Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сафед-дара" бо 80 млн сомонӣ азнавсозӣ шудааст. АКСУ ВИДЕО


Ширкати "Сафед-дара" -- молики бунгоҳи лижаронӣ дар Варзоб, пас аз азнавсозии ин мавзеъ онро барои муштариён ва хабарнигорон муаррифӣ кард. Тайи як соли охир ин ширкат дар ин маҷмаи лижаронӣ, хати нави ҳавоӣ, роҳчаи равон барои боло баромадан, майдончаи яхмолакбозӣ ва ду бинои нави хидматрасонии маиширо барои муштаёринашон бунёд кардааст.

Гузориши видеоӣ инҷост:

"Сафед-дара" азнавсозӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Ба гуфтаи масъулони ин ширкат, давоми соли ҷорӣ хатти нави ҳавоӣ (канатная дорога) бо дарозии 2 километр сохта шудааст, ки аз 32 хоначаи равон иборат мебошад ва дар ҳар як хонача имкон дорад то 8 нафар ҷой шаванд. Ин хатти ҳавоӣ тавоноии боло бурдани 1000 нафарро дар як соат ба баландии 2600 метр дорад ва аз сӯи ширкати австриягии "Допелмайер" сохта шудааст.

Исматулло Зиёев, муовини раиси ширкати "Фароз" гуфт, ҳангоми харидории "Сафед-дара" шарти фурӯш, ин сармоягузории 40 миллион сомонӣ барои азнавсозии ин мавзеъ буд: “Шарти фурӯши ин маҷмаа дар тендер ин буд, ки мо ҳамчун сармоягузор барои таҷдиди Сафед-дара 40 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунем. Аммо дар ин муддат мо ду маротиба бештар аз ин - 80 миллион сомонӣ барои бозсозии ин мавзеъ харҷ кардем. Ҳамчунин тибқи талаботи тендер, мо бар замми 100 ҷойи кори мавҷудбуда, бояд 20 фоиз ҷойҳои нави корӣ таъсис медодем. Мо ин шартро низ барзиёд иҷро кардем ва ҳоло дар маҷмаа ҳудуди 300 нафар кор мекунанд.”

Хати нави ҳавоии бунёдкардаи ин ширкат ҳоло охирин санҷишҳои бехатариро мегузарад. Қарор аст рӯзи 24-уми декабр хати нави ҳавоӣ, ки аз сӯи ширкати австриягии "Допелмайер" сохта шудааст, ба истифода дода шавад. Ҳоло низ маҷмаи лижаронии Сафед-дара омодаи қаблуи лижаронҳо ва дӯстдорони варзишҳои зимистонӣ аст. Дар ин мавзеъ айни ҳол, хатти ҳавоии қаблӣ фаъол аст ва тариқи он лижаронҳо метавонанд ба боло баромада лижасавор поён фароянд.

Муштариён дар ин мавзеъ метавонанд лижа, снобоорд ва либосҳои хоси лижарониро ба иҷора гиранд. Кирояи лижа ва либосҳо дар рӯзҳои корӣ 90 сомонӣ ва дар рӯзҳои истироҳат 160 сомонӣ аст. Ба иттилои масъулон, қимати иҷораи ҳуҷаи дунафарӣ барои як шаб 80 доллар ва ҳуҷраи чорнафарӣ 140 доллар муайян шудааст.

Дар як нишасти хабарии масъулони ин маҷмаа, хабарнигорон сабаби гаронии нархҳои хидматрасонии ин мавзеъро пурсиданд. Баҳодур Исҳоқов, роҳбари маҷмааи “Сафед-дара” дар ин робита ба гуфт: “Мо дар моҳи ноябр, ки ҳоло хати ҳавоӣ фаъол набуд, танҳо барои пули барқ 50 ҳазор сомонӣ пардохт кардем. Ҳар рӯз барои гарм кардани иншооти маҷмаа як тонна ангишт масраф мешавад. Тоза кардани роҳ то ин ҷо хароҷот дорад. Баъдан, агар мо нархро бо мавзеъҳои монанди ҳамсоякишварҳоямон қиёс кунем, аз мо арзонтар аст. Масалан, як ҳуҷраи дунафара дар меҳмонхонаи “Каприз“-Қарақол дар Қирғизистон дар шаби соли нав 340 доллар аст. Аз мо дар ин шаб 160 доллар аст.”

Зимнан, соли гузаштаи 2015 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ҷиҳати фурӯши маҷмааи "Сафедорак", ки то он замон дар ихтиёри Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ қарор дошт, тендер эълон кард. Кумитаи қимати аввалияи ин иншоотро 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ муайян карда буд. Дар тендери кушода ширкати “Сафед- дара” ғолиб омад. Ин ширкат ин маҷмааро бо қиммати 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ (беш аз 200 ҳазор доллар бо қурби он вақта) харидорӣ кард.

Маҷмааи лижаронии Сафед-дара соли 1976 бунёд шуда, аз як меҳмонхонаи 4-қабата ва хати ҳавоии дукилометрӣ иборат буд.

XS
SM
MD
LG