Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон қабл аз паёми ӯ ба мардум (ВИДЕО)


Акс аз рӯзи ироаи паёми як сол пеши Э.Раҳмон

Бисёриҳо дар Тоҷикистон аз паёми имсолаи раиси ин ҷумҳурӣ ба ҳамин як суол посух мехоҳанд, ки оё ин ҳама мушкилоти кишвар, бекориву бебарқиву бегазӣ, беадолатӣ ва ”бе”-ҳои дигаре, ки аз гиребони ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ гирифтаанд, ТО КАЙ давом хоҳад кард?

Вале суол инҷост, ки паёми имсола посухи ин ҳамаро хоҳад дошт ваё, ба таъбири як ҳамсӯҳбати мо, ин ҳам такроре дигар аз паёмҳои гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон хоҳад шуд?

Ироаи паёмҳои солона барои Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, албатта, кори наве нест. Вале паёми рӯзи 23-юми апрели ӯ каме фарқ мекунад. Ин нахустин паёми солонаи Раҳмон дар давраи инак чоруми президентии ӯ ва баъд аз пирӯзиаш дар интихоботи моҳи ноябр буда, ҳамзамон охирин паёми ӯ ба ҳайати кунунии порлумон аст, ки дар интихоботи соли 2015 иваз мешавад.

ВИДЕОИ ИН БАРНОМА ДАР ОЗОДИВИДЕО ДАР ЮТЮБ:


Аз тарафи дигар, аз ин давраи нави раёсати Эмомалӣ Раҳмон ҳам 5 моҳ гузаштааст ва аз ҳоло метавон як навъ натиҷагирӣ кард, ки ӯ дар ин муддат чӣ комёбиву чӣ нокомӣ дошт? Ва хатти машши ин давраи раёсаташ то куҷо рӯшан шудааст, ки битавон ҳадс зад, оё аз паёми имсолааш чиро метавон интизор дошт ва чиро – на?
Гулнораи Наҷмиддин
Гулнораи Наҷмиддин
Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд, ӯ дар ин 5 моҳ ба бархе мояҳои асосии интиқодаш гӯш дод ва барои мисол, истиқболҳои пурдабдаба ҳангоми сафарҳои ӯ ба шаҳру навоҳӣ ҳоло оҳанги нисбатан хоксоронатар гирифтааст. Ба хусус баъди ҷуръати Гулнораи 4-сола аз Фархор, ки бо як шикояташ, ки гуфт, “Бобо, ман хунук хӯрдам”, ба фарқ аз ҳазорон калонсоли дастҳо пеши бар чашми президентро ба воқеъиятҳо каме кушод.

Таҳлилгари тоҷик Мӯсо Асозода мегӯяд: “То ҷое медонам, худи раҳбари давлат он қадар эҳтиёҷ надорад ба ин гуна истиқболҳои воло. Вале мутаассифона, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ анъана шудааст, ки аз раҳбарони давлатҳо бошукӯҳ пешвоз бигиранд, ба шарафи ӯ сурудхониҳо шавад... Лекин ман гумон намекунам, ки ин ба фоидаи ҷомиа бошад. Роҳбарони маҳаллӣ бояд худ дарк кунанд, ки раҳбаре ки тамоми халқ интихобаш кардааст, ба ин таърифу тавсифҳо дигар зарурат надорад.”

Киштии кадрҳои Душанбе

Билохира аз ҳукумат ҷавоб додани вазирони “кӯҳансол”-ро тарафдорони президент аз дигар муваффақиятҳои ӯ дар ин 5 моҳ мешуморанд. Эмомалӣ Раҳмон зимни интихоби кобинаи нави вазиронаш бо барканории вазирони ба синни бознишастагӣ расида, бо шумули Шералӣ Хайруллоев ва Оқил Оқилов, ки камокон то 70-солагиаш сарвазирӣ кард, ва ҳам чанде аз хешу табори баландмақомаш, чун Шералӣ Гулу Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ва Матлубхон Давлатов, ба таъбири маъруф, ба як тир ду нишон зад: ҳам синни миёнаи аъзои ҳукуматашро аз 57 то 52 сол поён овард ва ҳам гӯё ба даъвоҳое расидагӣ кард, ки мегуфтанд, ҳукумати Раҳмон ҳарчӣ бештар ба як ҳукумати авлодӣ монанд мешавад.
Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ
Аммо аз тарафи дигар Матлубхон Давлатовро хеши дигари президент Давлаталӣ Саидов иваз карду барои нахустин бор яке аз фарзандони худи Эмомалӣ Раҳмон – писари калониаш Рустами Эмомалӣ – ба мақоми муҳими раиси Кумитаи гумрук расид.

Вале мунтақидон мегӯянд, дар амал дар ҳукумат танҳо як ислоҳи зоҳир сурат гирифтааст - хешу табори “пиртар”-и Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони насли нави хонаводаи ӯ иваз карданд ва киштии кадрии Душанбе ҳамчунон дар ҳамон ботлоқи авлодгароиву маҳаллгароӣ дармондааст. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд: “Ва боз ҳам такя ба ҳамон хешутаборчигӣ ва маҳалгароӣ, инчунин мансубияти ҳизбӣ ба назар мерасад ва боиси таассуф аст, ки авлавият ба ин зуҳуроти манфӣ дода мешавад.”

Интизороти мардум аз паёми нав

Аммо интизорҳо аз паёми нави президент чӣ аст? Аммо мардуми оддӣ, тавре аз ин пурсиши сарироҳии хабарнигори Озодӣ дар Душанбе ба назар мерасад, аз масоили сиёсӣ дида, бештар мехоҳанд, то Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба мушкилоти рӯзмарраи онҳо, чун бебарқиву бегазӣ ва махсусан бекорӣ, ки ҳар сол беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистонро барои дарёфти рӯзӣ ба мардикорӣ дар Русия тела медиҳад, расидагӣ кунад:

"- Ман мехостам, ки оҳиста-оҳиста бебарқӣ ҳам аз байн бурда шавад. Ба мардум, бахусус дар деҳот бигзор барқи бештар диҳанд.
- Мехоҳам, ки Ҷаноби олӣ дар паёмаш дар масъалаи бекорӣ сӯҳбат кунад. Охир мактаби олиро тамоми мекунанд ҷавонон, вале ҷои кор намеёбанд ва маҷбур ба Русия мераванд. Ҷаноб коре кунанд, ки ҷавонони тоҷик дар Ватан кори хуб бо маоши хуб биёбанд ва ғарибӣ нараванд.

- Барқ диҳад ба мардум, ин биноҳоро рост кунанд. Худо хушрӯиро диҳад ба Тоҷикистони мо.

- Мо мунтазирем, ки президент фикри беҳбудии кишварро кунад. Барои мисол, дар мактабҳо муаллим намерасад. Муаллимонро таъмин кунанд, то насли нав таълими хуб бигирад."

Таваққӯъ ба чизе болотар аз ваъда


Мухолифони ҳукумат аз Эмомалӣ Раҳмон, албатта, бештар мунтазири ваъдаи як ислоҳоти фарогири сиёсианд. Аз ҷумла бо ишора ба интихоботи соли ояндаи порлумон мегӯянд, раисиҷумҳур дар паёмаш бояд сароҳатан бигӯяд, ки оё дар ин кишвар билохира як интихоботи ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ доир хоҳанд кард ё боз ҳам хайр?

Шокирҷон Ҳакимов дар ин робита мегӯяд: “Чун дафъаҳои қаблӣ президент танҳо ваъда надиҳад, балки кафолатҳои таъмини интихоботи озодро эълон дорад. Ва масъулини давлат ба раванди ин маърака дахолат накунанд.”

Аммо Мӯсо Асозода мегӯяд, аз ин паём ресепти раҳоии кишвар аз мушкилоти кунунии иқтисодӣ ва роҳҳои таъмини пешрафти фарогирашро шунидан мехоҳад:

“Ояндаи Тоҷикистон дар ташкили босуръати корхонаҳои хурди нав аст. Бояд барои ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ ва ҳимоят аз ин сармояҳо шароит офарем. Агар ин корҳо шавад, иқтисоди Тоҷикистон, ман сад дарсад бовар дорам, ки хеле пеш меравад.”

Таборгароӣ - дарди сари рақами яки Раҳмон?
Паёми имсолаи Раҳмон ҳамин тавр, дар ҳоле ироа мешавад, ки масъалаи хешбозӣ дар ҳукумати ӯ ба фарқ аз солҳои қаблӣ дигар барои матбуот “хатти сурх” нест ва танҳо дар чанд ҳафтаи охир дар расонаҳои маҳаллӣ чандин матлаб дар ин бора ба нашр расид. Бо сарлавҳаҳои баланде, чун “Шикояти соҳибкор аз хусурбачаи президент” ё “Дод аз дасти боҷаи президент”.

Мунтақидон бар инанд, ки ин масъала ҳоло то ҳадде доғ шуда, ки дигар дахолати мустақими раисиҷумҳурро мехоҳад, зеро ягон мақоми поёнтар дар Тоҷикистон, ҳатто сарвазири наваш Қоҳир Расулзода ҳатто ҷуръати лаб кушодан дар ин мавзӯъи ҳассосро надоранд.

Ҳумайрои Бахтиёр, шореҳи ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд: “Агар раисиҷумҳур мавзӯи ҳузури хешу табораш дар ҳукумат ва даст доштани хешу табораш дар тиҷоратҳои муҳимро ба баррасӣ бигирад, фикр мекунам, ки ин яке аз комёбиҳои асосии ӯ нафақат дар 5 моҳи охир, балки дар тамоми ин давраи ҳафтсолаи раёсаташ хоҳад шуд.”

Ба ақидаи тарафдорони президент ҳам, ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон аз маҳбубияти ҳамчунон зиёде дар байни мардум бархӯрдор аст, вале хешбозӣ метавонад байни ӯву мардум шикофҳоеро ба вуҷуд биорад, бахусус вақте номи президент барои манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ истифода мешавад.

Мӯсо Асозода, таҳлилгар ва узви ҳизби халқии демократии Тоҷикистон: “Хешу табор бояд худашон дарк кунанд, ки онҳо барои хеши калонашон он қадар кори хуб намекунанд. Он эътирофу дӯстдорие ки аз тарафи мардум ҳаст, кам мекунанд. Албатта, ба андозае ки дар дигар давлатҳо хешутаборчигӣ ҳаст, шояд дар Тоҷикистон чунин набошад. Худи раҳбари давлати мо доимо кӯшиш мекунад, ки ин чиз камтар бошад.”

Аммо аҳли назар мегӯянд, ҳалли ин мушкил набояд ба иродаи як нафар ҳавола шавад, балки аз тариқи таъмини шаффофият ва ҳисобот додани сарони ҳукумат дар пеши ҷомиа танзим шавад. Ҳатто агар аз демократияҳои қадимтари Амрикову Аврупо ҳам бигзарем, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам, ки дар Тоҷикистон як сиёсатмадори намунаи ибраташ медонанд, ҳамеша нишастҳои хабарӣ доир мекунад ва аз суолҳои бобу нобоби матбуот намегурезад ва ҳар сол бо мардум гуфтугӯи мустақим доир мекунад, ки дар тӯли он ҳар нафар метавонад аз зулми мақомоти маҳаллӣ мустақиман ба худи Путин шикоят кунад. Ин ба ҳар сурат мансабдорони маҳаллиро то ҳадде ҳушёр мекунад, ки мабодо гапи бедодгариашон то гӯши Путин бирасад.

Раҳмон бештар маош мегирад ё Путин?

Путин бо Ҷорҷ Буш дар мошини ГАЗ-21
Путин бо Ҷорҷ Буш дар мошини ГАЗ-21
Ҳамин тавр, дар кишварҳои мутамаддин нашри эъломияи мансабдорони аввал як амри маъмулист. Барои мисол, рӯзи 12 апрел дар сомонаи расмии ҳукумати Русия, эъломияи даромадҳои раиси ин ҷумҳурӣ ва тамоми аъзои кобинаи ӯ нашр шуд, ки мегӯяд, Владимир Путин дар соли 2013 ҳудудан 5, 8 миллион рубл, муодили тақрибан 160 000 доллар даромад доштааст. Яъне 13 000 доллар дар моҳ. Ҳамчунин эълон шуда, ки Путин 77 метр манзили хусусӣ ва 153 метр манзили давлатӣ бо як гаражи 18-метрӣ, як қитъаи замини масоҳаташ 1,5 гектар ва 3 мошин дорад – ду ГАЗ-21 ва як мошини “Нива”.

Ҳамзамон бо Путин даромади аъзои оилаи ӯ низ нашр мешавад. Аммо ба ҷуз аз як хабари 15 сол пеши то ҳол расман тасдиқ ё рад нашуда, ки мегуфт, Эмомалӣ Раҳмон моҳона 25 000 доллар маош мегирад, ҳоло кӣ гуфта метавонад, ки оё раисиҷумҳури Тоҷикистон ваё аъзои оила ва ҳукумати ӯ чӣ қадар маошу чӣ қадар дороӣ доранд? Ва оё ҳар кадоми онҳо ба давлат чӣ қадар андоз месупоранд?

Ин ҳам, ба гуфтаи таҳлилгарони тоҷик, аз ҷумлаи суолҳое аз силсилаи “То кай?” аст, ки пеши Эмомалӣ Раҳмон ва давлати ӯ истодаанд ва шояд дар ягон гӯшаи паёми имсолааш ҷо шаванд. Аммо шояд ҷо нашаванд.

Ҳумайрои Бахтиёр, шореҳи ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд: “Эмомалӣ Раҳмон дар ин 22 сол чӣ қадар паёмҳо ироа карду чӣ қадар барномаҳоеро рӯи даст гирифт. Агар он ҳама амалӣ мешуд, метавонист Тоҷикистонро ба як истиқлоли иқтисодиву энергетикӣ ва иҷтимоӣ бирасонад. Ин паёми навбатӣ ҳам шояд натиҷае надиҳад, чунки онро ҳамонҳое омода мекунанд, ки давоми ин солҳо паёмҳои қаблии президентро омода мекарданд. Ва ҳамонҳое бояд амалӣ кунанд, ки давоми ин солҳо ба иҷрои паёмҳо вазифадор буданд, вале
накарданд."

Сӯҳбати ғайрипротоколии Раҳмон бо як боғбони оддӣ дар Нуробод
Сӯҳбати ғайрипротоколии Раҳмон бо як боғбони оддӣ дар Нуробод
Аммо як чизе ки ҳамеша барои Эмомалӣ Раҳмон имтиёз меовард, гаштҳои ғайрипротоколии ӯ ва ҳарфҳоест, ки ӯ берун аз матн мезанад. Дар соли 2010 вақте Раҳмон шахсан ба маҳаллаи селзадаи шаҳри Кӯлоб рафт, ҳам мушкили ин мардум зудтар ҳал шуд ва ҳам рейтинги худи ӯ боло рафт. Айни корро ӯ метавонист дар ин ҳафта барои мардуми селзадаи рустои Одинабойии Шӯрообод кунад, агар баъди боздид аз Ваҳдат корвони мошинҳояшро ба он тараф мегардонд. Ваё агар ҳама маҷлису мулоқотҳояшро як сӯ гузошта, шахсан ба аёдати Шаҳбол Мирзоев, сарбозе ки дар қисми низомӣ маъюб шудааст, биравад ва табобати ӯро ба дӯш бигирад. Ё ҳамин тавр, ҷилави наздиконашро бигирад ва ҳам ба мақомоти зердасташ амр бидиҳад, ки буғӣ кардани дигарандешонро бас кунанд ва ба ҷои сохтани "Фабрикаи ҷавоб" фабрикаҳои воқеӣ бисозанд.

Чунин гаштҳои ғайримаъмулӣ, ба бовари таҳлилгарон, барои имиҷи ӯ бештар хидмат мекунанд, то саҳнаҳои сохта. Аммо рӯзи 23-юми апрел хоҳем дид, ки Эмомалӣ Раҳмон чанд бор аз матни паёмаш берун меравад ва чӣ сӯҳбатҳову рафтори хориҷ аз протокол хоҳад кард.

Шарҳҳоро бинед (63)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG