Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Ҳукумати Тоҷикистон дигарандешонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад. ВИДЕО, САДО


Дар акс: Ҳизбулло Шовализода, Умаралӣ Қувватов ва Мақсуд Иброҳимов
Дар акс: Ҳизбулло Шовализода, Умаралӣ Қувватов ва Мақсуд Иброҳимов

Созмони байналмилалии Freedom House ё Хонаи Озодӣ мегӯяд, дар қаламрави АвруОсиё шаҳрвандони Тоҷикистон бо "бузургтарин мавҷи саркӯбҳо рӯ ба рӯ ҳастанд" ва "ҳукумат қудратро дар дохил тақвият дода, мухолифонро дар хориҷа ҳадаф қарор медиҳад".

Ин нукта дар гузориши "Дур аз чашм, вале дур аз дастрасӣ нест" нашр шудааст. Гузоришро рӯзи 4-уми феврал дар Амрико муаррифӣ карданд.

Муҳаққиқони Freedom House ҳисоб кардаанд, ки баъд аз соли 2014 "аз 129 ҳодисаи сабтшуда дар минтақаи АвруОсиё 38 ҳолат марбут ба Тоҷикистон аст ва ин баёнгари боздоштҳои васеъмиқёс, ихроҷи ғайриқонунӣ, таслимкунӣ, ҳамла, нопадидшавиҳои бе шарҳ ва як ҳолати куштор мебошад". Ҳамчун мисол аз қазияҳои Ҳизбулло Шовализода, Мақсуд Иброҳимов ва Умаралӣ Қувватов намуна овардаанд.

Намояндагони давлат бо чунин арзёбиҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, дар Тоҷикистон "ҳеч касро ғайриқонунӣ" ҷазо намедиҳанд.

Беш аз 600 ҳолат дар ҷаҳон

Гузориш, ки вазъи таъқибу боздоштҳои мунтақидонро дар тамоми ҷаҳон омӯхтааст, мегӯяд, дар аз соли 2014 то 2020 дар 79 кишвар 608 мавриди ҳамлаву таъқиби шаҳрвандони хориҷӣ ва ё паноҳандаҳо сабт шудааст.

Русияву Эрон кишварҳои худкомаи азимтаринанд, ки таъқиби шаҳрвандонро дар хориҷа ба роҳ мондаанд. Freedom House мегӯяд, ҳукумати Русия “аз шеваи бисёр хашин”-и таъқибҳои фаромарзӣ кор гирифта, аз 26 ҳолати куштор ва ё суиқасд ба куштори шаҳрвандон дар хориҷа 7 маврид марбут ба Русия мебошад.

Режими Эрон дар 5 куштор ва ё суиқасд ба куштор дар хориҷа даст дорад. Покистону Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар миёни кишварҳое зикр мешаванд, ки шеваи ҳамла, боздошт ва ихроҷи ғайриқонуниро ба кор мебаранд. Freedom House мегӯяд, фаъолони ҳуқуқи башар, дигарандешон ва ҳам оилаҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар бо хушунат ва азияту озор рӯ ба рӯ ҳастанд.

Тоҷикистонро барои саркӯби мухолифин танқид карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:34 0:00
Линки мустақим

Бино бар гузориш, давоми шаш соли гузашта ҳолатҳои суиқасд ба ҷони паноҳандаҳо аз Чеченистон, Узбекистон ва Тоҷикистон, ихроҷи паноҳандаҳо ба Озарбойҷон ва Тоҷикистон аз хоки Туркия сабт шудааст. Бо дархости Туркманистон ва Тоҷикистон, ба навиштаи муаллифони гузориш, шаҳрвандони ин кишварҳо дар хориҷа дастгир шудаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Freedom House: Ҳукумати Тоҷикистон дигарандешонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Қазияи Шовализода

Ҳизбулло Шовализода
Ҳизбулло Шовализода

“Як фаъоли мухолифини тоҷик дар Австрия дархости паноҳандагӣ дод, вале бар асоси дархости ҳукумати Тоҷикистон ихроҷ шуд. Вақте баргашт, шиканҷа ва ҳабс шуд." Ин яке аз саргузаштҳои пурсарусадо дар соли 2020 аст, ки дар борааш матбуоту мухолифон ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ навиштанд.

Ҳизбулло Шовализодаи 30-сола, ки хост дар Австрия ҳаққи паноҳандагӣ гирад, аз мақомоти ин кишвар посухи рад гирифт ва моҳи марти соли гузашта ин кишвари аврупоӣ дархости ҳукумати Тоҷикистонро барои истирдоди ӯ қонеъ намуд. Шовализодаро моҳи июн бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва узвият дар ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ки ба қавли раҳбарияти ин ҳизб асос надорад, ба 20 соли зиндон маҳкум карданд.

Танҳо моҳи июли соли гузашта Додгоҳи федеролии Австрия ихроҷи паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе "ғайриқонунӣ" дониста, ба барқарор кардани ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ ҳукм баровард. Дар вокуниш ба ин ҳукм додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфт, ин "кори дохилии онҳо" аст ва дар Тоҷикистон амал намекунад.

Беш аз 2 ҳазор дархости боздошт аз Интерпол

Эдвард Лемон, профессори донишгоҳи A&M дар Техас, ки барои таҳияи гузориши Freedom House мусоидат кардааст, мегӯяд:

Эдвард Лемон
Эдвард Лемон

"Бо назардошти ин ки Тоҷикистон кишвари хурд аст, аз назари саркӯбу фишор дар ҷаҳон барҷаста ба шумор меравад. Кишвар шаҳрвандонро дар берун аз хоки худ ҳадаф қарор медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари саркӯби мухолифон дар дохили кишвар, мисли манъ кардани Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24", инчунин, саркӯби журналистони мустақил, донишмандон ва фаъолони ҳуқуқи башар, бисёриҳо маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Бо вуҷуди тарки кишвар, онҳо аз дастрасии режими Эмомалӣ Раҳмон эмин нестанд."

Ӯ мегӯяд, ин афрод бо хатари озору латукӯб, ҳабс, одамрабоӣ ва интиқол ба ватан мувоҷеҳ ҳастанд ва ҳодисаи барҷастатаринаш – сарнавишти Умаралӣ Қувватов мебошад. Соҳибкори норозӣ, ки созмони сиёсии "Гурӯҳи 24"-ро таъсис дода, ҳукумат ва афроди наздик ба хонаводи президент Раҳмонро интиқод мекард, моҳи марти соли 2015 дар як хиёбони шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд.

Чанд соли охир дар ҷаҳон мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ авҷ гирифтааст ва кишварҳои худкомае ба мисли Тоҷикистон аз ин вазъият бештар суистифода мекунанд.
Зафари Сӯфӣ

Тафтишоти Туркия собит кард, ки ин мунтақиди ҳукумат ва оилааш нахуст заҳролуд шуда, баъдан ба қатл расидааст ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро бо иттиҳоми анҷоми ин сӯиқасд ба ҳабси абад маҳкум кард.

Лемон мегӯяд, миқёс ё домани таъқибҳои мунтақидону дигарандешони ҳукумати Тоҷикистон хеле калон аст: “Як нуктаи дигар. Ду сол пеш Тоҷикистон тахминан 2500 дархости боздошт аз Интерполро содир кард, ки аз назари ҳисоб ба ҳар сари аҳолӣ суистифодаи калонтарин аз ин низом ба шумор меравад. Бо ин ки як қисми азими онҳо бо гумони ширкат дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ба ин феҳрист ворид шуданд, дигарон ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсиашон ба ин рӯйхат ворид шуданд”.

Дар бораи таъқиби мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа созмони Human Rights Watch ҳам моҳи январи имсол дар мисоли фаъоли "Гурӯҳи 24" дар Русия Хурсанд Наҷмиддинов ва ҷонибдори ҳамин гуруҳ Ҷамшед Шарипов ва ҳам латукӯби фаъоли дигари мухолифон Илҳомҷон Ёқубов аз ҷониби ду ҳамлагар дар Литва ёдовар шудааст.

“Комилан хато аст”

Дар нишасти охири матбуотии додситони кулли Тоҷикистон ба таври мустақим ба ин мавзуъ муроҷиат нашуд, вале таъкид шуд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар дохили кишвар, ба қавли Юсуф Раҳмон, 10 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои “иғвогарон дар хориҷа” дастгир кардаанд. Додситони кул ҳарчанд мушаххасан аз созмон ё гурӯҳе ном набурд, афроди огоҳ гуфтанд, ки эҳтимол манзури ӯ мухолифон дар хориҷа ҳастанд.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон таъкид кард, ки "дар оянда низ касе, ки ба манфиати хоинони миллат кор мекунад ва ба зидди манфиати мардуми Тоҷикистон фаъолият мебарад, онҳоро ошкор карда, ҳатман ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашем."

Абдураҳмон Хонов, яке аз масъулони Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва собиқ вакили порлумони Тоҷикистон, дар вокуниш ба гузориши Freedom House гуфт, нашунидааст, ки дар Тоҷикистон “ягон шахс бегуноҳ муҷозот шуда бошад”.

Ӯ афзуд: “Ҳизби наҳзат имрӯз даъво мекунад, ки “ҳизби моро бастанду мо аз кишвар фирор кардем”. Фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар чаҳорчӯби қонунҳои амалкунанда бошад, ягон кас монеи фаъолияти онҳо намешуд. Фикр мекунам, ин даъвоҳо хато аст. Баъзан ҳамин хел мешавад, ки созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар мисоли ин ё он кишвар баҳогузории нодуруст мекунанд. Мо инро бояд рӯирост гӯем, чунки муносибати баъзе кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ духӯра аст. Ин чиз комилан хато аст.”

Абдураҳмон Хонов
Абдураҳмон Хонов

Абдураҳмон Хонов гуфт, дар Тоҷикистон “тамоми меъёрҳои демократӣ ба монанди озодии сухан ва дигарон” пурра риоя мешаванд.

“Паноҳҷӯён дар Аврупо ҳам эҳсоси амн надоранд”

Адиб ва рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, Зафари Сӯфӣ, мегӯяд, бо сабаби таъқибу фишор бисёре аз паноҳҷӯёни тоҷик “эҳсоси амният надоранд”. Ба андешаи ӯ, Тоҷикистон “кишвари мавриди манфиатҳои геополитикии қудратҳо нест” ва, аз ин рӯ, дар сохтору ташаккулҳои тасмимгирандаи байналмилалӣ ва ҳомии ҳуқуқ иттилои ҳамаҷонибаву комил дар бораи ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон вуҷуд надорад.

Ӯ мегӯяд: “Гузашта аз ин, чанд соли охир дар ҷаҳон мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ авҷ гирифтааст, кишварҳои худкомае ба мисли Тоҷикистон аз ин вазъият бештар суистифода мекунанд. Ва ҳамаи мунтақидону мухолифону дигарандешонро дар сафи ифротиҳову террористон қарор медиҳанд ва номанигорӣ мекунанд аз тариқи каналҳои дипломатӣ ва полиси байналмилал, мисли Интерпол”.

Зафари Сӯфӣ
Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ афзуд, фишороварии дохилӣ болои хешовандони паноҳҷӯён фишорро болои онҳо дар хориҷа бештар мекунад, аз ин хотир, ба андешаи ӯ, хеле муҳим аст, ки сохторҳое ба мисли Интерпол ба гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар ин замина ҷиддӣ муносибат бикунанд.

Гузориши вижаи Freedom House дар бораи таъқибу ҳадаф қарор додани мунаққидони ҳукуматҳо дар хориҷ аз ватанашон таҳқиқоти камназир аст, ки махсус дар ин мавзуъ анҷом мешавад. Дар гузашта гузоришу таҳқиқоти ҷудогона дар ин мавзуъ аз ҷониби муҳаққиқони Human Rights Watch, Amnesty International ва созмонҳои дигар анҷом шудаанд.

XS
SM
MD
LG