Пайвандҳои дастрасӣ

"Фароз" дар Тоҷикистон 600 ташхисгоҳи пулакӣ фаъол кард


Ширкати “Фароз” дар Тоҷикистон беш аз 600 лабораторияро барои ташхиси бемории сокинон фаъол кардааст. Ин ташхисгоҳҳо умдатан дар назди бемористонҳои давлатӣ ҷой гирифта, аммо бинобар хусусӣ будан хадамоташон пулакӣ аст.

Ширкати “Фароз” исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст, вале расонаҳо борҳо гузориш нашр кардаанд, ки он ба афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Дар ширкати “Фароз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди ин ташхисгоҳҳоро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳамаи ин марказҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъминанд. Дар ин ширкат мегӯянд, таҷҳизоти навини ширкат боиси баланд рафтани сифати хидматрасониҳои тиббӣ мешавад, чунки муолиҷаи муассири беморон аз натиҷаи дақиқу рӯшани ташхисҳо вобаста аст.

Як ҳамсуҳбати мо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 10-уми июл гуфт, ташхисгоҳҳои “Фароз” дар доираи қонун “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” фаъолият мекунанд.

Яъне, давлат барои фаъолияти ин ташхисгоҳҳои хусусӣ дар дохили бинои бемористонҳо ҷой медиҳад. Ширкат ба навбати худ ташхисгоҳро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз намуда, лабораторияҳоро фаъол мекунад. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, фоидаи давлат аз ин гуна ҳамкорӣ ин аст, ки ташхисгоҳҳо бо навтарин таҷҳизот таъмин мешаванд, ки нархи хеле гарон дошта ва давлат ба танҳоӣ наметавонад барои кулли лабораторияҳо ин гуна таҷҳизот бихарад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ташхисгоҳҳои марбут ба “Фароз” имкон доранд, ташхисҳоеро ба мисли генетикӣ, имунохимиявӣ ва шиносоии ДНК анҷом диҳанд, ки дигар марказҳо ба чунин кор қодир нестанд.

Тиҷорати ташхиси вазъи саломати инсон дар Тоҷикистон аз пурдаромадтаринҳост. Қиммати як ташхис дар чунин лабораториҳо аз 40 то ба 600 сомонӣ нарх дорад. Ҳарчанд ширкати “Фароз” дар бозори ташхис танҳо нест ва чандин ширкатҳои дигар ба мисли “Нурафзо”, клиникаи Ибни Сино низ вориди бозор ҳастанд. Аммо “Фароз”, ки бо беш аз 600 ташхисгоҳ вориди ин бозор шудааст, бахши аъзами онро зери даст дорад.

“Фароз” дар гузашта низ таҷрибаи шарикӣ бо давлатро дошт. Дар соли 2014 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Терминали Хадамоти гумрукро боз кард, ки онро ширкати “Фароз” сохта ва муҷаҳҳаз карда буд. Он замон раиси ҷумҳур ин ҳамкориро “намунаи олии бахши хусуӣ ва давлат” унвон карда буд.

"Сафед дара"
"Сафед дара"

“Фароз” аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чандин соҳаҳоро дар бар мегирад. Ин ширкат тиҷораташро дар арсаи тиб аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард, ки барои истеҳсоли чандин навъи доруҳо ашёи хом ба ҳисоб меравад. Ин ширкат ҳамчунон дар ҷануби кишвар серпентарий ва ё макони парвариши морҳоро низ дар ихтиёр дорад, ки дар он беш аз 500 мори афъиву айнакдор нигоҳдорӣ мешаванд. Ширкат аз ин заҳри мор низ истеҳсол мекунад, ки дар тиб барои истеҳсоли позаҳрҳо ба таври густарда истифода мешавад.

Ин ширкат ҳамчунон дар ворид кардани сӯзишворӣ ба мисли газу бензин пештоз аст. Нашри шаҳодтаномаи ронандагӣ, рақами мошин ва таълими маҳорати ронандагӣ дар мактабҳо низ аз тиҷоратҳои пурдаромади “Фароз” ҳастанд.

Ахиран ин ширкат маҷмаи лижаронии “Сафед дара” дар ноҳияи Варзобро низ аз давлат харида ва бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ онро бозсозӣ кард. Ҳамакнун ин мавзеъ бо таноброҳи 2-километрии муосир таъмин аст ва алоқамандони лижаронӣ ва варзишгарон онро аз беҳтарин мавзеъҳо дар Осиёи Миёна медонанд.

Ширкати “Фароз” исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст, вале расонаҳо борҳо гузориш нашр кардаанд, ки он ба афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG