Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвирҳои танзомези Фаррух Аҳроров (ВИДЕО)


Фаррух Аҳроров – рассом ва карикатурнигори тоҷик бо сабки хосе тасвирҳои танзомез аз зиндагӣ, вале бе акси одамон меофарад.

Ӯ мегӯяд, ба чашми танзомез ба дунё менигарад ва сари ҳар қадам мавзӯҳои хандаоваре дидаву кашф мекунад. Қаблан дар карикатураҳои вай тасвири симоҳои хандаовари одамон ҷойи асосӣ дошт, аммо акнун равиши бидуни тасвири одамон рӯйи коғаз овардани карикатур аз рӯзгори онҳоро баргузидааст.

“Чунки дар Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои мусалмонӣ аз рӯйи ақидаи динӣ карикатураеро, ки дар онҳо расми одам бошад, хуш қабул надоранд. Баъзе нашрияҳо аз ман кашидани карикатура дар мавзӯъҳоеро хоҳиш мекунанд, аммо мегӯянд, дар он тасвири одам ё ҷондоре набошад. Барои ҳамин ман тасвирҳои танзомезро бе тасвири ҳайвоноту одамон мекашам. ” – мегӯяд вай.

Аммо ҷаноби Аҳроров мегӯяд, карикатураҳояш аз ҳаёти одамону мушкилоти онҳо аст. Ба диди вай, бе тасвири танзомези худи одам низ метавон мушкилоти онҳоро фаҳмову нишонрас баён ва бинандаҳоро ба табассуму андеша водор кард. Намунаҳои карикатурҳое, ки Фаррух қаблан офаридаву бознигорӣ карда, ба саҳифаи «Озодӣ” тақдим кард, дар бораи озодии баён, барқ, сартарош аз ин гунаанд.

Фаррух Аҳроров соли 2011 дар озмуни байнулмилалии карикатурнигорӣ аз ҷониби Маркази байнулмилалии соҳибкории инфиродӣ Center for International Private Enterprise (CIPE), мақараш дар Вошингтон дар бахши “Демократия” мақоми дуввумро соҳиб шуда буд. Вале вай дар посух ба суоли "Озодӣ, ки оё баъди ин пирӯзӣ фармоишоти зиёде аз нашрияҳову муассисаҳову созмонҳо дарёфт кард, посухи радд дод.

“Ростӣ, не. Чунки карикатура талабгор надорад. Ё аниқтараш, ба маънии имрӯза, харидор надорад. Баъзе дӯстонам аз нашрияҳо хоҳиш мекунанд барои саҳифаашон дар ягон мавзӯъ чизе офарам, вале мегӯянд, барои ҳамкории доимӣ маблағ надоранд. Барои ҳамин, ман аслан барои худам карикатура мекашам. Мисле ки илҳоми як шоир меояду шеър менависад, ман ҳам чизе ба тасвир меорам. Ва ба нашрияҳову дӯстонам тақдим мекунам. Ҳатто ки бештари онҳоро дар худ нигаҳ ҳам намедорам. Аммо карикатуранигорӣ вақти зиёд мегирад. Барои рӯйи коғаз овардани як мавзӯъ гоҳе моҳҳо сари кору андеша мекунӣ. Ва кору ташвиши рӯзгор намегузорад бисёр кор кунӣ.”

Фаррух мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон бозори муаррифиву хариду фурӯши асарҳои рассомӣ, аз ҷумла карикатурнигорӣ шакл нагирифтааст, аз ин рӯ рассомони тоҷик барои шиносонидани худу асарҳои худ дар хори аз Тоҷикистон раҳ меҷӯянд. Вай афзуд, дар остонаи ин баҳори деринтизор мухлисону ёру дӯстонаш зиёд хоҳиш мекунанд, расмҳои гулу манзараҳоро ба тасвир орад.
Тасвири садбарге, ки ӯ бо қалами худкор, ба гуфтаи худаш – ба сабки классикӣ рӯйи коғаз овардаву ва вақте аз дуртар назар мекунед, чун тасвире дар оинаи даруннамо(себуъдӣ) метобад, касро воқеан ба ёди баҳору шукуфоӣ меандозад.


XS
SM
MD
LG