Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Маош дар фарш – нархҳо дар арш”. ВИДЕО


“Маош дар фарш – нархҳо дар арш” яке аз карикатураҳои рассоми тоҷик Насиба Назарзода аст, ки болоравии арзиши маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, ҷайби холии бархе аз сокинонро ба тасвир кашидааст. Дар ин карикатура марде ҳарчанд ба зери пояш курсӣ монда ва дастони худро боло мекунад, вале қадаш то нархи бозорҳои Тоҷикистон намерасад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Маош дар фарш – нархҳо дар арш”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Насиба Назарзода мегӯяд, ҳарчанд ин карикатура хандаовар аст, холӣ аз дард нест. Вай рӯзи 14-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ба сабаби онки расм хандаовар аст, ҳамчун ҳаҷв пазируфта мешавад. Аммо дар асл ин ҳазл ё ҳаҷв нест, балки мушкилот аст.”

“Чашму бинии зебо муҳим нест”

Насиба Назарзода нозукиҳои рассомиро дар Донишкадаи дизайн ва санъати тасвирӣ меомӯзад. Ӯ донишҷӯи соли севум буда, ҳамзамон дар маҷаллаи дар гузашта маъруфи “Хорпуштак” кор мекунад. “Дар карикатура мавзуъ муҳим аст. Чашму бинии зебо муҳим нест”, - гуфт ин рассоми ҷавони тоҷик.

Ҳамсабақони Насиба аз ҷараёни интихобкардаи ӯ огаҳӣ доранд ва истиқбол мекунанд. Фарангис, яке аз ҳамдарсони Насиба гуфт, “бисёре аз корҳояшро дидаам, аммо якеи онро фаромӯш карда наметавонам. Дар он расм ду мард тасвир ёфтаанд, ки яке харобу дигаре фарбеҳ аст. Вақте нафари фарбеҳ аз марди хароб мепурсад, ки ман писарамро оиладор кардаму чаро ту ин қадар хароб шудӣ? Марди хароб посух медиҳад, ки ман духтарамро ба шавҳар додам.”

“Рӯҳафтода мешудам, вақте...”

Насиба баъди хатми дарс ба утоқи кориаш мешитобад. Ӯ мегӯяд, оғози кор барояш хеле мушкил буд ва ҳатто ҳолатҳое шудаанд, ба рӯҳафтода гардидааст: “Вақте барои мавзуъ берун мерафтам, албатта, ҳамроҳам коғазу қалам доштам. Мерафтам, то тасвир кунам. Аммо аҳамият медодам, ки баъзе роҳгузарон бо нигоҳи таҳқир менигаристанд ва рӯйирост мегуфтанд, ки ин кори ночиз аст. Аз ин рӯҳафтода мешудам”.

Асарҳои Насиба имрӯз дар маҷаллаи "Хорпуштак"зиёд чоп мешаванд ва аксари онҳо бозгӯи мушкил иҷтимоӣ дар кишвар ҳастанд. Чанде қабл Насиба бо дипломи Вазорати фарҳанг барои беҳтарин карикатура сарфароз гардид.

Насиба Назарзода
Насиба Назарзода

Дар Тоҷикистон ба ҳунари карикатура таваҷҷӯҳи кам медиҳанд ва ин навъи ҳунар чандон рушд наёфтааст. Аз ин хотир, рӯ овардани як зан ба ин ҳунар падидаи нодир ё камсобиқа будааст. Худи Насиба мегӯяд, дар оянда нақшаҳои зиёд дорад, вале намехоҳад касбашро аз даст диҳад. Ӯ аз кораш қонеъ аст ва бовар дорад, ки бо ин касбаш ба ҷомеа манфиати бештаре хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG