Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Агар морро намекуштам, тӯъмааш мешудам” ВИДЕО


Насим Мирзоев, як ҷавон аз ноҳияи Мӯъминобод, баҳори имсол ҳангоми нигоҳубини чорвояш мори афъии тақрибан 3-метриро кушт ва наворашро дар Интернет гузошту ҳаёҳуеро барпо кард. Ӯ фикр намекард, ки барои ин рафтор ба дарди сар гирифтор мешавад.

Дар Тоҷикистон барои қатли морҳои нодир то якуним ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст ва азбаски Насим барои ҳифзи ҷонаш ба мор муқовимат кард, ӯро ҷарима набастанд.

Мирзоев рӯзи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди ин ҳодиса ӯро ба идораи мақомоти интизомӣ даъват карда ва хостаанд, шарҳ бидиҳад, ки чаро ва бо чӣ морро кушт. “Инҷо овоза шуда буд, ки гӯё бо камон морро куштаам. Барои ҳамин, маро ба идораи милиса даъват карданд, ки барои истифодаи камон ҳуҷҷат дорам, ё не. Ман гуфтам, ки морро бо дос куштам”, - нақл кард ин сокини ноҳияи Мӯъминобод.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Агар ман ӯро намекуштам, ӯ маро мекушт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00

Баъди бозпурсӣ дар додситониву шӯъбаи умури дохилӣ дар минтақа Насим Мирзоевро табиатшиносон насиҳат карданд, ки ҳатто қатли мор ҳам осеб расонидан ба муҳити зист аст. Насим Мирзоев мегӯяд, дар ин ҳодиса худро аз чанголи мор халос кард, вагарна туъмааш мешуд ва дар ин бора ба мақомот баёнот додааст.

Як масъули идораи умури дохилии ноҳияи Мӯъминобод бозпурсии Насим Мирзоевро тасдиқ кард. Ӯ низ гуфт, иллати бозпурсӣ овозаи истифода аз камон буд. Абдуҷаббор Беков, масъули идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳия гуфт, ба далели онки Мирзоев барои ҳимоят аз худ морро бо дос куштааст, ӯро ҷарима набастанд. “Зеро баъд аз ин ҳодиса ӯ саломатиашро аз даст дода буд. Ӯро дуохонӣ карданд”, - гуфт Абдуҷаббор Беков.

Насим Мирзоев
Насим Мирзоев

Дар Тоҷикистон барои қатли морҳои нодир то якуним ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст ва азбаски Насим барои ҳифзи ҷонаш ба мор муқовимат кард, ӯро ҷарима набастанд. Худи ӯ эътироф мекунад, ки дар дашту ҷангалҳои назди рустояшон морҳои афъӣ зиёданд, вале дар ду даҳсолаи ахир касеро нагазидаанд.

Дар Тоҷикистон морро умдатан як хазандаи тарсноку мудҳиш меноманду мекушанд, ҳарчанд ба гуфтаи табиатшиносон ин хазанда ҷондори беосеб аст ва танҳо дар сурати эҳсоси хатар ба ҷонаш ба инсон ҳамла мекунад.

XS
SM
MD
LG