуна, ба гуфтааш ду соли пеш дар ҳамлаҳо волидайн ва бародару хоҳаронашро аз даст дод. Худи Марям бо ҷароҳати по зинда монд ва ҳоло як пояш мелангад. Аз хонаводае бо панҷ фарзанд дар ин фоҷеа танҳо Марям зинда монду ба Тоҷикистон баргашт.

Ҳоло Марям мехоҳад дар мактаби президентӣ таҳсил кунад ва дар оянда табиб шавад.

Марям Шоева аз зиндагӣ дар Миср ва баъдан дар Сурияву Ироқ хотираҳои хубе дар ёд надорад. Чун ба нақли худаш, ҷое таҳсил намекард ва ҳамеша дар хона бо бародару хоҳаронаш субҳро шом мекард. Марямро ҳамроҳ бо се тифли ятими дигарро бо талоши мақомоти тоҷик 25-уми апрели имсол аз Бағдод ба Душанбе оварданд. Он замон ӯ хаставу беҳол буд ва ҳавсалаи сӯҳбатро надошт. Бо гузашти як моҳ аз он ҳодиса, кӯдак омода шуд саргузаштҳои дур аз зиндагии кӯдаконаашро нақл кунад.

Зиндагии нави Марям дар Тоҷикистон. Ӯ мехоҳад табиб шавад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Сӯҳбати хабарнигорони Радиои Озодӣ бо Марям дар ҳавлии бобо ҷараён гирифт. Ӯ гуфт: "Вақте мо аз Миср бо самолёт ба Туркия ва аз онҷо бояд ба Тоҷикистон меомадем, лекин моро аз Туркия ба Сурия бурданд. Одамони зиёд буданд, автомат ҳам доштанд. Шаб буд. Вақте ба Сурия расидем, он ҷо ҷанг набуд, хонаҳо вайрона набуданд. Падарам саҳар кор мерафт ва мо бо модарам дар хона менишастем. Баъд ҷанг сар шуд ва мо ба Ироқ омадем..."

Шояд тасаввури ин ҳама даҳшати ҷанг дар назари як навраси 10-сола намеғунҷад, ки ҳангоми сӯҳбат лаҳзае сукут мекунад ва андеша меравад ва боз идома медиҳад. Ӯ чӣ гуна кушта шудани волидонашро боалам қисса кард ва гуфт.

"Вақте аз самолёт бомбаро ба хонаи мо партофтанд, ҳама якборагӣ захмӣ шуд. Вақте дубора бомба ба хонаи мо партофта шуд, падару модар ва бародару хоҳарам кушта шуданд, ману додари хурдиям танҳо мондем. Санги калоне болои пои ростам афтид ва поям шикаст. Порае аз он оҳани бомба пои чапамро ҳам захмӣ кард, аммо додарам, ки дар як кунҷи хонаи дигар бозӣ мекард, захмӣ нашуд. Дидам, ки падару модарам мурданд..... Марде ки либоси мулкӣ дошт, моро ҳамроҳ бо се кӯдаки дигар аз ин бинои бомбабороншуда ба ҷои дигар бурд. Вақте поямро ҷарроҳӣ карданд, зани русе гуфт, ки то сиҳат шуданам додарамро ҳамроҳаш мебарад. Аммо дигар додарамро надидам. Вақте дар паноҳгоҳи Бағдод бори дигар ин занро дидам, пурсидам ки додарам куҷост, гуфт ҳоло меорам, вале дигар наовард".

Марям мегӯяд, агарчи марги волидон ва бародару хоҳаронашро бо чашми худ дид ва умедаш аз онҳо канда шуд, вале наметавонад ба марги додараш бовар кунад. Ба гуфтаи ӯ, шояд рӯзе додараш мисли ӯ аз худ дарак медиҳад ва ба назди ӯву бобояш бармегардад.

Бо ин ҳама Марям кӯшиш мекунад бо атрофиён дар бораи саргузашти талхи худ зиёд сӯҳбат накунад. Ҳангоми ёдоварӣ аз он рӯзҳои даҳшатнок чашмонаш пур аз об мешаванд ва ӯ ба андеша меравад. Вале вақте бобояш сари ӯро сила мекунад, лабханд мезанаду худро ба оғӯши бобо мепартояд ва ин сукутро мешиканад. Ӯ аз он хушҳол мешавад, ки ҳадди имкон нишонае аз падар барои бобояш боқӣ мондааст.

Марям аз рӯзҳои зиндагӣ дар урдугоҳи кӯдакони бесарпаноҳ дар шаҳри Бағдоди Ироқ қисса мекунад ва дӯстони мисли худаш азияткашидаро ёд меораду аз худ суол мекунад, ки сарнавишти онҳо чӣ шуд? "Чор кас Зайнаб, Розия, Тасам ва Нисо ба фикрам онҳо аз Туркия буданд. Ҳозир намедонам онҳо куҷо рафтанд. Лекин се нафари дигар аз Тоҷикистон ҳам буданд як духтару ду писар. Онҳо ҳамроҳи ман ба Душанбе оварда шуданд".

Марям соле пеш барои наҷоти ҷонаш аз ин даҳшати ҷангу сарсониҳо дар урудугоҳ аз волидонаш дар Тоҷикистон бо як муроҷиати видеоӣ имдод хост. Пас аз гуфтугузорҳои яксола, моҳи гузашта Марямро бо вазорати умури хориҷӣ аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Ва чун ба Тоҷикистон расид, хотироти рузҳои сахт ба орзуҳои ояндааш табдил шуд. Ҳоло Марям мехоҳад, дар мактаби президентӣ таҳсил кунад. "Мехоҳам духтур шавам, барои он духтур шудан мехоҳам, ки вақте бомба ба хонаи мо афтод ва модарамро кушт, касе набуд, ки ӯро наҷот диҳад".

Маҳмадраҳим Шоев, бобои Марям, талоши таҳияи асноди шахсияти уро дорад, то ягона нишона аз писари бузургаш дар мактаб таҳсил кунад. Наберае, ки дар даҳ солагӣ ҳануз алифбои тоҷикиро балад нест, аммо талоши омӯхтанро аз худ нишон медиҳад. Табобати захмҳои ҷисму равонии Марям ҳанӯз идома дорад ва наздиконаш мутмаинанд, ки дар кӯтоҳмуддат комилан шифо хоҳад ёфт. Аммо захми аз даст додани кулии хонаводааш шифо хоҳанд ёфт ва ё хайр ҳануз маълум нест.

Марям Шоева охири тобистони соли гузашта дар Ироқ пайдо шуд. Рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки онҳо ба Ироқ рафта, тифли панҷумашон дар онҷо таваллуд шудааст. Баъд аз бозгашти Марям ба Тоҷикистон маълум шуд, ки волидонаш дар як бобафканӣ дар Мавсили Ироқ кушта шуданд ва ӯ танҳо монд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад. Дар маҷмӯъ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд. Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Навор аз бойгонӣ:

Интизорӣ ба поён расид. Кӯдакони тоҷикро аз Ироқи ҷангзада оварданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:09 0:00

  • 16x9 Image

    Сарвинози Руҳуллоҳ

    Аз соли 2012 дар дафтари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад.

    Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

    Қаблан корманди радиои "Имрӯз", хабаргузории "Тоҷнюс", Оҷонсии иттилоотии "Ховар" ва радиои "Ховар" буд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG