Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизбуллоҳ" кушта шудани фармондеҳашро тасдиқ кард


Бейрут, 20-уми сентябр
Бейрут, 20-уми сентябр

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон 21-уми сентябр гуфт, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Бейрут рӯзи ҷумъа як фармондеҳи дигари баландпояаш кушта шудааст.

Аз ӯ Аҳмад Маҳмуд Ваҳбӣ ном бурданд.

"Ҳизбуллоҳ", ки зери ҳимояти Эрон аст, вале Амрико созмони террористӣ медонад, Аҳмад Маҳмуд Ваҳбиро раҳбари амалиёти нерӯҳои "Ризвон" барои мадад ба гурӯҳи "Ҳамос" дар ҳамла ҷануби Исроил донист.

Ин ҳамла рӯзи 7-уми октябри соли 2023 сабаби оғози ҷанг дар Навори Ғазза гашт ва то кунун идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Даниел Ҳогарӣ, сухангӯйи артиши Исроил, мегӯяд, дар ҳамла ба ҷануби Бейрут Иброҳим Ақил, фармондеҳи нерӯҳои элитаи “Ризвон” ва даҳ фаъоли дигари гурӯҳ кушта шуданд.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон теъдоди кушташудаҳоро 15 нафар эълон кард.

XS
SM
MD
LG