Тибқи маълумоти Хадамоти санитариву эпидемиологии Тоҷикистон, дар се моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 2661 нафар ба бемории сироятии гепатит гирифтор шудаанд, ки дар муқоиса ба як соли пеш 500 маврид бештар будааст.
Ин дар ҳолест, ки табибон мегӯянд, манбаи интиқоли маризиҳои сирояти мухталиф аст ва аз ҷумла пулҳо ва ё купюраҳои коғазӣ истисно нест. Барои мисол, донишмандони Пажӯҳишгоҳи миллии эпидемиалогия ва микробиологияи ба номи Гамалеи Русия дар зимни як дар чанд коғази фарсудаи рубл бештар аз 500 навъи бактерия ва 3-4 навъи мағор ё грибоки пӯстро кашф кардаанд.
Аз ҷумла дар ин коғазҳо ангезандаҳои маризиҳои сироятии сил, гепотит ё зарпарвин, салмонелез, дизентерия ва чанде дигар хеле фаровон будааст. Ба қавли донишмандони рус, ангезандаҳои маризиҳои инфексионӣ, аз ҷумла зуком, ки дар фазои боз умри хеле кӯтоҳ доранд, ҳангоми ҷой гирифтан дар коғази купюраҳо то чанд ҳафта зинда мемонанд.
Аммо оё дар Тоҷикистон ба ин мавзӯъ чӣ гуна бархӯрд мешавад ва оё амнияти беҳдоштиву санитарии пулҳои коғазии сомонӣ ва дигар асъори дар Тоҷикистон дар гардиш назорат мешавад ва табибони тоҷик ба ин масъла таваҷҷӯҳ доранд?
Дар Тоҷикистон тиҷорат маъмулан аз тариқи пули нақд анҷом мешавад. Пораи коғази қимматнок, ки доштани онро ҳама онро дӯст медоранд, аммо ба қавли табибон ин коғазпораи қимматнок ба инсон аз ҳарчӣ бештар душманӣ ҳам дорад.
Манзур пулҳои коғазии дар муомилот фаровон истифодашудааст, ки ба истилоҳ «лонаи» ангезандаҳои садҳо навъи маризиҳои сироятист. Зеро дар бозорҳои Тоҷикистон ба ҳар навъи пулҳои коғазӣ, фарсуда, нимафарсуда ва олуда ба ҳар маводу олудагиҳоро мешавад мушоҳида кард. Ин натиҷаи ба сифати пулдон истифода кардани ҷайбу соқи ҷуроб ва дигар ҷойҳои бадан дар зери либос аст.
Бархе тоҷирон, ки чунин рафтори харидоронро зиёд мушоҳида мекунанд, барои амнияти сиҳатии худ ва бадбуй нашудани асъор ҳаррӯз пулҳои ҷамъшударо бо атрҳои хушбуй безарар мегардонад, ки он атрҳо ҳамчунон дар таркибашон спирт доранд.
Ҳасан Муродов, як тоҷири бозори «Корвон»-и Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз ин безараргардонӣ он аст, ки пас аз муомилаи пулӣ наметавонанд дастҳояшонро шӯянд, ки шояд дар рӯз садҳо бор пулро аз касе мегиранду ба касе медиҳанд:
«Ҳадафи аслӣ аз безарагардонии пули нақд худи мо, фарзандон, наздикон ҳастем, ки ба воситаи пул ба ягон марзии сироятӣ гирифтор нашавем. Чунки ҳоло касалиҳои зарпарвин, домана, намудҳои гуногуни зуком бисёр аст. Аз ин рӯ пулҳои ҷамъшударо бо атриёт ё спирт безарар мегардонем. Ин корро мо аз тоҷирони турк ва чинӣ омӯхтем, ки бисёр ба ин кишварҳо сафар мекунем.»
Аммо ин дар ҳолест, ки мавзӯи хуруҷи маризиҳои сироятӣ аз тариқи муомилоти пул нав ба назар мерасад. Ба қавли Наврӯз Ҷаъфаров, муовини раиси Хадамоти санитарию эпидемиолгии Тоҷикистон, ҳанӯз мавориди сироятшавии одамон ба маризиҳои сироятӣ аз тариқи пулҳои коғазӣ сабт нашудааст, аммо гуфтан мумкин аст, ки пули коғазӣ метавонад манбаи аслии ангезандаи маризиҳои сироятии пӯст бошад: «Мо то ҳозир ягон мавриди сироятшавии одамон ба маризиҳои сироятӣ аз тариқи пул ё коғазҳоро мушоҳида накардаем ва ба қайд ҳам нагирифтаем. Аммо ҳам гуфта наметавонам, ки аз тариқи пул маризиҳои сирояти мегузаранд. Зеро то ҳанӯз ягон таҳқиқоти эпидемиологӣ дар Тоҷикистон дар ин мавзӯъ анҷом нашудааст ва дар ин мавзӯи дастнохӯрда мешавад як кори илмӣ анҷом дод.»
Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, безараргардонии асъори нақдина ё банкнотҳо дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нест. Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, безараргардонии биноҳои нигаҳдории пули нақд анҷом мешавад, аммо пули нақд хос бо кадом як маҳлул безарар гардонида намешавад. Ба қавли ҷаноби Қурбонов, таври маълум аксари пули нақдина дар гардиш аст ва қисмати ками он ба бонкҳо бармегардад ва таҳти назорати беҳдоштии бокнҳо буда наметавонанд:
«Баъзе сандаҳое ҳаст, ки муайян мекунанд, ки пул то чӣ андоза аз рӯи сифат қобили истифода аст. Агар пулҳое, ки ба талаботи Бонки миллӣ ҷавобгӯ набошанд, ба хусус пулҳои фарсуда, ифлос аз муомилот боздошта мешаванд ва пас аз бозшуморӣ ва анҷоми механизми муайян нест карда мешаванд. Яъне дубора ба муомилот роҳ намеёбанд.»
Ин дар ҳолест, ки донишмандони бахши беҳдошти ҳадс мезананд, ки хатари ба манбаи ангезандаҳои маризиҳои сирояти табдил шудани пули нақдина дар кишварҳои қашшоқ вуҷуд дорад. Онҳо маъмулан пулҳои хурди дар муомилотро «лонаи» ангезандаҳои маризиҳои сироятӣ унвон мекунанд, ки аксарият дар дасти мардуми камбағал ва нодор аст.
Дар Тоҷикистон, махсусан дар бозорҳо дӯконҳои тиҷорати ғизоҳои мухталиф зиёд ба мушоҳида мерасад, ки кадбону ва тоҷири он дӯконҳо як нафар аст ва бо як даст пул мегираду бо дасти дигар хӯрок мепазад. Пас оё дар маврид пул наметавонад манбаи сироятшавӣ ба маризиҳои сироятӣ бошад?