Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи президент раиси андози Хатлон шуд


Намое аз Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон

Сироҷ Гулмуродов, хоҳарзодаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси нозироти андози вилояти Хатлон таъин шудааст.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, Сироҷ Гулмуродов, писари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ахиран дар мақоми раҳбари идораи андози вилояти Хатлон Саидислом Амировро иваз кард. Сироҷ Гулмуродов то расидан ба мақоми раиси нозироти андози бузургтарин вилояти Тоҷикистон раҳбарии нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Румиро бар ӯҳда дошт ва чанд муддати ахир дар мақоми муовини раиси идораи андози вилоят кор мекард.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Саидислом Амиров, зодаи минтақаи Даҳанаи Кӯлоб, баъд тарки мақоми раиси нозироти андози вилояти Хатлон ба Душанбе, дар дафтари марказии Кумитаи андоз муовини раиси бахши аудити дохилии ин кумита таъин шудааст. Раҳбарии бахши аудити дохилии Кумитаи андозро зимнан Ашраф Гулов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писари вазири собиқи энергетика ва саноат Шералӣ Гул бар ӯҳда дорад.

Ашраф Гулов
Ашраф Гулов
Сироҷ Гулмуродов дар ҳоле ба симати раиси идораи андози вилояти Хатлон нишаст, ки ин бузургтарин вилояти Тоҷикистон дар солҳои охир ба рукуди иқтисодӣ рӯбарӯ шуда, амалан ба як вилояти дотатсионӣ табдил меёбад. Аз як тараф, кандани роҳи оҳани Тирмиз – Шаҳритӯс аз сӯи мақомоти Узбакистон, ки ҷануби Тоҷикистонро аз ягона масири иртиботаш бо бозорҳои берун аз тариқи роҳи оҳан маҳрум кард, аз тарафи дигар, дар дасти нафарони наздик ба клани ҳоким мунсаҷим шудани тиҷоратҳои асосӣ дар ин вилоят боис шуда, ки саҳми вилояти Хатлон дар пур кардани буҷаи давлатӣ хеле ночиз шудааст.

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, шояд Сироҷ Гулмуродов, ки низ намояндаи хонаводаи ҳоким аст, битавонад бо истифода аз нуфузаш соҳибкорони “худӣ”-ро, ки мансабдорони ба “Хонавода” бегонаро писанд намекарданд, ба пардохта ҳадди ақал як қисми андозҳо мутақоид созад. Се моҳ пеш, вақте додарзодаи президент Амирулло Холов шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуд, нозирони маҳаллӣ низ ҳаминро далел меоварданд, ки ғайри ягон нафари наздик ба президент дигар гапи ягон кас ба онҳое, ки маркази вилояти Хатлонро зери по кардаанд, намегузарад.

Амируллоҳ Холов
Амируллоҳ Холов
Интисоби Сироҷ Гулмуродов ба як вазифаи боз ҳам баландтари давлатӣ дар Хатлон дар ҳолест, ки масъалаи ҳузури афзояндаи хешу табори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мақомҳои давлатӣ ва дар тиҷоратҳои “равғанӣ” ба як мояи асосии интиқодҳо аз сиёсати давраи инак чоруми раёсати ӯ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992, инак соли 22-юм аст, ки ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, баъди пирӯзиаш дар интихоботи мояи ноябр ва тамдиди замони раҳбариаш то дастикам соли 2020 чанде аз хешу таборҳояшро аз мақомҳои баланд ҷавоб дод. Аз ҷумла зимни интихоби кобинаи нави вазирон қудоҳояш Шералӣ Гул ва Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аз симатҳои вазири энергетикаву саноат ва раиси ширкати роҳи оҳан ва ҳам тағояш Матлубхон Давлатов аз мақоми муовини аввали сарвазир ба нафақа рафтанд.

Аммо ба ҷои онҳо боз як силсила аз наздикони раисиҷумҳур ба мақомҳои баланди давлатӣ нишастанд. Аз ҷумла ба ҷои Матлубхон Давлатов хеши наздики ӯ Давлаталӣ Саидов муовини аввали сарвазир шуд ва Рустами Эмомалӣ, писари ҳамагӣ 26-солаи Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми муҳими раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон расид ва сазовори унвони генералӣ ҳам шуд. Ҳамин тавр, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, бародарзодаи президент моҳи ноябр аз симати фармондеҳи Горди миллӣ ба мақоми боз ҳам баландтари фармонедҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон нишаст.

Э.Раҳмон ба домодаш Ҷ.Нуралиев орден дод. Акс аз сентябри соли 2013
Э.Раҳмон ба домодаш Ҷ.Нуралиев орден дод. Акс аз сентябри соли 2013
Эмомалӣ Раҳмон 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба истиснои писари хурдии 16-солааш Сомон дигар ҳамааш хонадор шудаанд. Духтари калонии перезидент Озода Раҳмонова муовини вазири хориҷа ва шавҳари ӯ Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молияанд.

Домоди дигари президент Муҳаммадзоир Соҳибов то 2 соли пеш раиси Оҷонсии амволи махсус ва харидҳои давлатӣ буд ва ҳоло аз нафарони пештоз дар майдони тиҷорати кишвар ба шумор меояд. Бародари Муҳаммадзоҳир - Зайнулло Соҳибов - 4 моҳ пеш раҳбари "Сементи Тоҷик", бузургтарин корхонаи саноатии шаҳри Душанбе таъин шуд.

Исми домоди дигари презиент Шамсулло Соҳибов, ки ӯ ҳам бародарзодаи Муҳаммадзоҳир Соҳибов аст, дар робита ба “Фароз” ва “Тоҷирон” – ду ширкати пешгом дар бозори фурӯши маводи сӯхт - ва “Автосантал”, як ширкати раддаи аввал дар бозори мактабҳои ронандагии Тоҷикистон вирди забонҳо шудааст. Соҳибкори фирорӣ ва раҳбари Гурӯҳи 24 Умаралӣ Қуввватов иддао дорад, ки тиҷоратҳои ӯ дар Тоҷикистонро маҳз Шамсуллоҳ Соҳибов “ғасб” кардааст.

Парвози Зарифи Шарифбек, домоди дигари президент дар осмони тиҷорат ва ба мақомҳои баланди давлдатӣ низ иттифоқан баъди издивоҷаш ба Таҳмина Раҳмонова оғоз ёфт ва ҳоло ӯ яке аз соҳибкорони пештози кишвар шудаву, ба навиштаи хабаргузории “Тоҷнюс”, додараш Шерзоди Шарифбек ахиран ба сохтани бинои баландошёнае дар маркази Душанбе оғоз кардааст.

Ҳамин тавр, Ҳасани Асадуллоҳзода, додарарӯси президент раиси "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки тиҷории Тоҷикистон буда, як додарарӯси дигари оқои Раҳмон - Амонуллоҳ Саъдуллоев - соли гузашта раиси бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи Тоҷик" ва додарарӯси дигараш Амирулло Холов, тавре гуфтем, дар моҳи феврал шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуданд.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ
Сироҷ Гулмуродов низ мисли Ашраф Гулов, Рустами Эмомалӣ ва Давлаталӣ Саидов аз намояндагони насли нави “Хонавода”-и Эмомалӣ Раҳмонанд, ки дар ин давраи раёсати ӯ батадриҷ намояндагони насли пешинро аз мақомҳои баланди давлатӣ танг мекунанд.

Мунтақидони давлат аммо мегӯянд, ки оқои Раҳмон ҳатто ҳамин тамоюли ба сари худ мусбати ҷавонсозии кадрҳои ҳукуматашро рангу оҳанги хешутаборбозӣ додааст, ки ба фоидаи ӯву давлаташ нест. Дар ҳар сурат, мегӯянд мунтақидҳо, равиши ҳодисот, аз ҷумла чанд мурофиаи додгоҳӣ бо ҳузури наздикони президент, аз ҷумла даъвои моликони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс алайҳи Муҳибулло Холов – додарарӯси президент, нишон медиҳад, ки хешутаборбозӣ дар ниҳояти амр бо обрӯи худи президент бозӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (74)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG