Пайвандҳои дастрасӣ

Аввал санади гепатит, баъд – табобат. “Гуфтанд, ки дастур аз болост” ВИДЕО


Талаби ҳатмии маълумотнома дар бораи бемории г(ҳ)епатит дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, бахусус дандопизишкиҳо, боис ба нигаронии баъзе беморон шудааст. Онҳо шикоят доранд, ки ҳангоми муроҷиат ба духтури дандон ба ҷойи табобат ба гирифтани маълумотнома дар бораи бемории гепатит маҷбур мешаванд.

  • Бархе аз нафарони дигар аз чунин сахтгириҳои табибон истиқбол карда, мегӯянд, ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятии дигар чунин тадбирҳо ҳатмӣ ва зарур аст.
Аслан пушти ин сӯҳбатҳо масъалаи пул меистад. Агар ҳамин ташхис ройгон ба роҳ монда шавад, мардум ҳатман аз ташхис мегузаранд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, хабарнигори тоҷик, ки ахиран дар як муроҷиати худ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ аз ин вазъ шикоят кардааст, гуфт, дарди сахти дандонаш ӯро чанде пеш шабона ба маркази саломатии шаҳрӣ бурд. Хоҳиши ӯро, ки мехост дандонашро бикананд, табибон рад карданд. Сабаб ҳам ин буд, ки Аҳмадшоҳ Комилзода ҳамон лаҳза санади озмоиши маризии гепатитро надошт. Аз ӯ талаб карданд, ки барои мушаххас кардани маризии гепатит аз ташхис гузарад. Барои ба даст овардани натиҷаи ташхисе бо арзиши аз 30 то 50 сомонӣ як рӯзи дигар интизор шудан зарур буд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо тамошо кунед:

"Гуфтам, ман тоқати ин дардро як рӯзи дигар надорам ва фаврӣ бояд аз дард халос шавам. Гуфтанд, ин ба мо рабт надорад. Бо онҳо хеле баҳс кардам. Гуфтам, шумо тарзе табобат кунед, ки сироят наёбем. Ҷавоб як буд. Мегуфтанд, ки аз “боло” супориш шудааст. Мисли ман инҷо чанд нафари дигар ҳам, ки ё вақт ё шароити гузаштани ташхисро надоштанд, норозигӣ мекарданд. Одами бисёр ҷамъ шуда буд, ҳама нороҳат буданд", - нақл кард ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Комилзода аз озмоиш нагузашт ва баъди ҷустуҷӯҳо тавонист, дар як дандонпизишкии хусусӣ бе санади озмоиши гепатит ва бар ивази 30 сомонӣ аз дандони маризаш халос шавад. Ӯ гуфт, медонанд, ки гепатит бемории сироятӣ аст, вале мехоҳад аз мақомоти соҳаи тиб ба ин суоли худ посух гирад, ки магар барои ин ҳатман бояд бемореро, ки бо як дарди одӣ ба табиб муроҷиат мекунад, азият доду табобаташро ба таъхир гузошт?

Аҳмадшоҳ Комилзода
Аҳмадшоҳ Комилзода

“Агар ин қадар ин ташхис зарур аст, пас, бояд ройгон шавад. Мардум аз куҷо 50 сомонӣ барои фаврӣ ташхис кардани хуни худро дорад?” - суол гузошт ӯ.

Вале дандонпизишкон мегӯянд, агар онҳо чунин тақозоро ба ҳукми қонун надароранд, хатари паҳн шудани бемориҳои сироятӣ, ки тавассути асбоби тиббии духтур дар ҳолати адами риояи меъёрҳои санитарӣ ба вуҷуд меояд, бештар мешавад.

Дар Маркази саломатии шаҳрии Душанбе тақозои санади озмоиши гепатитро таъйид карда мегӯянд, бар асоси қарори Вазорати тандурустӣ ва бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши марзизии сироятии гепатити навъҳои Б ва С ин корро анҷом медиҳанд. Маъруфҷон Маҳмудов, дандонпизишк дар Маркази саломатии шаҳрии Душанбе, гуфт, ӯ ҳаққи табобати беморонеро, ки бе санад ба онҳо муроҷиат мекунанд, надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дидани натиҷаи ташхис агар корафтода гирифтори бемории гепатит бошад ё набошад, ӯро ҳатман қабул хоҳанд кард.

Ҳадафи дигари талаби санади озмоиш барои мушаххас кардани вируси гепатит дар дандонпизишкиҳоро табибон ҷамъ овардан ва мушаххас кардани омори гирифторон ба маризии гепатит дар Тоҷикистон унвон мекунанд. Як дандонпизишке, ки нахост муаррифӣ шавад, гуфт, ин дастурро худи вазири тандурустӣ дар пайи зиёд шудани шубҳаву интиқод аз кори дандонпизишкон ва баҳсҳо дар ин маврид содир кардааст. Ӯ гуфт, “бояд бемор будан ё набудани мардумро муайян кунем, то дар сурати сар задани баҳсҳои додгоҳӣ маълум шавад, ки дар сироятёбӣ табиб гуноҳ дорад, ё не.”

Табибон мегӯянд, озмоиши хун ба хотири муолиҷаи дандон дар ниҳоят ба фоидаи худи бемор меанҷомад, чунки ӯ дар бораи вазъи сиҳатии худ, аз ҷумла вуҷуди вирусҳои хатарноке ба мисли гепатит ё ҳатто СПИД сари вақт огаҳ мешавад.

Маҳмуд Алиев, як масъули бемористони амрози сироятӣ мегӯяд, ҳоло муҳимтар аз ҳама боло бурдани маърифати мардум дар робита ба ҷилавгирӣ аз бемориҳо аст ва талаби маълумотнома ҳам бахше аз ҳамин ҷараён мебошад. Дар ин сурат, ба қавли ӯ, мардуми бидуни ягон маҷбуркунӣ ҳатман аз ташхис хоҳанд гузашт ва ҳам зимни муроҷиат ба ҳар табибе аз эҳтиёт кор гирифта, аз ӯ талаб мекунад, то фикри сиҳатии ӯро бикунанд. “Аслан пушти ин сӯҳбатҳо масъалаи пул меистад. Агар ҳамин ташхис ройгон ба роҳ монда шавад, мардум ҳатман аз ташхис мегузаранд. Оянда эҳтимол ин кор ҳам мешавад”, - гуфт ӯ.

Омори дақиқи гирифтории шаҳрвандон ба гепатит нашр намешавад ва мақомоти бахши тиб ҳам мегӯянд, барои мушххас кардани манбаи воқеии гирифторӣ ба ин беморие, ки метавонад ҷигари беморро хароб кунад, санҷишҳои дақиқ ва мунсифона тақозо мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG