Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳри кубро. Парвариши ду мори хатарнок дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Баъд аз чиҳил соли таваққуф дар яке аз муассисаҳои илмии Тоҷикистон парвариши морро аз сар гирифтанд. Пажуҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи улуми Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ холӣ буд, дигарбора ба ҷойи таҳқиқи заҳри мор ва парвариши ин ҷонварон табдил шудааст.

Дар Тоҷикистон ба ғайр аз ин парваришгоҳи муассисаи таҳқиқотӣ як корхонаи дигаре дар Бохтар вуҷуд дорад, ки ба парвариши мору гирифтани заҳри он машғул аст. Корхонаи “Мину фарм”, мутааллиқ ба ширкати “Фароз” аст

Файзалӣ Ҳакимов, раҳбари Пажуҳишгоҳ, рӯзи 7-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар парваришгоҳ 42 мори кубро ва гурзамор парвариш меёбанд. Ду мори хатарнок аз оилаи морҳои афъиро, ки заҳри он инсонро дар муддати кӯтоҳ мекушад.

“Ду соли ахир барои барқарор кардани ин морхона раҳбарияти Академияи илмҳо бисёр талош кард. Ин қадамҳои аввалин аст. Ҳоло бархе ниҳодҳоро барои ҳамкорӣ даъват кардем, то дар омӯзиши заҳри мор бо мо кор кунанд. Ин пажӯҳишгоҳ ҳоло ғизоҳоеро омӯзиш мекунад, ки барои тақвияти заҳри мор мусоидат мекунад”, - гуфт Файзалӣ Ҳакимов.

Парвариши мор дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест ва аз солҳои 1980 то соли 1994 дар Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитология ин морхона амал мекард ва заҳри куброву гурзаморро барои тавлиди дору ба хориҷ мефурӯхтанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мори кубро ва гурзаҳоро барои чӣ ба Душанбе овардаанд?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:37 0:00

“Таъми неши мору заҳри он"

Муассисаи морпарварӣ ва таҳқиқотии академия дар замони Шӯравӣ шӯҳратёр буд ва дар анбораш то 2 кило заҳри мор дошт, ки миқдори зиёд ба ҳисоб меравад. Мутахассисон аз як мор метавонанд, фақат чанд қатра ва ҳадди аксар то 10 миллиграм заҳр бигиранд.

Соли 1993 қарор дар бораи “Таъсиси корхонаи давлатии илмӣ-истеҳсолии худмаблағгузор оид ба парвариши морҳои заҳрнок, ба даст овардани заҳри хушки мор ва дар асоси он тайёр намудани доруворӣ" қабул гардид, вале ба далели набуди сармоя қарор иҷро нашуд. Ҳоло таҳқиқи заҳри мор ва қавитару беҳтар кардани он айни замон бо ҳадафи истеҳсоли дору дар дохили кишвар ҳам будааст.

Муродалӣ Афғонов, корманди пажуҳишгоҳ, ки 20 соли ахир бо ин навъи хазандаҳо сарукор дорад ва як дафъа “таъми неши мору заҳри онро чашидааст”, мегӯяд, морҳоро аз дашту доманакӯҳҳо пайдо карда ва ба пажуҳишгоҳ меорад. Кубро ва гурзаморҳои Тоҷикистон аз якуним метр дарозӣ ва 2 кило вазн доранд.

“Ин морҳо то 16 сол умр мебинанд ва хӯрокашон асосан паррандаҳо аст”, - гуфт ӯ. Азбаски ин морҳо фақат парранда мехӯранд, заҳри онҳо дар муқоиса ба заҳри мори кубро дар Озарбойҷону Қазоқистон ва дигар кишварҳо ба маротиб қавитар ва барои офаридани дору муносибтар будааст.

Заҳри мор - ба хориҷа

Дар Тоҷикистон ба ғайр аз ин парваришгоҳи муассисаи таҳқиқотӣ як корхонаи дигаре дар Бохтар вуҷуд дорад, ки ба парвариши мору гирифтани заҳри он машғул аст. Корхонаи “Мину фарм”, мутааллиқ ба ширкати “Фароз” аст, ки се сол боз мори куброву гурзамор мепарваранд. Аммо ин корхона ҳам заҳри морро ба хориҷ мефурӯшад ва аз он дору ва ё по(д)заҳре истеҳсол намекунад. Гуфта мешавад, ки дар ин парваришгоҳ солона то 300 грам заҳри мор мегиранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, то кунун аз Тоҷикистон заҳри морро ба Имороти Муттаҳидаи Араб, Олмон, Ҷопон ва Чин содир кардаанд. Қимати як грам заҳри гурзамор дар Аврупо аз 650 евро ҳам баландтар будааст.

Заҳри ин ду навъи мор барои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла буғумдард васеъ истифода мешавад. Аз заҳри кубро доруҳои зиёд ба мисли “наятаксин” месозанд, ки барои бемориҳои буғумдард, радикулит ва ревматизм зиёд истифода мешавад.

Кубро дар "Китоби Сурх"-и Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 15 навъи морҳо мавҷуданд, ки танҳо панҷ намуди онҳо заҳрноканд, аммо танҳо аз заҳри мори куброи осиёимиёнагӣ ва гурзамор дар тиб ба таври васеъ истифода мешавад. Макони сукунати ин морҳо минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон аст, ки ҳарорати ҳаво нисбатан гармтар аст.

Кубро - аз шумули хазандаҳои нодири Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба “Китоби Сурх” ворид шудаст. Муҳаққиқони тоҷик мегӯянд, ки морҳои кубро бо риояти тамоми муқаррароти қонунӣ ба ин парваришгоҳ оварда мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG