Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Суғд: Калбаев ва Набиевҳо мушкили муомилоти пулӣ доштанд ВИДЕО


Яке аз аксҳои Калбаев, ки баъди гаравгонгирӣ ба хешовандонаш фиристода шудааст

Раёсати корҳои дохилии Суғд мегӯяд, қазияи гаравгонгирии як шаҳрванди Қирғизистон дар ҳодисаҳои моҳи пеш дар Хуҷанд баҳсҳои пулии байни ӯву ду шаҳрванди Тоҷикистон сабаб шудааст. Мақомоти полиси Суғд мегӯянд, ки таҳқиқи қазияи гаравгонгирии Ақҷол Калбаеви қирғиз аз ҷониби падару писари тоҷик Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо, ки моҳи декабри соли 2016 иттифоқ уфтод, идома дорад. Ба гуфтаи полис, дар соли гузашта ду ҳодисаи гаравгонгирии шаҳрвандон сабт шудааст.

Шариф Назарзода, сардори раёсати корҳои дохилии Суғд дар шарҳи ҳодисаи гаравгонгирии як шаҳрванди Қирғизистон Ақҷол Калбаев, ки дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 2016 рух дод, падару писар Набиевҳо гумонбар дониста мешаванд. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 25 декабр дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо Калбоевро ба хотири аз ӯ рӯёнидани қарзаш гаравгон гирифтаанд. Полиси калони Суғд таъкид кард, ки ин гаравгонгирӣ ва талаби бозгардони пул "на ба хотири бо роҳи шиканҷаву тарс додан" анҷом гирифтааст, чун ин афрод қаблан бо ҳам муомилаҳо ва додуситадҳои пуливу молӣ доштаанд.

Полиси Суғд: Калбаев ва Набиевҳо мушкили муомилоти пулӣ доштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Ҳадафи гаравгонгирҳо "шиканҷа набуд"?

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқи пешакӣ нишон додааст, ки замоне Калбаев ба Хуҷанд омад, Набиевҳо ӯро боздошта талаб кардаанд, ки маблағҳои қарзашро баргардонад, сипас раҳояш хоҳанд кард. “Мақомоти вилояти Бодканд ба мо муроҷиат карданд ва амалиёти ошкор ва дастгир кардани ӯ (Ақҷол Калбаев) аз тарафи кормандони Кумитаи амнияти миллӣ сурат гирифт”, - афзуд ӯ. Ба иттилои раёсати корҳои дохилии Суғд, ҳоло мақомоти Кумитаи амният алайҳи падару писар Набиҷон ва Ҳаким Набиевҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишро идома медиҳанд.

Калбаев дар бистари беморӣ
Калбаев дар бистари беморӣ

​Шариф Назарзода, сардори раёсати корҳои дохилии Суғд гуфт, ин гуна гаравгонгирӣ ба хотири рӯёнидани қарз қаблан дар ноҳияи Деваштич низ рух дода, шахси гаравгонро аз дасти гаравгонгир мақомоти пулис раҳо карда буданд.

Моддаи шиканҷа яке аз се моддаи марбут ба ин қазия

Манобеи радиои Озодӣ рӯзи 5 январ дар бораи боздошт шудани Набиевҳо хабар дода гуфтанд, ки парванда аз рӯи моддаҳои “ситонидани пул”, “ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ” ва “шиканҷа” хабар доданд.

Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон он замон гуфт, ки амалиёти раҳосозии гаравгонро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба роҳ монда баъди озод кардани шаҳрванд Калбаев рӯзи 30 декабр ӯро ба Қирғизистон фиристоданд.

"Бо Набиев дӯсти хонаводагӣ будем"

Худи Ақҷол Калбаев баъди бозгашташ дар бемористони шаҳри Ӯш муолиҷа гирифт. Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ, ки бо ӯ рӯзи 5 январ дар бемористон мулоқот кард, тафсилоти моҷароро суол кард. Сӯҳбат суолҳои зиёдро беҷавоб боқӣ гузошт ва ҳам санҷидани дурустии ҳамаи гуфтаҳои Калбаев феълан имкон надорад. Гумонбарони аслии ин ҳодиса дар боздошт ҳастанд ва мавқеи онҳо барои матубот мушаххас нест.

Дар ин сӯҳбаташ Ақҷол Калбаев худро як соҳибкор муаррифӣ кардааст, ки панҷ соли пеш дар заминаи ширкати “Голд тур транс” бо Набӣ Набиев ҳамкор ва дӯст шуд. Ба гуфтааш, ҳамкории онҳо тадриҷан ба дӯстии хонаводагӣ ҳам табдил шуд. Вале дар ҳодисаи рӯзи 14 декабри соли 2016, ба иддаои ӯ, муносибатҳо ранги дигар гирифт. Ба иддаои ӯ,

Калбаев бо ҳадафи фурӯши мошини “Ҳаммер” ба Набиевҳо аз Ӯш ба Хуҷанд рафт, арзиши мошин 16 ҳазор доллар будааст. Баъди санҷиши ҳолати техникии мошин гӯё ӯро ба манзиле дар шаҳри Хуҷанд барои “гирифтани тӯҳфае” бурданд ва як шамшерро нишон доданд, ки бояд ба Ӯш онро ба ҳайси савғо бубарад. Вале дар лаҳзаи тамошои шамшер, ба иддаои ӯ, писари Набиев гӯё аз пушти сараш зарба зада ӯро беҳуш ва баъдан гаравгон кард.

Шиканҷа ва талаби 23 ҳазор доллар

Ба иддаои ӯ, давоми рӯзҳои 14 то 18 декабр ӯ бо дасту пои баста ва бо тани урён мавриди латукӯбу шиканҷа қарор гирифт ва гаравгонгирҳо аз ӯву хешовандонаш пардохти 23 ҳазор долларро талаб кардаанд. Барои гирифтани пул аз хешовандон, аксу видеоҳои ҳолати шиканҷашудаи Калбаевро ба Ӯш фиристоданд.

Ба иддаои ӯ, бародараш рӯзе баъд аз Ӯш 3000 доллар маблағро ба гаравгонгирҳо фиристод ва мебоист рӯзи 23 декабр қисми боқимондаи пул – 20 ҳазор долларро медод. Вале дар ин байн гӯё марди тоҷики дигаре бо номи Фарҳод, ки аз қазия огоҳ буд, мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистонро огоҳ кард ва рӯзи 24 декабр Калбаев аз дасти гаравгонгирҳо озод карда шуд.

Суолҳои беҷавоб

Ба саволи радиои Озодӣ дар бораи заминаҳои моҷаро ва сабаби ба ҳолати шантажу гаравгонгирӣ расидани муносибатҳо, Калбаев посухи мушаххас надод ва танҳо ишора кард, ки гап сари баҳсҳои тиҷоративу пулии байни ӯву як шаҳрванди дигари Қирғизистон ва ҳамкорони тоҷикашон буд. Дар сӯҳбат бо Озодӣ Калбаев инчунин овозаҳо дар бораи эҳтимоли робита доштани худи ӯ ба гурӯҳҳои ҷиноиро рад карда худро як соҳибкор номид.

Ҷениш Ашӯрбоев, сухангӯи раёсати умури дохилаи вилояти Ӯш дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки агар хешовандони Калбаев дар бораи ин ҳодиса сари вақт огоҳ мекарданд, раҳоии ин гаравгон пештар сурат мегирифт.

Гаравгону гаравгонгир - ҳамкорони собиқ буданд

Акси Калбаев бо осори шадиди шиканҷа ва дар ҳолати даступобаста нахуст дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Шарофиддин Гадоев, яке аз фаъолони мухолифони тоҷик дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Набиев ва Калбаев дар солҳои 2012-ум дар шаҳри Ӯш дар ширкати марбут ба ин соҳибкори собиқ - "Голд тур транс" кор мекарданд. Ин ширкат машғули интиқоли молу коло ба Афғонистону Чин буд ва ҳамон сол раҳбарии намояндагии корхонаро дар Ӯш ба ӯҳда дошт. Шиносоии ин ду нафар аз он замон маншаъ мегирад. "Голд тур транс" он солҳо бахше аз ширкатҳои ҳамкори "Фароз" ва "Тоҷирон" буд, ки марбут ба соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов будааст.

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Вале дар намояндагии ширкати "Фароз" дар Душанбе ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки нафаре бо исми Набиҷон Набиев дар ин корхона кор намекунад ва солҳои охир ҳам дар феҳрасти коргарони ин идора чунин исме вуҷуд надорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Набиев ба ҳайси як ҳуқуқшиносе ном мебаранд, ки дар гузашта дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор карда баъдан бо ширкати тиҷоратӣ аз рӯи ихтисосаш кор кардааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG