Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиков дар Қазоқистон боздошт шуд


Остона, 16-уми майи соли 2024
Остона, 16-уми майи соли 2024

Қудратиҳои Қазоқистон рӯзи 16-уми май ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиковро дар шаҳри Остона боздошт карданд.

Дар видеое, ки дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр шуд, нишон медиҳад, ки афроди низомипӯш Сиздиковро ба як микроавтобус савор мекунанд.

Ойгул Токпаева, ҳамсари ҳомии ҳуқуқ дар видео гуфт, шавҳари ӯ ғайриқонунӣ дар Қазоқистон таъқиб мешавад. "Сиздиковро бе ҳеч далел бо худ мебаранд. Онҳо чизеро пайдо накарданд. Барои боздошти вай низ далеле вуҷуд надорад. Ин таъқиби сиёсӣ аст", - изҳор медорад ҳамсари ҳомии ҳуқуқ дар видео.

Дар Департаменти пулиси Остона боздошти Айдар Сиздиковро нахостанд шарҳ диҳанд. Масъулони хадамоти матбуотии пулис гуфтанд, ки дар ин бора "дертар" суҳбат хоҳанд кард.

Додгоҳи Остона 2-юми марти имсол Сиздиковро дар нақзи қонуни ташкили ҷамъомадҳои осоишта айбдор ва 15 рӯз ҳабс карда буд. "Тirek.info" навишта, ки Сиздиков дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи занон дар рӯзи 8 март ҳабс карда шудааст.

Айдар Сиздиков борҳо дар ҳамоишҳои эътирозии осоишта бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG