Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Доллар - доллар"-и Ҳасани Чилла


Васвасаи боло рафтани қурби доллар аз доираҳои тоҷирон ба мусиқӣ кӯчид ва ба эҷоди таронаи ҳаҷвие роҳ кушод, ки дар як муддати кӯтоҳ тарафдори зиёде пайдо кард.

Болоравии қурби доллари Амрико дар баробари асъори миллӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, қишри мухталифи ҷомеаро ба ташвиш андохтааст. Хусусан онҳоеро, ки маошашонро дар ин кишварҳо бо пули миллӣ мегиранд.

Аз тарафи дигар парвози қурби доллар боиси башиддат боло рафтани нархномаи бозорҳои Тоҷикистон шуда, ба ин далел як мавзӯи вирди забонҳои чӣ мардум ва чӣ аҳли назар дар ин кишвар ҳамин қурби доллар шудааст.

Ҳаҷвнигори тоҷик Ҳасани Чилла низ бо дарназардошти чунин таваҷҷӯҳи мардум ба масъалаи қурби доллар таронае сохт, ки дар як муддати кӯтоҳ тарафдори зиёде пайдо кард. Дар ин тарона бо ҳаҷв, аммо дарди дили бисёре аз сокинони кишвар, ки аз уфтухези доллар зарар диданд, гуфта шудааст.

Ҳасани Чилла дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи чигуна пайдо шудани фикри сохтани чунин тарона қисса кард:

Ҳасани Чилла: "Имрӯзҳо масъалаи доллар, ба ҳама маълум, ки хеле ташвишовар аст. Вақте доллар дар ин замон тамоми мушкилиҳоро ҳал мекунад ва якбора камёфт мешавад, албатта, проблема аст. Боло рафтани қурби доллар зиндагии баъзе аз инсонҳоро то андозае тағйир ёфт ва чанд нафар бемор ҳам шуданд. Ман ҳам дар ҳавои ин ва бо назардошти воқеиятҳои имрӯз шеър эҷод кардам ва онро ба оҳанг дароварда бар пояи он клип ҳам таҳия кардам. Шояд ба дарди мардум даво мешавад. Ҳади ақалл метавонанд бо тамошои ин клип худро каме ором кунанд."

Озодӣ: Дар ин таронаи ҳаҷвӣ бештар кадом маъниҳоро ҷой додаед, ки бозгӯи вазъи асъор дар кишвар аст?

Ҳасани Чилла
Ҳасани Чилла

Ҳасани Чилла: "Долар мушкилиҳоро, шурӯъ аз хона то ба ҷаҳон осон мекунад. Аввалин чизе, ки дар баробари боло рафтани қурби доллар дар ҷомеа мушоҳида шуд, гарон шудани нарху наво дар бозорҳо буд, ки ба ҷайби мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ҳастанд инсонҳое ки долларро аз ҷонашон зиёдтар дӯст медоранд. Хулоса ин як шеъри ҳаҷвист, ки бештар мушкилоти ҷомиаро бозгӯ мекунад:

"Доим туро мекобем

Охир аз куҷо ёбем?

Ба сомонӣ мӯҳтоҷем

Доллар, доллар."

Таронаи "Доллар-доллар"-и ҳаҷвнигори тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Озодӣ: Ба худи Шумо ин вазъ то куҷо таъсир расонд?

Ҳасани Чилла: "Барои ман асосан харидории либос ва маводи ғизоӣ мушкил шуд. Ба куҷое наравӣ дар бораи баланд рафтани қурби доллар гап мезананд. Ман мехоҳам ягон ҳаҷвия ва ё тарона таҳия кунам, аммо пул нест. Хулоса, имрӯз дар Тоҷикистон ҳама дар бораи доллар ва бӯҳрони иқтисодӣ сӯҳбат мекунад. Ҳатто роҳкиро, ки 1 сомониву 60 дирам аст ва ҳангоме ки 2 сомонӣ ба пулчинак медиҳӣ, бақия намедиҳад. Агар бақияи роҳкироро талаб кунед, мегӯяд, ки долар боло рафт ва барои ҳамин роҳкиро ҳам қимат шуд."

Озодӣ: Шуморо ҳамчун ҳаҷвнигоре мешиносанд, ки ҳамеша мушкили ҷомиаро бо танз мегӯед. Инро мардум чигуна қабул доранд, барои мисол суруди долларро?

Ҳасани Чилла: "Албатта, ҳар ҳаҷвияе, ки қаблан ҳам таҳия кардам, дард дорад. Вақте дарди мардумро мегӯӣ, албатта, ин барои онҳо писанд меояд. Воқеан, зиндагии мо пурмушкил аст, хандаҳои дардноки зиёд дорад. Баъзан фикр мекунам, ки бо ҳамин шева метавон дарди дили мардумро гуфт. Чун вақте дардро ифшо мекунӣ, албатта, онҳое, ки ба қавле дардманд ҳастанд, эҳсос мекунанд ва қабул доранд. Ҷойи таъриф нест, аммо ифтихор мекунам, ки бо танз ҳам бошад аз мушкиили ҷомиа мегӯям ва мардум маро мефаҳманд."

Озодӣ: Дар эҷоди Шумо худсензура вуҷуд дорад, яъне мавзӯъҳое ҳаст, ки бояд ба он дахолат накунед?

Ҳасани Чилла: "Бархе аз мардуми мо чунин назар доранд, ки ин саҳна ё таронаи ҳаҷвӣ маҳз ба онҳо равона шудааст. Ҳарчанд мо мушаххасан ягон касро ном намебарем. Вақте бо ҳаҷвнигорони дигар аз "Ғарибшо – компания", дар мавриди фасод ё умуман дар мавриди кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ саҳнаҳои ҳаҷвӣ омода кардем, баъзеҳо гила карданд. Як рӯз дар кӯча маро як нафар диду бо таҳдид гуфт, ки дигар кор надоред, ки моро танқид мекунед ва чандин гапҳои дигар... Хулоса ба бархеҳо сахт расид. Аз ин маълум мешавад, ки ин нафарон камбуд доранд ва ё барои аз даст додани вазифаашон метарсанд. Вале ман чӣ гуфтаниям, аз мо ҳеч гоҳ наранҷед, чунки ин касби мо аст."

Озодӣ: Чаро дар аксари саҳнаҳо нақши фақирро мебозед?

Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Ҳасани Чилла
Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Ҳасани Чилла

Ҳасани Чилла: "Воқеан, чунин аст. Вақте маро мебинанд, даъват мекунанд, ки нақши марди қарздор ё бечораро бозам. Намедонам шояд симои ман ба ин мувофиқ аст ва ё аз ӯҳдаи ин нақш мебароям. Вале дар нақшҳои ҷиддӣ ҳам иштирок доштам. Гапи шумо ҳам дуруст аст, ки дар саҳна бештар фақир ҳастам. Аз сӯи дигар, худам ҳамеша ба ҳар нақше ки ба ман пешниҳод мешавад розӣ мешавам. Як соли пеш бо устод Убайдулло Раҷабов филми “Чархи осиёб”-ро таҳия кардем ки дар он ман нақши як марди девонаро мебозидам, албатта ин ҳам баъд аз озмун буд, ки аз миёни 10 нафар интихоб шудам."

Озодӣ: Чаро мушкилро тариқи танз баён мекунед, ҳарчанд ҳунари шоирӣ, оҳангсозӣ ва овозхониро ҳам доред?

Ҳасани Чилла: "Шукри худо. Ман ин ҳама ҳунарро дорам, ин баландсуханӣ нест. Баъзе навиштаҳое дорам, ки ҳанӯз дар бойгонӣ ҳастанд. Суханҳои ногуфта зиёд аст. Вале инсон наметавонад ҳамаро якҷоя ва дар як вақт иҷро кунад. Асаб ҳам хаста мешавад, аммо дар оянда метавонам фаъолиятамро фаротар кунам ва дар роҳи оҳангсозиву шеърнависӣ бештар кор хоҳам кард."

XS
SM
MD
LG