Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти мори азимҷусса дар Ҳисор ва даъвати донишмандон барои эҳтиёт. ВИДЕО


Акси мори гурза
Акси мори гурза

Чанде аз ҷавонони тоҷик дар ноҳияи Ҳисор мори азимҷуссаи нодиреро ба навор гирифтаанд, ки дар Тоҷикистон зиёд ба назар намерасад.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ навореро ба мо фиристод, ки дар он дида мешавад, мори бузурге беҳаракат дар байни алафзор истодааст ва онҳое, ки видеоро сабт мекунанд, ба якдигар ҳушдор медиҳанд, ки ба ин ҷонвари бузург наздик нашаванд. Яке аз онҳое, ки садояш дар видео шунида мешавад, мегӯяд, ки “мумкин аст, мор то якуним метр бошад.”

Корбаре, ки видеоро фиристод, рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, видеоро моҳи апрел дар наздикии деҳаи Тӯда, тақрибан 25 километрии ғарби Душанбе бардоштаанд ва ҷонвар ҳам ба касе ҳамла накарда, осеб ҳам нарасонидааст.

Дар видео се нафар бо ҳам суҳбат мекунанд, ва яке мегӯяд, “мори аз ин ҳам бузургтарро дида буд, аммо он мор ба ин ҳад ғафс набуд. “

Онҳо доир ба навъи мор чизе намегӯянд, аммо Абдусаттор Саидов, доктори улуми биологӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба эҳтимоли ғолиб мори мазкур, мори гурза аст, ки аз ҷонварони нодир ба ҳисоб меравад ва дар Китоби сурхи Тоҷикистон шомил аст.

Абдусаттор Саидов, муовини раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз морҳои бузург дар кишвар, мори гурза аз бузургтаринҳост, ки дар минтақаҳои гуногун сукунат дорад. Ба гуфтаи ӯ, агар мор дар видео ҳам бисёр бузург ба назар бирасад, бештар аз ду метр буда наметавонад.

Ӯ афзуд: “Аз ҳама мори заҳрноки бузург дар Тоҷикистон, ҳамон мори гурза аст, ки дарозтаринаш 1 метру 90 сантиметр то 1 метру 92 сантиметр аст. Баъзеҳо воҳима мекунанд, ки мор то 10 -12 метр аст, ки ин дуруст нест. Онҳо морро аз наздик ба навор мегиранд ва чунин ба назар меояд, ки мор бисёр бузург ва дароз аст. Дар Тоҷикистон морҳои бузурге ба мисли анаконда ва ё питон вуҷуд надорад.”

Сабти мори азимҷусса дар Ҳисор ва даъвати донишмандон ба эҳтиёт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

Донишманди тоҷик афзуд, афзуд, гурза яке аз 5 мори заҳрнок дар Тоҷикистон аст, ки заҳри бисёр қавӣ дорад ва дар сурати неш задани он хуни инсон лахт мебандад ва сабаби маргаш мешавад. Ба гуфтаи донишманди тоҷик, ин бад он маънӣ нест, ки дар сурати дучор омадан бояд ҷонварро бикушанд.

Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон мардум бештар аз газидани гурза осеб мебинанд, ҳарчанд омори дақиқе дар бораи неш задани морро ӯ дар ихтиёр надорад.

Ӯ афзуд: “Дар Тоҷикистон гурзаро мори хафгир мегӯянд. Дар алафзорҳо дар чарогоҳҳо, дар ҷойҳои алафдаравӣ ҳалқа зада мехобанд ва вақте инсонро онро пайхас накарда, зер мекунад, мумкин аст, неш занад. Зер, ки кард, ҳатман мегазад. Аммо бигӯем, ки гурзову мори кубро ба одам ҳамла кунанд, ин тарзи ҳаёт ё одати онҳо нест."

Ғизои асосии гурза дар Тоҷикистон, аз синфи хояндаҳо, мушу калламуш аст, ки дар алафзорҳо зиёданд. Донишманди тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз мушкили камбуди подзаҳр дар Тоҷикистон суҳбат кард ва гуфт, ки дар замони шӯравӣ дар бисёре аз марказҳои тиббӣ подзаҳр вуҷуд дошт, вале ҳоло ёфт намешавад.

Ӯ гуфт, ҳоло фаслест, ки хатари газидани мор зиёдтар аст ва сокинони рустоҳое, ки мумкин аст, дар атрофи онҳо гурза сукунат дошта бошанд, бояд эҳтиёт кунанд.

Вай афзуд: “Асосан дар давраи алафдаравӣ одамон зарар мебинанд. Аксаран ҳам аз гурза зарар мебинанд ва мумкин аст, чунин омореро вазорати тандурустӣ дошта бошад. Мардум бояд огаҳӣ дошта бошанд, ки мори куброву гурза дар куҷо паҳн шудааст, то зимни кору сафар эҳтиёт кунанд. Ҳоло мавсими ҷамъоварии гиёҳҳои хӯрданӣ аст, ки дар ин мавсим ҳам хатари газидани мор зиёдтар мешавад ва барои ҳамин бояд эҳтиёт кунанд. “

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Абдусаттор Саидов, 15 навъи мор сукунат дорад, ки дар умум 5 навъи онҳо заҳр доранд, бақия морҳои безаҳр ҳастанд.

XS
SM
MD
LG