Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сусморро "муҳокима карданд" ва ба дор овехтанд. САДО


Аксро корбарони Радиои Озодӣ ба мо фиристоданд ва гуфтанд, ки онро дар Тоҷикистон бардоштаанд.
Аксро корбарони Радиои Озодӣ ба мо фиристоданд ва гуфтанд, ки онро дар Тоҷикистон бардоштаанд.

Агар сусмор аз байни пойи мард гузарад, ӯ аз нерӯи мардиаш як умр маҳрум мешавад. Агар ҳар касе сусморро бубинад, бемор мешавад. Ё агар инсоне ба сусмор ва ё калтакалос даст расонад, пӯсташ сафед мешавад. Шояд ҳамин боварҳо сабаб шудааст, як сусмори азимҷусса ва ҷонвари нодирро дар яке аз гӯшаҳои Тоҷикистон ба дор овезанду аз ин балоҳо халос шаванд.

Дар ду аксе, ки корбарони Радиои Озодӣ чанде пеш ба мо фиристоданд, ҷасади сусмори хокистаррангро мебинед, ки дар симчӯбе овехта шудааст. Пеш аз овехтан, зоҳиран сусморро барои омаданаш ба деҳа «муҳокима» карда ва сипас баданашро бо таноби пластикӣ печонида ва гулӯяшро сахт бастаанд.

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, маҳалли бардоштани аксҳоро маълум кунад, вале фарде ки онро ба мо фиристод, навиштааст, ки аксро дар Тоҷикистон бардоштаанд ва он воқеист.

Барои наҷот берун омад, кушта шуд

Дар аксҳо маҳалле дида мешавад, ки ба бисёре аз деҳоти Тоҷикистон монанд аст. Як пажӯҳишгари Институти зоология ва паразитология ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сусмори хокистарранг ҳам дар шимол ва аксаран дар ҷануб сукунат дорад.

“Дар соҳилҳои дарёи Ёқсу, Вахш, Кофарниҳон, Панҷ, Сирдарё, Қубодиён, Айваҷ, Бешкент, мамнӯъгоҳи Бешаи Палангон сукунат доранд. Сусмори хокистарранг, аз хонаводаи калтакалосҳо аст ва аз навъи ҷонваронест, ки дар вартаи нобудӣ қарор дорад. Дар Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон ворид шудааст” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Сусморе, ки дар акс дида мешавад, бештар аз як метр дарозӣ дорад. Ба гуфтаи табиатшиносон, ин навъи ҷонвар дар Тоҷикистон бисёр нодир аст ва куштани сусморҳои бузург онҳоро ба вартаи нобудӣ наздиктар мекунад.

Тақдири сусморе, ки соли гузашта дар вилояти Бодканди Қирғизистон ба дасти як гурӯҳе аз ҷавонон афтод.
Тақдири сусморе, ки соли гузашта дар вилояти Бодканди Қирғизистон ба дасти як гурӯҳе аз ҷавонон афтод.

Ҳавои тафсони имсола сабаб шудааст, ки сусморҳои азим, ки дар баъзе маҳаллаҳо онро “Эчкамар” меноманд, барои ёфтани тӯъма ва об ба маҳаллаҳои аҳолинишин рӯ биёранд. Ин навъи ҷонвар дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба чашм мехӯрад ва бераҳмӣ нисбат ба ин ҷонвар дар Қирғизистон ҳам дар гузашта дида шудааст.

Боварҳои нодуруст сабаби бераҳмӣ ба хазандагон

Насим Шерхонов, узви Ҷамъияти табиатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, маҳз боварҳои нодуруст дар бораи хазандаҳо ба мисли мору сусморҳо сабаб мешавад, ки мардум ин ҷонварони нодирро хатарнок номида нобуд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ мардум нақши муҳими ин ҷонваронро намедонанд, ки калонҳояш мушу калламушҳои зиёновар барои кишоварзонро хӯрда ва зарари онҳоро барои худи мардум камтар мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, сусморҳои хурд аз маҳвкунандагони ҳашароти зиёнрасон бахусус, магасҳое, ки ҳастанд, ки бемориҳои сироятӣ ва хатарнокро паҳн мекунанд.

Сусморро "муҳокима карданд" ва ба дор овехтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим

Табиатшинос аз деҳаи Панҷосиёби ноҳияи Кӯлоб мегӯяд, ин боварҳо, ки сусморҳо, ба инсонҳо ҳамла карда заҳр мезананд, асосе надорад ва дар минтақаи онҳо, то ҳол сусмор ба касе зиён нарасонидааст. “Ингуна ҳолатҳо набуд, инҳо ҷонварони беозоранд, худашон бисёр оҳиста ҳаракат мекунанд. Ҳеҷ калтакалос ва ё сусмор заҳр надорад” – гуфт, Насим Шерхонов.

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, баъди солҳои 90-ум дигар дар минтақаи онҳо сусморҳои бузург ба чашм нахӯрданд, вале хурдтаронаш мондаанд.

Агар дар Тоҷикистон буд, гунаҳкор ҷазо мегирад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳаргуна ҳодисаи маҳви ҷонварони нодирро ҷиддан таҳқиқ мекунанд ва гунаҳкоронро ҷазо медиҳанд, аммо маълумоте дар бораи ба дор овехтани сусмор то ҳол нагирифтаанд.

Абдуқодир Маскаев
Абдуқодир Маскаев

“Агар дар ягон минтақаи Тоҷикистон мешуд, ба мо ягон иттило медоданд. Агар мо фаҳмем, ки дар куҷо шудааст, нисбати онҳое, ки чунин кор кардаанд, чораҳои маъмурӣ андешида мешавад” - гуфт, Абдуқодир Маскаев, сардори Раёсати ҳифзи ҳайвонот ва набототи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон 25 навъи калтакалосҳо сукунат доранд ва сусморҳо яке аз хонаводаи ин хазандаҳост. Азбаски таҳқиқ дар бораи ин навъи ҷонварон кам сурат мегирад, маълум нест, дар Тоҷикистон чанд сусмори хокистарранг боқӣ мондааст. Вале иттилои раднопазир ин аст, ки сусморҳо бо тангтар шудани манотиқи сукунаташон камтар мешаванд ва инсонҳо низ бо такя ба боварҳои нодуруст, дар маҳви комили ин ҷонварони дар вартаи нобудӣ “саҳм мегиранд”.

Куштани хазандаҳо аз ҷумла мор дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад ва соли гузашта як ҷавони тоҷик мори дарози афъиро бо дост зада кушт ва сипас видеояшро дар Интернет нашр кард. Мақомоти Тоҷикистон баъд аз ин ӯро барои бозпурсӣ даъват карданд, вале бо назардошти онки баъди кӯшиши ҳамлаи мор ӯро куштааст, ҷавонро ҷарима набастанд.

XS
SM
MD
LG