Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инқилоб"-и кӯдаке, ки дар Фархор Эмомалӣ Раҳмонро нашинохт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба минтақаи Кӯлоб аз мансабдорон хост, дигар кӯдакони хурдсолро дар боду ҳавои сард ба чунин чорабиниҳо ҷалб накунанд.

Ин тақозои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми октябр дар пайи шикояти як духтараки 4-сола дар ноҳияи Фархор садо дод. Ин кӯдак, ки ҳамроҳ бо дигар ҳамсолонаш ба пешвози президент ҷалб шуда буд, ҳатто намедонист, ки ин марде ки ӯро барои гарм шудан ба канор гирифт, кист? Ӯ дар рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон бе ягон ибо гуфт, ки хунук хӯрдааст ва пас аз суолу ҷавоб бо ин кӯдак президент аз мақомот хост, кӯдаконро ба чунин чорабиниҳо ҷалб накунанд.

Ҷалби кӯдакону наврасон дар маросими истиқбол аз президенти кишвар зимни сафарҳои ӯ ба шаҳру ноҳияҳо, ки ба ҳукми анъана даромадааст, пайваста мавриди интиқоди доираҳои гуногуни ҷомеа қарор мегирад. Аммо бо вуҷуди ин сафи кӯдакону наврасон дар чунин маъракаҳо на кам, балки сол то сол бештар ва шеваи истиқбол аз президент ҳам бошаҳоматтар мешавад.

Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари созмони «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар сӯҳбат бо маҷаллаи «Ояндасоз»-и Радиои Озодӣ гуфт, истифода аз нерӯи кӯдакон дар чунин чорабиниҳо нақзи ҳуқуқи атфол дониста мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Ҷалолов, ғолибан барои ҷалби кӯдакон дар маросими истиқболи афроди воломақом ё пешвози президент як маблағи муайян барои сару либос ва хӯроки гарму таъмини наврасон бо мошин ҷудо мешавад. Аммо дар асл барои кӯдакони ба чунин маъракаҳо ҷалбшуда ин шароит фароҳам оварда намешавад. Тоҷиддин Ҷалолов афзуд, волидайн кӯдакро ба мактаб ва боғча ба хотири гирифтани таълим мебаранд, на барои пешвози афроди воломақом.

«Вале баъе мансабдорон аз ин сӯистифода мебаранд. Дар ҳоле ки президенти кишвар ҳам чанд бор дар мулоқотҳояш гуфта буд, ҷалби кӯдакон ба чунин маъракаҳо зарур нест. Фикр мекунам ин иқдоми худи роҳбарони маҳалҳост ва дар протоколи раҳбари давлат ҷалби кӯдакон пешбинӣ нашудааст,» - мегӯяд Тоҷиддин Ҷалолов.

Чунин шеваи омодагӣ ба пешвози раисиҷумҳур аксаран бо харҷи зиёд ва ҳафтаву моҳҳо ҷалб шудани кӯдакону наврасон сурат мегиранд. Наврасону ҷавононе, ки раисиҷумҳурро пешвоз мегиранд ва ё дар назди ӯ сухан ё шеър қироат мекунанд, тавассути озмун интихоб мешаванд ва онҳо, ба гуфтаи масъулон, бояд лаҳни буррову симои зебо дошта бошанд. Тавре ба мушоҳида мерасад, новобаста аз фасли сол одатан ин кӯдакон дар ҳавои кушод бо либоси сабуки идона ба пешвози раиси ҷумҳур ҳозир мешаванд.

Дар натиҷаи ин кӯдакон дар фасли гармо аз офтоби сӯзон азият мекашанду дар фасли сармо, мисли он кӯдаки фархорӣ, аз сардӣ.

Як намунаи барҷастаи ифрот дар истифодаи нирӯи кӯдак дар маросими истиқбол аз президент акси дастпарварони як боғчаи кӯдакон дар вилояти Суғд буд, ки кӯдакони хурдсол либоси оббозӣ дар тан дар дохили ҳавзи шиноварӣ то миён дар об ва дастҳо пеши бар мунтазир истода буданд, ки оё кай раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пеши онҳо мегузараду ба садоқаташон баҳо медиҳад?

Кӯдакони қурбони "мусобиқа"...?

Ба назар мерасад, ки ҳарчӣ бештар бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз гирифтани Эмомалӣ Раҳмон ба як навъ мусобиқа миёни роҳбарони шаҳру ноҳияҳо табдил меёбад. Ба ҳар шаҳру ноҳияе, ки президент сафар мекунад, роҳбарони он минтақа кӯшиш мекунанд президентро бо як хусусияти аз дигар ноҳияҳо фарқкунанда ва ҳатман «хубтар» пешвоз гиранд.

Ба таври мисол, барои пешвози раисиҷумҳур дар шаҳри Кӯлоб роҳбарияти ин шаҳр дар варзишгоҳи марказӣ "акси зинда"-и Эмомалӣ Раҳмонро бо истифода аз қувваи хонандагону донишҷӯён омода карданианд, ки ин ҳам як намунаи чунин «мусобиқа» аст.

Муҳибулло Қурбонов, муассиси маҷаллаи кӯдаконаи «Гул-гул» мегӯяд, ҷалбу омодасозии кӯдакон ба чунин вохӯриҳои сиёсӣ хуб нест. Чунки ба қавли ӯ ин аввалин вохӯрии онҳо бо дурӯғ аст, ки кӯдакон ҳарфи дили худро намегӯянд, балки онҳо аз қабл омода мешавнад. Оқои Қурбонов ин шеваи истиқболро як навъ шахсиятсозӣ меномад.

«Ман дар як чунин маросиме ширкат доштам ва бачаҳо гуфтанд, мо як моҳ аз дарс монда ба ин вохӯрӣ омода шудем ва дар офтоби гарм онҳо чандин соат меистоданд, то вазифаи худро иҷро кунанд. Бо ин раҳбарони ноҳияву шаҳрҳо нишон додан мехорҳанд, ки бубинед шуморо (президентро, РО) хурду бузург дӯст медоранд,» - гуфт Муҳибулло Қурбонов.

Аммо ба андешаи Муҳибулло Қурбонов ҷалби кӯдакон ба истиқболи президент ва ин шеваи пешвозгирӣ аз афроди воломақом падидаи нав нест ва дар замони шӯравӣ ҳам аз мансабдорон бо гулдаставу қарсакҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо ӯ меафзояд ҳоло танҳо дар кишварҳои худкома аз чунин шеваи истиқболи раҳбарон истифода мешавад.

Вай мегӯяд, «аслан президенте, ки тӯлони менишинад, шахспарастӣ ғолиб мешавад ва чунин пешвозгириҳо роиҷ мешаванд. Чаро ки кӯдакон, чун онҳо самимӣ ва сидқан сухан меронанд. Забони ширин, ҳаракатҳои ҷолиб доранд.»

Ҳамчунин дар сафарҳои охири Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар лаҳни пешвозгирандагон ибораву калимаҳои нав ба миён омада, ӯро "подшоҳи одил"-у "назаркардаи Худо", "сояи Худо" ва ҳатто "авлиё" мехонанд, ки ин ҳама аз "мева"-ҳои "мусобиқа"-и байни ҳокимони маҳаллӣ шумурда мешавад.

Барои ин ҳама пешвозгириҳо одатан роҳбарони ҳар шаҳру ноҳия муддатҳо кӯдакон, хусусан хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ҳатто шогирдони боғчаву кӯдакистонҳоро ҷалб мекунанд. Ин ки оё баъд аз ҳушдори ахири президент ҳам кӯдакон дар сафару маросими истиқболи ӯ ба ин ё он шаҳру навоҳӣ ҷалб мешаванд ё не, ҳанӯз маълум нест. Вале маълум аст, ки қаблан низ Эмомалӣ Раҳмон чанд дафъа ба "хоксоронатар" барпо кардани маросимҳои давлатӣ даъват карда буд, вале ин даъватҳо баъди андак муддате фаромӯш мешуд ва сабқати "кӣ президентро хубтар пешвоз мегирад?" байни ҳокимони маҳаллӣ аз нав авҷ мегирифт.

Барои мисол, Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2006 ба мақомот амр дода буд, ки дигар аксҳояшро дар кӯчаву роҳравҳо ва дигар ҷойҳо нагузоранд. Як муддат аксҳои Эмомалӣ Раҳмон аз кӯчаҳо дар ҳақиқат "ғайб" заданд. Вале дере нагузашта аксҳову овезаҳои аз пештара хеле бузургтар бо иқтибосҳо аз суханрониҳои президент дар сари ҳар кӯчаву паскӯча аз нав пайдо шуд.

Ҷалби хонандагон ба пешвози президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG