Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги акка ва мор дар Роғун. ВИДЕО


Ҷанги акка ва мор дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

Наворро дар инҷо тамошо кунед

Яке аз сокинони шаҳри Роғун видеои ҷолиберо аз онҷо ба мо фиристод, ки нишон медиҳад, чӣ гуна як акка мори хурдеро дар канори роҳи мошингузар азият мекунад.

Дар видеои дудақиқаӣ мори зардранге дида мешавад, ки мехоҳад, аз канори роҳ ба зери мошини дар ҳоли таъмир биравад, аммо паррандаи чолок ӯро беист бо минқор мезанад ва монеи ҳаракати ӯ мешавад. Мор ҳам гоҳе кӯшиш мекунад, ба парранда неш занад, аммо паррандаи чолок ба ӯ иҷоза намедиҳад.

Ин наворро Фаррухрӯз Орипов, сокини шаҳраки Обигарм, рӯзи 14-уми сентябр ба навор гирифтааст. Ӯ рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте аз як тӯй бо мошин бармегаштем, чашмамон ба мору парранда афтод, ки беист бо ҳам кашмакаш доранд.”

Ба қавли ӯ, бо вуҷуди ҳаракати мошинҳо аз наздикии ҳарду ҷонвар, акка морро раҳо кардан намехост ва ҳамингуна моҷаро се ё чаҳор дақиқа идома кард. Дар поёни видео дида мешавад, ки чӣ гуна акка баъди наздик омадани як мошин ва наврас “домани морро раҳо” ва аз ҷойи ҳодиса “фирор” мекунад.

Ин видеоро Фаррухрӯз аз тариқи Вотсапп ба мо фиристод ва агар Шумо ҳам видеои ҷолибе доред, пас, ба ин шумора +420 724 053 959 бифиристед. Вайбер ИМО ва Телеграм ҳам дорем.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG