Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

DJ Аладдин: Шабнам ҳеҷ вақт боздошт нашудааст. ВИДЕО, САДО


Шабнами Собирӣ, овозхони тоҷик
Шабнами Собирӣ, овозхони тоҷик

Мансур Неъматов, маъруф бо номи “DJ Алладин”, раиси ширкати “Tojikon Holiday” иддаои вебсайти “Ориён инфо”-ро дар бораи гӯё боздошти ҳамсараш Шабнами Собирӣ дар шаҳри Дубай рад карда, тӯҳмати рӯйирост хонд. Ӯ рӯзи 7-уми июл дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Шабнами Собирӣ чанд дафъа барои сабти клипаш ба Дубай рафта буд, вале ҳаргиз ба ҷинояте даст назада ва боздошт ҳам нашудааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мансур Неъматов: "Шабнам дар Дубай буд, аммо боздошт нашудааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ҳафтаи гузашта вебсайти “Ориён инфо” навишт, ки Шабнами Собирӣ гӯё барои духтарфурӯшӣ дар Дубай боздошт шуда ва таҳқиқи парвандааш идома дорад. Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва баҳсҳои зиёдро ба по кард. Дар вебсайти “Ориён инфо” ному насаби кормандон ва маҳалли сабтиномаш оварда нашудааст. Танҳо гуфта шудааст, ки ин вебсайти хабарӣ буда, иттилои марбут ба “раиси ҷумҳур, вохӯрӣ, суханронӣ, сафарҳои дохилӣ, сафарҳои хориҷӣ, фармонҳо, паёмҳо, барқияҳо, сиёсат, иқтисодиёт, дин, варзиш ва ғайраро пешкаш мекунад”.

Шабнами Собирӣ гуфт, ки ҳеҷ вақт боздошт нашудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00
Линки мустақим

"Баъзе мухлисон гиря карданд, ки гӯё маро дастгир намудаанд"

Дар солҳои аввали оиладорӣ, агар дар интернет дар бораи ҳамсарам ягон гапи бад мегуфтанд, бо ҳамаашон баҳс мекардам. Аммо ҳоло баҳс карданро бас намудаам.

Худи Шабнами Собирӣ гуфт, ин хабарро аз ҳаводоронаш фаҳмид ва то ҳол сабаби нашри чунин хабар барои ӯ ва хонаводааш маълум нест. “Занги телефон хеле бисёр буд ва ҳама мепурсиданд, ки дар куҷо ҳастам. Баъзе мухлисон гиря карданд, ки гӯё маро дастгир карданд. Бовар мекунед, аз гап задан мондам. Баъд яке аз мухлисон матлабро барои мо фиристод. Дидам, ки воқеан акси маро чоп кардаанд. Ман як шахси соҳиби шавҳару хонавода, ҳеҷ вақт ба ин кор даст намезанам”, - гуфт ӯ.

Баъд аз ин, Шабнаму ҳамсараш ба ҷустуҷӯи суроғаи вебсайт ва муаллифони хабар пардохтанд. Мансур Неъматов гуфт, вақте диданд, ки вебсайт дар хориҷ аз Тоҷикистон сабт шудааст, дигар дунболаш нарафтанд, чун ба қавли ӯ, баҳс бо одамоне ки ному нишонии дақиқ надоранд, “бефоида аст”. Вай гуфт, дар ин вебсайт натанҳо дар бораи Шабнами Собирӣ, балки дар бораи овозхонҳои дигаре ба мисли Фарзонаи Хуршед, Садриддини Наҷмиддин ва Фаридуни Хуршед низ ҳарфҳои ноҷо навиштаанд.

"Солҳои аввал баҳс мекардам"

Мансур Негматов
Мансур Негматов

Ӯ гуфт, “вақте дидем, ки муаллифонаш ҳатто матни дуруст навишта наметонанд, ҷойи вергулу нуқтаро намедонанд, гуфтем, ки баҳс беҳуда аст.”

Мансур Неъматов, раиси ширкати “Тоҷикон Ҳолидей”, давоми 8 сол бо Шабнами Собирӣ зиндагии якҷоя дорад ва дар тавлиду сабти таронаҳои нав ба ҳамсараш кумак мекунад. Ӯ мегӯяд, “дар солҳои аввали оиладорӣ, агар дар интернет дар бораи ҳамсарам ягон гапи бад мегуфтанд, бо ҳамаашон баҳс мекардам. Дигар оҳиста-оҳиста баҳс карданро бас намудам. Чунки гирди номи овозхонҳо ҳамеша гапҳои гуногун мегӯянд. Худоро шукр, ки зани зебо ва ду фарзанди зебо дорам.”

Шабнами Собирии 32-сола ҳоло бо ҳамсараш рӯи таронаву оҳангҳои нав кор мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд аз хабари нашршуда дар вебсайти “Ориён инфо” хеле асабӣ ва нигарон аст, аз бегуноҳиаш мухлисонро бо таронаҳои нав хабардор хоҳад кард. Қаблан Фарзонаи Хуршед низ дар як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хабари ин сомона шикоят карда ва онро дурӯғи маҳз номида буд.

Шабнами Собирӣ
Шабнами Собирӣ

Бархе аз овозхонҳои тоҷик мегӯянд, дар гузашта аз ному кори онҳо бархе расонаҳо сӯистифода мекарданд, аммо дафъаҳои охир нашри туҳмат дар ҳаққи онҳо афзудааст. Онҳо гуфтанд, дар сурати идомаи чунин бархӯрд маҷбур ҳастанд, ки баъзе вебсайтҳоро ба додгоҳ кашида, аз худу обрӯяшон ҳимоят кунанд.

XS
SM
MD
LG