Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Қаҳрамони навори фаҳшо ман нестам" САДО


Муқимҷон Абдуфаттоев
Муқимҷон Абдуфаттоев

Муқимҷон Абдуфаттоев – раҳбари театр-студияи “Хандинкамон”, мудири театри ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон ва ҳаҷвнигори шинохта – гӯё қаҳрамони як навори фаҳшо будани худро рад кард. Ӯ рӯзи 19-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин навор ҳафтаи гузашта дар телефони бархе аз сокинони вилояти Суғд, бахусус дар Вайбер, ба гардиш даромада, обрӯву эътиборашро халалдор намудааст.

Таҳдиду фишорҳо, давутоз ба додситониву додгоҳ маро аз корҳои эҷодӣ боздошт. Беш аз ним сол аст, ки дар ягон маъракаи мардум иштирок накардаам. Бо ин ҳам хостанд ки маро то охир маҷақ кунанд.

“Дар он навор гӯё ман бо як зан... ҳастам. Наворро дар бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд паҳн кардаанд. Аммо дар асл ин кори сохта аст ва ман қаҳрамони навори фаҳшо нестам”, - гуфт Абдуфаттоев.

Ӯ афзуд, барои таҳқиқи ҳодиса ба Идораи умури дохилии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард ва умедвор аст, ки омилони навори фаҳшо ёфт ва муҷозот хоҳанд шуд. Аз ин пеш ҳаҷвнигори шинохта дар як изҳороти кӯтоҳ дар саҳифааш дар Фейсбук гуфта буд, ин навор ӯро хеле маъюсу рӯҳафтода кард ва ба фикри даст кашидан аз зиндагиаш андохт.

"Ин кори касонест, ки ҳадафашон фишор овардан ба ман ва аз байн бурдани театр-студияи Хандинкамон аст", - гуфт ӯ ва афзуд, баробари диданаш хеле нороҳат шуд ва барои доруву дармон пизишкро ҳам даъват кард.

Муқимҷон Абдуфаттоев: "Агар дар навор ман бошам, Худо ҷазоямро диҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

"Бо ҳамин роҳу васила маро водор мекунанд, ки тарки саҳна кунам, ҳаҷвнигориро партоям. Лекин бо ин гуна фишорҳо ба ҳадафашон намерасанд. То ин вақт ҳунармандони асосии театр-студияи "Хандинкамон" аз кор рафтанд, вале ман ҳастам ва бо роҳи озмун ҷавонони боистеъдодро ҷамъ мекунам", - афзуд ӯ.

Радиои Озодӣ: Пай набурдед, ки ин наворро кӣ сохтаву паҳн кард?

Муқимҷон Абдуфаттоев
Муқимҷон Абдуфаттоев

Муқимҷон Абдуфаттоев: “Шояд он нафароне, ки пешрафту муваффаққияти маро чашми дидан надоранд. Мумкин рақибон бошанд. Ё одаме, ки бо ҳаҷви худ аз саҳна ба ҷои дардноки ӯ расида бошам. Мазмуни ягон саҳнаи ҳаҷвии моро ба худ қабул карда, ба дилаш кина гирифта бошад. Ҳол онки мо чизҳоеро рӯи саҳна меорем, ки дар зиндагӣ мебинем, мушоҳида мекунем. Ман як ҷавони одӣ ҳастам, ки аз Исфара ба Хуҷанд омадам ва бо ҳунар ва заҳмату машаққат ба худам дар ҷодаи ҳаҷв раҳ ёфтам. Вале то ҳол бархе аз ман мепурсанд, ки чӣ тавр то ҳамин дараҷа расидед ё ягон тағоятон ёрӣ кард? Ба назари танги онҳо, мумкин нест, як одам аз рӯи ҳунар ва заҳматаш пешрафт кунад.”

Радиои Озодӣ: Аммо ин танҳо мушкиле нест, ки дунболагири шумост. То ҷое шунидем, дар робита ба коратон дар театри русии ба номи Пушкин дар шаҳри Бӯстон як баҳси додгоҳӣ низ доред.

Чанд рафиқам аз Русия занг зада, маро ҳамроҳи оилаам ба назди худашон даъват карданд. Вале ман ҳанӯз тасмим нагирифтаам. Ин додгоҳ ба поён расад, баъд мебинем.

Муқимҷон Абдуфаттоев: “Тамоми мушкил аз он сар зад, ки ман баъди ба кор сар карданам ба ҳайси мудири театри русии Пушкини шаҳри Бӯстон тартиботро нав кардам. То омадани ман онҳо соати 12 ба кор меомадаанд. Ман ин қоидаро шикастам ва соати оғози корро аз субҳ таъин кардам. Ғайр аз ин, бинои театро таъмиру тармим намудам. Ҳоло маълум мешавад, ки бархе кормандон, ки ман зидди фаъолияти онҳо дар театр будам, чунин навгониро намехостанд ва алайҳи мо аризаву шикоятҳо навиштанд. То вазири фарҳанг, дастгоҳи раиси ҷумҳур, додситонӣ нома навиштанд. Мақомот аудит ташкил карданд ва ману сармуҳосибу мудири анборро ба додгоҳ кашиданд.”

Радиои Озодӣ: Шуморо ба чӣ айбдор мекунанд?

Муқимҷон Абдуфаттоев: “Гӯё ман маблағҳоеро, ки барои таъмиру тармими театр сарф кардам, ғайриқонунӣ буд. Даромади театр аз спектакли “Доғ”-ро ба ҷайб задаам. Аммо ин ҷо як чизро гуфтаниам, ки ман ба таъмиру тармими як театри давлатӣ бори нахуст даст задам ва маблағеро, ки доштам, сарф намудам. Сармуҳосиби театр ҳам ба ман нагуфт, ки аввал бояд тендер гузаронем ва ғайра. Имрӯз маро барои аз они худ кардани маблағ айбдор мекунанд. Додгоҳ ин масъаларо баррасӣ дорад. Умуман, солҳои 2016 ва 2017 бароям вазнинтарин сол буд. Ман дар 7-8 моҳи охир гирифтори ингуна баҳсу талошҳо шуда, аз кори эҷодӣ дур мондам. Асабҳоям хароб ва хеле хаста ҳам шудам. Ҳоло фикр мекунам, бояд каме дам бигирам, ба пизишк муроҷиат кунам ва табобат бигирам.”

Радиои Озодӣ: Муқимҷон, мебинем бароятон давраи сангине аст, вале дар бораи мухлисону эҷод ҳам меандешед?

Муқимҷон Абдуфаттоев бо писараш Муслим. Рӯзи 19-уми сентябри 2017
Муқимҷон Абдуфаттоев бо писараш Муслим. Рӯзи 19-уми сентябри 2017

Муқимҷон Абдуфаттоев: “Ман ният доштам, ки ҳаҷвнигорон зери як бом сарҷамъ шаванд ва инро борҳо дар маҳфилу ҳалқаи ёру дӯстон мегуфтам. Ҳоло меандешам, ки шояд ҳамин гапи ман ба баъзе рақибон хуш наомад ва гумон карданд, ки ҳамаро ҷамъ карда, худам раис шуданӣ ҳастам. Ҳол онки ман чунин мақсадеро дар дил надорам. Ба ҳар ҳол, таҳдиду фишорҳо, давутози ба додситониву додгоҳ маро аз корҳои эҷодӣ боздошт, беш аз ним сол аст, ки дар ягон маъракаи мардум иштирок накардаам. Бо ин ҳам хостанд маро то охир маҷақ кунанд. Баъди паҳн кардани навор дар кӯчаву бозор мардум мегӯянд, ки бубинед, Муқим чӣ кор кард? Ман бори дигар гуфтанӣ ҳастам, ки муъмину мусалмонҳои азиз, агар дар воқеъ дар ҳамон навор ман иштирок карда бошам, бигзор Худо ҷазои маро диҳад. Вале онро барои бадном кардани ман бо роҳи тақаллуб таҳия карда бошанд, ман созандагони он наворро ба Худо месупорам. Чанд рафиқам аз Русия занг зада, маро ҳамроҳи оилаам ба назди худашон даъват карданд. Вале ман ҳанӯз тасмим нагирифтаам. Ин додгоҳ ба поён расад, баъд мебинем.”

XS
SM
MD
LG