Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як Соҳибов мансаби давлатӣ гирифт


Саҳифаи "Регаркабел" дар Директорияи ширкатҳои содиркунандаи Тоҷикистон

Дар чорчӯби тағйироти ахири кадрӣ додари яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси Оҷонсии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ин кишвар таъин шуд.

Тибқи гузориши сомонаи расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12 май дар сохторҳои давлатии ин кишвар як силсила тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аз ҷумла додситонҳои чандин шаҳру ноҳия, бо шумули пойтахт, шаҳри Душанбе иваз шуда, чанд нафар дар вазорати умури дохила табдили мансаб карданд ва аз ҷумла Нурулло Орипов раҳбари раёсати амнияти дохилии вазорати умури дохила таъин шуд.

Ва дар поёни ин гузориши кӯтоҳ хабар дода мешавад, ки “...Нарзулло Соҳибов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид дошт, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.”

Нарзулло Соҳибов 32 сол дошта, бахши иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар вазорати молия кор карда, аз соли 2007 дар мақоми мудири кулли корхонаи “Регаркабел” кор мекард. Онҳое ки Нарзулло Соҳибовро мешиносанд, ӯро як нафари кордон ва бо зердастонаш хушмуомила тавсиф мекунанд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди доштани хешу табори пурнуфуз Нарзулло Соҳибов марде хеле хоксор аст.

Нарзулло Соҳибов яке дигар аз намояндагони хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳост. Ду нафар аз ин хонадон - бародари Нарзулло - Муҳаммадзоир Соҳибов ва бародарзодааш Шамсуллоҳ Соҳибов ба духтарони раисиҷумҳури Тоҷикистон издивоҷ кардаанд. Соҳибовҳо, ки зодаи минтақаи Чапаеви ноҳияи Румӣ (собиқ Колхозобод)-и вилояти Хатлонанд, ҳоло дар арсаи тиҷорати кишвар хеле пештоз буда, инак ба мансабҳои давлатӣ низ роҳ меёбанд.

Зайнулло Соҳибов
Зайнулло Соҳибов
Дар моҳи ноябр дар пайи пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ва даст ёфтани ӯ ба давраи чоруми раёсат Зайнулло Соҳибов, бародари дигари Муҳаммадзоир Соҳибов, раиси корхонаи “Сементи тоҷик” – бузургтарин корхонаи сементсозии Тоҷикистон – таъин шуд.

Худи Муҳаммадзоир Соҳибов, ки ба Фирӯза, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон издивоҷ кардааст, то соли 2008 раиси Биржаи молу ашёи хом буд. Ҳамон сол ба мақоми мудири Оҷонсии харидҳо, корҳо ва хадамоти давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд, вале дар соли 2011 ба таври мармуз аз ин мақом рафт. Баъди он Муҳаммадзоир Соҳибов асосан ба тиҷорат машғул шуд ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, назорати як силсила тиҷоратҳои пурфоида, аз ҷумла назорати бозори “Ҳоҷӣ Шариф” дар Қӯрғонтеппа ва бозори асосии ноҳияи Ҳисорро дар даст дорад.

Исми бародарзодаи ӯ Шамсуллоҳ Соҳибов, ки ба духтари сеюми президент хонадор шудааст, дар робита ба “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт - ва “Автосантал”, як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон вирди забонҳо шудааст.

"Дарахти хонаводагӣ"-и президенти Тоҷикистон
"Дарахти хонаводагӣ"-и президенти Тоҷикистон
Интисоби Нарзулло Соҳибов ба мансаби давлатӣ дар ҳолест, ки масъалаи ҳузури афзояндаи хешу табори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои давлатӣ ва дар тиҷоратҳои “равғанӣ” ба як мояи асосии интиқодҳо аз сиёсати давраи инак чоруми раёсати ӯ табдил ёфтааст.




Баъди пирӯзии ӯ дар интихоботи моҳи ноябр хеши наздики президент Давлаталӣ Саидов муовини аввали сарвазир таъин шуда, Рустами Эмомалӣ, писари ҳамагӣ 26-солаи Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми муҳими раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон расид ва сазовори унвони генералӣ ҳам шуд. Ҳамин тавр, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, бародарзодаи президент моҳи ноябр аз симати фармондеҳи Горди миллӣ ба мақоми боз ҳам баландтари фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон нишаст.

​ Духтари дуюми президент Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷа ва шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молияанд. Ҳамин тавр, Ҳасани Асадуллоҳзода, додарарӯси президент раиси "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, як додарарӯси дигари оқои Раҳмон - Амонуллоҳ Саъдуллоев - соли гузашта раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи Тоҷик" ва додарарӯси дигараш Амирулло Холов дар моҳи феврал шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуданд. Дар моҳи апрел Сироҷ Гулмуродов, хоҳарзодаи раисиҷумҳур ба симати раиси идораи андози вилояти Хатлон рафт.

Шарҳҳоро бинед (40)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG