Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамшеди Ҳалим, ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик аз посух ба зангҳои пайдарпай дар робита ба боздошту кушта шуданаш хаста шудааст. Ин ҳаҷвнигори тоҷик мегуяд, дар озодӣ қарор дорад ва ба сабти барномаи нав машғул аст. Дар овозаҳое, ки рӯзҳои охир ба гӯш мерасад, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки гӯё Ҷамшеди Ҳалимро барои кадом шӯхии ноҷояш дар робита бо президент боздошт кардаанд ваё ӯ худкушӣ кардааст.

  • Рӯзи 23-юми сентябр Ҷамшед дар вилояти Суғд буд ва дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи ин сарусадоҳо посух гуфт.
Ман касеро таҳқир накардам ва боз мегӯям: инҳо ҳама бофтаву сохтаанд. Ман на дар боздоштаму на чизи дигар. Ман ҳам мисли шумо аз ҳар касе мешунавам. “Як рӯз садама кардааст” мегӯянд, рӯзи дигар гуё “дар боздоштам”...

Ҷамшеди Ҳалим: "Ташаккур аз Шумо ки имкон додед, ин овозаҳоро шарҳ диҳам. Ҳамаи овозаҳое, ки нисбат ба ман паҳн шуд ва мешавад, асос надорад. Баъд аз ин суҳбати мо исбот мешавад, ки ягон овоза дар гирди номи ман ҳақиқат надошт. Ман намедонам, ки барои чӣ баъзе афрод овозаву сарусадоҳои дурӯғро паҳн мекунанд. Чӣ лозим аст, як нафарро тӯҳмат кардану алайҳи ӯ гапҳои беасос бофтан?"

Радиои Озодӣ: Чаро худи Шумо то имрӯз расман дар ин маврид бо матбуот сӯҳбат накардед?

Ҷамшеди Ҳалим: "Вақте намояндагони баъзе аз расонаҳо дар ин маврид ба ман муроҷиат карданд, гуфтам, дар бораи гапе ки нест, сӯҳбат кардан маъно надорад. Баъзе расонаҳо бо вуҷуди онки ман дар ин мавзуъ муфассал суҳбат накардам, аз ҷавоби "ҳа" ё "не"-и ман мақолаҳо навишта, ҳатто сарлавҳаҳои ҳангомасоз ҳам гузоштанд. Ман аз ин расонаҳо ном намегирам. Ҳатто дар як ҳафтанома мақолае зери номи “Ҷамшеди Ҳалимро боздошт карданд?” нашр шуд. Агар шумо ин мақоларо медидед, аломати саволро на дар пушти калима, балки дуртар гузоштаанд. Агар матбуот оинаи ҷомеа аст, пас, ҳаққи онро надорад, аз номи нафаре, ки суҳбат накардааст аз пеши худ чизе бинависад."

Радиои Озодӣ: Дар асл овозаҳо гирди номи Шумо аз он шуруъ шуд, ки гӯё барои роҳ додан ба таҳқир дар яке аз ҳунарнамоиҳоятон боздошт шудед. Дуруст аст?

Ҷамшеди Ҳалим
Ҷамшеди Ҳалим

Ҷамшеди Ҳалим: "Ман касеро таҳқир накардам ва боз мегӯям: инҳо ҳама бофтаву сохтаанд. Ман на дар боздоштаму на чизи дигар. Ман ҳам мисли шумо аз ҳар касе мешунавам. “Як рӯз садама кардааст” мегӯянд, рӯзи дигар гуё “дар боздоштам”... Ҳамин тавр, дар охир аз худкушӣ ё мурданам хабарҳо шунида шуд. Намедонам, ин ба кӣ лозим аст. Ман ҳаминро мегӯям, ки на боздошт шудам, на касеро таҳқир кардам. Фақат пушти зиндагиву фаъолияти ҳунарӣ ба кори худ машғулам."

Радиои Озодӣ: Пас, паҳн кардани ин овозаҳо ба кӣ даркор? Шумо касеро гунаҳкор мекунед?

Ҷамшеди Ҳалим: "Мутаассифона, нисбат ба ҳунармандон ва дигар чеҳраҳои барои мардум шинос ҳар сари чанд вақт чунин гапу хабарҳо паҳн мешаванд. Ман касеро гунаҳкор намекунам, танҳо медонам, ки бархе ҳамкорони дигари мо аз чунин ҳодисаҳо нороҳат мешаванд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло ки бо Шумо суҳбат дорем, пайи чӣ коре банд ҳастед?

Ҷамшеди Ҳалим: "Имрӯзҳо барои баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шимоли Тоҷикистон ҳастам. Барои хурсанд кардани мардум дар Хуҷанду Исфара будем. Ҳоло барои анҷоми барномаи ҳунарӣ барои сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ба шаҳри Панҷакент меравам."

Шояд барои бархе хуш намеояд, нафари дигар зоҳиран механдад ва нафари сеюм таъсири онро ботинан дарк мекунад. Вале мо ҳеҷ гоҳ касеро таҳқир накардему таҳқир ҳам нашунидем

Радиои Озодӣ: Нақша надоред, ки дар бораи ҳамин сарусадоҳо ҳам як саҳнаи ҳаҷвӣ омода кунед?

Ҷамшеди Ҳалим: "Мешавад, чаро не. Ин ҳам як дарди ҷомеа аст. Мо дар асл ҳамеша аз қиссаҳои воқеӣ саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия мекунем, на аз ҳодисаҳои бофтаву сохтаи хаёлӣ. Мо агар чунин овозаву гапҳои беасосро тавассути ҳаҷв ба мардум расонем, фикр мекунам, натиҷаи беҳтар медиҳад. Агар гапҳои дурӯғе, ки нисбат ба ман як нафар гуфт ва агар саҳнаро ҳам, ки тамошо кунад, худаш мефаҳмад, ки кори хубе накардааст. Бо ҳаҷв ҳам мешавад тарбия кард. Ин суоли шуморо чанд нафари дигар ҳам пешинҳод карданд, дар бораи онҳое, ки бекор менишананду гап мебофанд, саҳна кунед."

DJ Аладдин: Шабнам ҳеҷ вақт боздошт нашудааст​

Радиои Озодӣ: Пас суоли дигар ин аст, ки саҳнаҳои шумо агарчӣ аз мушкилиҳо дар ҷомеа ва ҳодисаҳои воқеӣ дар зиндагӣ таҳия мешаванд, вале намак доранд. Боре барои намоиши ин ё он саҳнаатон аз кадом як мансабдоре гап шунидед?

Ҷамшеди Ҳалим: "Не, ҳеҷ гоҳ. Бузурге фармудааст, ки хорро дар барги гул печонда деҳ. Ҳамин тавр намоиши “Лаҳзаҳои гуворо” ҳам ҳамин аст, ки ҳеҷ вақт касе таҳқири рӯйирост намешавад, ҳамеша аз тариқи ҳаҷв мегӯем. Шояд барои бархе хуш намеояд, нафари дигар зоҳиран механдад ва нафари сеюм таъсири онро ботинан дарк мекунад. Вале мо ҳеҷ гоҳ касеро таҳқир накардему таҳқир ҳам нашунидем."

Радиои Озодӣ: Дар гузашта сарусадоҳое ҳам буд, ки гуё ба Ҷамшеди Ҳалим барои кадом як саҳнаи ҳаҷвӣ президент хона туҳфа кардааст. Ин ҳам овоза буд?

Ҷамшеди Ҳалим: "Ин овоза нест, ин ҳақиқат аст. Вале барои кадом як саҳна нест. Ин барои хидмати 26-солаи гуруҳи эҷодии “Лаҳзаҳои гуворо” буд ва президенти кишвар барои ҳар чаҳор узви ин гуруҳ хонаи чаҳорҳуҷрагӣ дод."

Шабнами Собирӣ
Шабнами Собирӣ

Дар ду моҳ се ҳунармандро бадном карданд

Ҳадди ақал се ҳунарманди саҳнаи театру мусиқии тоҷик дар ду моҳи гузашта мавриди тӯҳмату бадгӯӣ қарор гирифта, маҷбур шуданд бо кумаки матбуот беасос ва ноҳақ будани ин ҳарфу овозаҳоро собит кунанд. Овозхон Шабнами Собирӣ аз овозаҳои боздошту ҷиноят содир карданаш нороҳат буду ҳунарпеша Муқимҷон Абдуфаттоев гӯё қаҳрамони як навори шаҳвонӣ шудааст ва ниҳоят Ҷамшед Ҳалим, ки мегӯяд, касеро таҳқир накарда ва боздошт нашудааст.

Хабарнигори тоҷик Орзу Исоев, ки бо фазои шоу-бизнеси тоҷик аз дохил ошно аст, ба ин бовар аст, ки паҳн шудани сарусадо ё хабарҳои моҷаробарангез дар бораи афроди маъруфу машҳур як кори маъмулист. Бархе инро хуш доранд ва баҳонаи дигари маъруфияти худ мешуморанд, бархе дигар аз ин ҳама овозаҳо шадидан нороҳат мешаванд. Ба гуфтаи Орзу, ин кори матбуоти "зард" аст, ки ҳамеша ба хотири серхонанда ва хабарсоз шуданаш гоҳо аз аз чеҳраҳои барои мардум ошно истифода мекунанд.

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Қаҳрамони навори фаҳшо ман нестам"

Орзу Исоев мегӯяд, аз сӯе агар имкони ҳамеша гуфтани ҳақиқат дар матбуот бошад, умри ҳеҷ овоза дер намепояд. Аз сӯи дигар, дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон, ки овозхону ҳунарпешаҳо бахше аз он мебошанд, ҳама гуна ҳарфи баду овозаи зишт дили ҳунармандонро ҳам сиёҳ мекунад. "Дар Тоҷикистон на ҳақиқат, балки овоза зудтар паҳн мешавад", - гуфт Орзу Исоев.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Сарчашмаи овозаҳои беасос ва тахрибгар, ба назари Орзу Исоев, пеш аз ҳама рақибони ҳунармандони шинохта ҳастанд. Дар бархе ҳолатҳо, даст доштани ҳунармандон дар корҳо ғайр аз ҳунар, мисли тиҷорату муомилоти пулӣ ҳам боиси сар задани хабарҳои нохушоянд мешавад.

Вале дар аксар ҳолатҳо, мегӯяд ӯ, ҳунармандон ин ҳама гапу хабари бадро ба дил наздик қабул мекунанд ва дар натиҷа метавонанд аз кору эҷод ҳам монанд. Орзу Исоев аз қазияи туҳмат шудани овозхони ҷавон Шабнами Собирӣ мисол овард, ки ҳафтаҳо дар ҳолати бади равонӣ қарор дошт. “Чунин овозаҳои беасос метавонад, барои зиндагии шахсӣ ва аз даст додани мухлисони ҳунармандон ва ҳам сарпарастҳо низ боис шавад”, - хулоса кард ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG