Пайвандҳои дастрасӣ

300 сомонӣ – билети консерти Озодбек Назарбеков дар Тоҷикистон


Озодбек Назарбеков

Oзодбек Назарбеков, овозхони маъруф ва раиси тозатаъини телевизиони “Ёшлар”-и Узбакистон, ба Тоҷикистон омадааст. Мақомот гуфтанд, ки ӯ шоми 5-уми июл дар бинои “Амфитеатр”-и пойтахт барномаи ҳунарӣ баргузор хоҳад кард. Арзиши билет барои ин барнома 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Овезаҳои таблиғотӣ баёнгари онанд, ки дар нимаи моҳи июл дар “Амфитеатр” барномаи ҳунарии гурӯҳи "Боҷалар"-и Узбакистон низ дар назар аст. Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, моҳи оянда сафари ҳунарии Сардор Раҳимхон, овозхони дигари саршиноси Узбакистон, дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Дар охири моҳи майи имсол дар Душанбе тӯли ду рӯз Юлдуз Усмонова, ҳунарманди саршиноси Узбакистон, барномаи ҳунарии худро пешкаши мухлисонаш карда буд. Дар ҳамин ҳол, Ҷонибек Муродов, овозхони ҷавони тоҷик, ба расонаҳо гуфтааст, ки ҳарчанд ҳунармандони узбак дар Тоҷикистон барномаҳои худро ба намоиш мегузоранд, аммо мақомоти ин кишвари ҳамсоя то ҳол барои сафари ҳунарии овозхонҳои тоҷик иқдоме рӯйи даст нагирифтаанд.

Зимнан, тӯли солҳои зиёд сафари ҳунарии чеҳраҳои саршиноси тоҷику узбак ба кишварҳои якдигар ба фаромӯшӣ рафта буд. Аммо дар як соли ахир рӯзҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳи саноатии Узбакистон дар Тоҷикистон баргузор шуда, мақомоти ду кишвар барои содда кардани равуо низ омодагии худро изҳор доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG